Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » 30 соли зафароини ҷавонон ва варзиш


30 соли зафароини ҷавонон ва варзиш



Ҷавонон қувваи бузург, пешбарандаи сиёсати давлат, тарғибгари фарҳангу тамаддун, парчамбардор ва номбардори давлату миллатанд. Мӯҷиби хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯз ҷавонон яке аз пешбарандагони рукнҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишварамон ба ҳисоб рафта, дар пешрафти ҳама гуна соҳаҳои кишвар саҳми боарзиш мегузоранд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат такя ба ҷавонони бонангу номус карда, то инҷониб иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи ҷавонон дастгирӣ карда, истодааст.


Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
 
НАХУСТИН ИҚДОМҲО ДАР САМТИ ҶАВОНОН
 
Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон ва роҳи ташаккули онҳо қабул гардидани санадҳои муҳими давлатӣ буда, самтҳои фаъолияти онҳоро дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян ва танзим менамояд.
 
Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” ва таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки Ҳукумат дар самти амалигардонии сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими худ медонад.
 
Сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мақоми хоссаи худро касб намудаст.
 
Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба насли наврасу ҷавон беназир буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳсил, истироҳат ва донишандӯзии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати зеҳниву ақлонии онҳо бо истифода аз усулҳои тараққикардаи ҷаҳони муосир ҳамасола тадбирҳои самарабахш андешида мешавад.
 
ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОН ДАР САМТИ МАОРИФ
 
Барандагони стипендияи президентӣ дар вилоят сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Агар дар соли аввали таъсиси стипендия солона 108 нафар ҷавонони вилоят шарафёб ба ин имтиёз мешуданд, ин шумора ҳоло ба 143 нафар (аз ҷумла 70 духтар) расида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи чумҳурӣ ин стипендия аз 400 ба 3000 нафар расонда шуд. Ба ҷавонони вилояти Хатлон 1200 квотаи стипендия ҷудо гардидааст, ки нисбат ба солҳои пеш зиёдтар мебошад.
 
Гирандагони стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 5 нафар, гирандагони стипендияи раиси вилоят дар соли аввали таъсисаш агар 35 нафарро ташкил дода бошад, ин шумора ҳоло ба 130 нафар расидааст. Дар солҳои таҳсили 2019-2020 458 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 27 нафар ҷавон аз ҷониби сарпарастон ба дигар стипендияҳо таъмин шудаанд, ки назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд маротиба зиёд мебошад. Аз соли 1997 то инҷониб наздик ба 9243 нафар (аз ҷумла 5528 нафар духтар ва 3715 нафар писар) ҷавонони вилояти Хатлон дар баробари дигар ҷавонони кишвар тибқи Квотаи Президентӣ дар 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳсили илм намуда, аз ин шумора 5690 нафарашон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сиёсати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.
 
Соли 2016 дар вилояти Хатлон Шӯрои олимони ҷавон таъсис ёфт, ки мақсади он беҳар намудани таркиби синнусолии кормандони илмӣ, фаъол ва ҷалб намудани ҷавонони болаёқат ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссагузории онҳо дар тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
 
Дар давраи солҳои 1996-2020 ҷиҳати амалигардонии имтиёзҳои муқарраргардидаи омӯзгорони ҷавон ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон, алалхусус, омўзгорони дар деҳот фаъолиятдошта, дар маҷмӯъ, ба 2862 нафар қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ба 152 нафар қитъаи замин барои полезкориву боғдорӣ ва ба 603 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзноки бонкӣ дода шудааст. 
 
Ҷавонони машғули таҳсил дар вилояти Хатлон 339 ҳазору 972 нафар буда, шумораи донишҷӯёни дар муассисаҳои таълимии давлатии хориҷи кишвар таҳсилкунандаи соли 2019-2020 2460 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ду соли қаблӣ 978 нафар зиёд мебошад.
 
Ин рақам исботи он аст, ки ҷавонон дар роҳи ҷустуҷӯйи илму маърифат, тараққиёти давлат ва дар амал татбиқшавии сиёсати Ҳукумат бетараф набуда, саъйу талош меварзанд, то дар рушд ва ободонии диёри хеш саҳмгузор бошанд.
 
“КИШВАРАМОН ДАР 30 СОЛ РОҲИ 100-СОЛАРО УБУР КАРД”
 
-Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии худ роҳи садсоларо убур кард. Бахусус, аҳамияти нақшаи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди босуръати мамлакат басо калон мебошад. Дар ин давра аз ҳама дастоварди бузург рушди бомароми сохтмони иншооти соҳа аст, ки то инҷониб дар кишвар, бахусус, дар вилояти Хатлон садҳо биноҳои варзишӣ ва майдончаҳои футбол мавриди истифодаи варзишагарон қарор гирифааст. Дар баробари ҳамаи ин, дастовардҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш низ назаррас мебошад. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 адад марказҳои фарҳангии ҷавонон дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритус, Ховалинг, Темурмалик, Н.Хусрав, Данғара, Балҷувон, Дӯстӣ, Фархор ва шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар фаъолият доранд. То соли 2000-ум дар сатҳи вилоят ягон адад маркази ҷавонон вуҷуд надошт. Аз соли зикргардида то соли 2013 дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 адад маркази фарҳангӣ фаъолият менамуданд, ки дар солҳои баъдӣ 7 адади дигар афзоиш ёфтаанд,-гуфт дар суҳбат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода.
 
Ба иттилои мудири шуъбаи ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Аловуддин Амирзода, шумораи ҷавонон дар ҳайати роҳбарикунанда дар сатҳи вилоят 721 нафар мебошад, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Шумораи ҷавонон дар ҳайати Маҷлиси вакилони ҳалқии шаҳру ноҳияҳои вилоят 203 нафар мебошад. Ҳамчунин, ин шумора дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят 619 нафарро ташкил дода, нисбат ба 5 соли пеш 136 нафар афзудааст.
 
Бояд зикр намуд, ки нақши ҷавонон дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар низ зиёд буда, беш аз 3 ҳазор нафар маълумоти энергетикӣ гирифта, 700 нафар ба сохтмони Неругоҳи барқии  обии Роғун сафарбар шуданд.
 
ВАРЗИШГАРОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТАНД
 
Агар дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 адад варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб афзуда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 35, майдончаҳои варзишӣ 3101, толорҳои варзишӣ 545, ҳавзҳои шиноварӣ 35, маҷмааи варзишӣ 8, мактабҳои варзишӣ 34 ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 226 адад расидааст. Агар шумораи умумии мураббиён дар соли 1991 354 нафар бошад, имрӯз ин теъдод ба 651 нафар, шумораи варзишгарон аз 8086 ба 17 ҳазору 485 нафар расидааст.
 
Тибқи таҳлилҳо, маблағгузории соҳаи варзиш танҳо дар 10 соли қаблӣ, аз соли 2010 то соли 2020 6 баробар афзоиш ёфта, қабули “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Барномаи рушди футбол” дар ду марҳила барои пешрафти кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид. 
 
-Соҳаи варзиши тоҷик дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як суръати бисёр ҳам баланд рушд намуд. Маҳз Истиқлоли давлатӣ барои оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлоли кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ давлатамонро байни дигар кишварҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд,-мегӯяд варзишгари маъруф Набимуҳаммад Хоркашиён, директори Мактаби варзишии шаҳри Бохтар. -Дар давраи пеш аз Истиқлолияти давлатӣ варзишгарони мо имкони хуби дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданро надоштанд. Зеро онҳоро зарур буд, ки барои иштирок ва роҳхат пайдо намудан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони 15 давлати Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб намоянд.
 
Дар баробари ин, барои сафарбар намудани варзишгарон ноадолатиҳо низ ба назар мерасид. Ин тарзи коргузорӣ рӯҳияи варзишгарони тоҷикро ба як навъе шикаста буд. Онҳо имкони муаррифии худ ва давлатро кам доштанд. Истиқлоли давлатӣ ба даст овардан, имкони асосии рушди варзиш ва кашфи чеҳраҳои нав дар кишвар шуд. Акнун варзишгарони тоҷикро лозим аст, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ танҳо дар мусобиқаи чумҳуриявӣ ғолиб гардида, роҳхат ба бозиҳои байналмилалиро ба даст оранд.
 
Барои дастгирӣ ва ҳавасманд кардани варзишгарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод, ки то имрӯз қариб 200 варзишгари ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардиданд. 
 
Ин иқдом баъд аз ин ҳам ба рушду пешрафти  соҳаи варзиш, оммавигардонии он, тарзи ташаккули ҳаёти солим, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохторҳои замонавӣ бо шароити пешрафтаи мусоидат хоҳад кард.
 
Ҳукумати кишвар дар ҳама гуна вазъият такя ба ҷавонони боилму маърифат карда, дар роҳи расидан ба музаффариятҳо аз имконоти мавҷудаи асри муосир истифода мекунад. Дар баробари ин ҳама комёбиҳо ва муваффақиятҳои зикргардида, яке аз дастовардҳои нодир ва воқеаи таърихӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш эълон шудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин иқдоми наҷибу самарабахш ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва созандагию суботкории ҷавонони кишварро боз ҳам боло бурд. Дар ҳоле, ки соҳаи ҷавонон ва варзиш дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ба ин гуна дастоварду пешравиҳои беназир ноил гаштааст, ояндаи минбаъдаи кишвар маҳз дар дасти ҳамин гуна ҷавонону ғаюру далер ва соҳибилм мебошад. Ҷавонони моро зарур аст, ки минбаъд, дар самти амалигардонии сиёсати давлат, рушд ва суботи кишвар саҳми худро гузошта, Тоҷикистони биҳиштосоро ба ҷаҳон бештар аз қабл шиносонанд.
 
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода