Восеъ. Соҳибкорон дар ободонии маҳал саҳм мегиранд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 926
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ таҷдид, бунёду азнавсозии беш аз 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 98 фоизи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳия иншооти гуногун қомат афрохта, симои шаҳракро бакуллӣ тағйир додаанд. Дар кӯчаҳои марказӣ, назди идораву ташкилот ва гулгаштҳо гулҳои зебою муаттар шинонида, фаввораҳо ва дигар таҷҳизотро васл намудаанд. Гулгашти марказӣ ҳоло ба ҷойи истироҳату фароғати сокинон табдил ёфтааст ва кормандони идораи коммуналӣ дар нигоҳубини ин гӯшаи зебои ноҳия муваззаф мебошанд.
Дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ вусъати тоза касб карда истодааст. Варзишгоҳи марказӣ, ки ҷойи баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва гузаронидани ҷашнвораҳо мебошад, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар ҳоли таъмир қарор дорад.
Ҳамарӯза ба ин мавзеъ даҳҳо нафар сокинон ба ҳашар баромада, барои ҳар чи зудтар омода кардани он ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бино бар иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми ҷамоатҳои деҳот хуб ба роҳ монда шудааст.
Ш. Сафарзода