Саёҳати пешсафони ҳизб ба шаҳрҳои Душанбе ва Норак
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Слайдер / Хабари рӯз / Туризм / Ҳунарҳои мардумӣ / Хабарҳо, Боздид 1 101
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саёҳати кормандони пешсафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба минтақаҳои дилрабои шаҳрҳои Норак ва Душанбе сурат гирифт.
Сараввал кормандони ҳизбӣ аз Боғи Анори шаҳри Норак дидан намуда, оид ба таърихчаи боғи мазкур маълумот гирифтанд. Дар идома кормандони ҳизбӣ ба НБО «Норак» ташриф оварда, оид ба ин иншооти бузург ва мавзеи дилпазир таассуроти хоса бардоштанд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Сайдамир Ғафуров аввалин бор аст, ки ба шаҳри Норак сафар кардааст.
Ӯ мегӯяд, аз зебогиҳои шаҳр хушам омад ва мехоҳам, ки дар оянда низ чунин саёҳатҳо бештар ташкил карда шаванд. «Ташаккур ба ташкилкунандагони ин саёҳат, зеро солҳост, ки орзуи дидани ин мавзеъҳоро доштам. Дар доираи ин сафар чанд дӯсти дигар низ пайдо кардам. Дар ин сафар истироҳати хуб доштем, рӯҳияаамон болида шуд ва албатта ин дар фаъолияти кориямон таъсири мусбат хоҳад дошт», — гуфт С. Ғафуров.
Мисли ӯ чандин ҷавони дигар низ мунтазири чунин саёҳат буданд, ки ҳамакнун ба орзуяшон расиданд.
Дар идома саёҳати кормандони ҳизбӣ ба шаҳри Душанбе сурат гирифт. Аҳли гурӯҳ мавзеи назаррабои «Кохи Наврӯз», Боғи Ҷавонон ва Боғи Ирам-ро тамошо карданд.
Сайёҳат дар ҷойҳои тамошобоби шаҳрҳои Душанбе ва Норак бо як ҷаҳон таассуроти нек сипарӣ гардид.
Хотиррасон мекунем, ки дар хатсайри сайёҳӣ онҳое сафарбар шуданд, ки дар шашмоҳаи соли равон тибқи назарсанҷии ҳизбӣ пешсафӣ доштанд. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон минбаъд низ баҳри ҳавасмандии пешсафон чунин имкониятҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард.