ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ ДАР КӮЛОБ


ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ ДАР КӮЛОБ



Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани киштукори баҳорӣ тамоми техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ барои кишти пахта ва дигар зироатҳо омода карда шудааст. Бо ин мақсад, 18 феврали соли ҷорӣ намоиши техникаҳои тухмипошак ва тракторҳо баргузор гардид.

Дар намоиш муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, и.в раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, инчунин масъулони соҳа ва хоҷагидорон иштирок намуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ бо механизаторон ва хоҷагидорон суҳбат анҷом дода шуда, оид ба ҳолати техникӣ ва гузаштани техникаҳо аз санҷиши техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид ва барои мавсими кишти имсола маслиҳатҳои судманд пешниҳод шуданд.

Дар намоишгоҳ наздики 100 адад техникаи гуногуни кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуд. Тибқи иттилои масъулон, дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 567 адад техникаи кишоварзӣ (аз ҷумла 340 трактор) мавҷуд буда, аз ин шумора 36 адад тухмипошак мебошад, ки 29 адади он омодаи кор буда, 81 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба хоҷагидорон ва механизаторони пешқадам, ки дар мавсими гузашта саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардид.

Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода