Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Оё беш аз 43 ҳазор ҷавони хатлонӣ донишҷӯ мешавад?


Оё беш аз 43 ҳазор ҷавони хатлонӣ донишҷӯ мешавад?


Дар асоси нақшаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миё-на ва олии касбии кишвар аз 1 март оғоз гардида, то 30-юми апрели соли равон идома ёфта буд. Имтиҳонҳои қабул ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар тариқи ин марказ аз 1 то 7-уми июл давом кард.

Инчунин, рӯзи 12-уми июл имтиҳонҳои иловагӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, 20-уми июл натиҷаи онҳо эълон ва 24-уми июл натиҷаи тақсимот ба муассисисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба довталабон расонида шуд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар соли таҳсили 2020-2021 муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлонро 94 872 нафар хонандаи синфи 9 ва 11 хатм кардаанд, ки аз ин ҳисоб 43 469 нафарашон барои идомаи таҳсил дар зинаи донишҷӯйӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурда, аз қайд гузаштаанд. Аз ҳисоби умумии азқайдгузаштагон, 39027 нафарашон хатмкардагони синфи 11 ва 4 442   нафарашон хатмкардагони синфи 9-ум мебошанд.

Ба иттилои масъулини бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар, соли равон дар тамоми бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестӣ тибқи ҳисоботи оморӣ то 30-юми апрел 103 429 нафар довталаб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 43 469 нафар довталабони бақайдгирифташуда аз вилояти Хатлон буда, ин теъдод нисбат ба соли гузашта 3 483 нафар зиёд мебошад ва теъдоди довталабони хатлонӣ дар маҷмӯъ 42%-и миқдори умумии довталабони ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Хурсанд Назарзода, сардори бахши минтақавии ММТНПҶТ дар шаҳри Бохтар, раванди баргузории имтиҳонҳои қабул низ  аз тарафи мутахассисони марказ таҳти назорат гирифта шуда, барои ҳар як гурӯҳи ихтисосҳо дар як рӯз имтиҳон гузаронида шудаанд. Вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои супурдани имтиҳони муҳлати муайян ҷудо карда шуда буд. Довталабон дар доираи аз 190 то 220 дақиқа имтиҳонҳои қабулро супурдаанд.

Ҳамзамон, раванди қабул ва тақсимоти донишҷӯён тавассути Маркази миллии тестӣ барои маротибаи дуюм пас аз пурра анҷом ёфтани даври аввал ба роҳ монда шуд, ки барои нафарони аз даври аввал нагузашта имкони дубора санҷидани бахташонро фароҳам овард. 

Ба таъкиди масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, бо вуҷуди ба итмом расидани имтиҳонсупорӣ ва ҷараён доштани тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳанӯз ҳам маълумоти аниқу дақиқ дар бораи шумораи довталабони донишҷӯшуда дастрас нест. Зеро ба гуфтаи Ҷумъахон Идизода, масъули бахши иқтисоди Раёсати маорифи вилоят, ҳисоботи омории мукаммал ва аниқ дар мавриди дохил шудани довталабон ба донишкадаву донишгоҳҳо танҳо дар моҳҳои сентябр-октябри ҳар сол ҷамъбаст ва дастраси умум мегардад.

Акнун, ягона саволи то ҳол норӯшан ин аст, ки беш аз 43 ҳазор дов-талаб аз вилояти Хатлон, ки аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, имтиҳони қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро супурдаанд, донишҷӯ мешаванд ё не? 
Суоле, ки ба таъкиди ҳам масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ҳам роҳбарияти Бахши минтақавии ММТНПҶТ дар шаҳри Бохтар ҳудуди ду моҳ баъд посухи он дастрас хоҳад шуд.
 
Суннатуллоҳи МИРЗО, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода