Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Дӯстлик» – рамзи дӯстӣ


«Дӯстлик» – рамзи дӯстӣ



Дар толори конфронсии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба муносибати 30-юмин солгарди нашрияи вилоятии «Дӯстлик» ҳамоиш доир гардид.

Дар ин ҷамъомад муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, собиқадорони матбуот, аҳли қалам ширкат варзиданд. Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба ифтихори 30-солагии рӯзномаи «Дӯстлик» ироа намуд.

Қайд гардид, ки рӯзномаи вилоятии «Дӯстлик» нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, ҳамсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин нашрия дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва бозтоби муҳимтарин хабару рӯйдодҳои вилоят нақши ниҳоят бузург мебозад. Рӯзномаи «Дӯстлик» соли 1991 бо номи «Элчи» (яъне, «Сафир») дар шаҳри бостонии Кӯлоб таъсис ёфта, баъди дар заминаи собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб таъсис ёфтани вилояти Хатлон нашрияи мазкур номи «Дӯстлик»-ро гирифт ва фаъолияти он дар маркази вилояти Хатлон - имрӯза шаҳри Бохтар идома ёфт. 

- «Дӯстлик» ном додани ин рӯзнома аз равобити дӯстонаи фарзандони тоҷику ӯзбек сарчашма мегирад, ки садсолаҳо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, барои гулгулшукуфоии ин сарзамини бостонӣ - Тоҷикистони азиз ва рушду пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он саъю талош меварзанд, - идома дод Фирӯза Шарифӣ. - Имрӯз бо итминони комил метавон аз фаъолияти назарраси рӯзноманигорони нашрияи «Дӯстлик» ёдовар гардид, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар васоити ахбори омма воқеияти зиндагии имрӯза, рушду тараққии иҷтимоию иқтисодии вилоят, дастоварду муваффақиятҳо, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, умуман таҳаввулоту дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаёти рӯзмарраи вилоят ба амал меоянд, инъикос менамоянд. Аҳолиро ба корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳидоят ва сафарбар намуда, баҳри иҷрои вазифаҳо, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, дастгирии сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Муовини раиси вилоят аз фаъолияти даҳҳо эҷодкорони асили ин нашрияи зодаи даврони Истиқлоли кишварамон ёдовар гардид, ки исму насабашон дар саҳифаҳои таърихи он ҳаккокӣ шудааст. Аз ҷумла, хизматҳои шоёни рӯзноманигорони ҳирфаӣ Ҳайдар Ҷӯраев, Шоимназар Омонов, Яхшибой Пирматов, Солиҷон Комилов, Тошмат Темиров шоёни таҳсин арзёбӣ гардид, ки дар солҳои гуногун вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Дӯстлик»-ро бар зимма доштаанд.  

Фаъолияти се даҳсолаи ин нашрияи серхонанда дар ҷодаи маърифатнокии аҳолӣ ва воқифгардонии мардум аз муҳимтарин хабару рӯйдодҳои вилоят гувоҳӣ аз он медиҳад, ки аҳли эҷод ва собиқ қаламкашони ин нашрияи соҳибнуфузи вилояти Хатлон рисолати муқаддаси ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. 

Дар идома як қатор эҷодкорону собиқадорон, аз ҷумла Тошмат Темиров, Неъмат Муҳаммад Саид, Ҷиянқул Мамедов, Амиршоҳи Хатлонӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ва “Новый Хатлон” Зулайхо Ғойибова ба сухан баромада, қайд намуданд, ки нашрияи “Дӯстлик” аз замони таъсисёбиаш ҳамчун минбари ифодагари дӯстии миёни халқҳои сокини кишварамон ва тарғибгари манфиатҳои давлату давлатдорӣ рисолати касбии худро то имрӯз сарбаландона иҷро намуда истодааст. Изҳори итминони комил шуд, ки насли имрӯзи пешаи пуршарафи рӯзноманигорӣ бо ҳисси баланди меҳандӯстиву ифтихор аз арзишҳои муқаддас рисолати худро сарбаландона идома медиҳанд. 

- Рӯзномаи «Дӯстлик» дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва тақвияти робитаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мардум, бахусус, сокинони ӯзбекзабони вилояти Хатлон нақши ниҳоят муассир дорад, - зикр кард сармуҳаррири нашрияи “Хатлон” Н. Маъмурзода ва аз номи ҳайати эҷодии рӯзнома ҳампешаҳо ва тамоми хонандагони «Дӯстлик»-ро ба муносибати 30-солагии ин нашрия табрику таҳният гуфта, ба қаламкашони он комёбиҳои бузурги эҷодӣ, зиндагии осуда ва бахту иқболи баланд орзу намуд. 

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба як қатор ходимони нашрияи “Дӯстлик” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода