Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » РИШТАҲОИ ДӮСТӢ МУСТАҲКАМТАР ШУД


РИШТАҲОИ ДӮСТӢ МУСТАҲКАМТАР ШУД




Барои мардуми тоҷику қирғиз, ки асрҳои аср паҳлӯи ҳам зиндагонӣ карда, дӯстию рафоқаташон дар тӯли таърих таҳким ёфтааст, боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҳамсоякишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеаи фараҳбахш мебошад. Яке аз асоситарин омилҳои боз шудани сарҳад ва беҳ шудани муносибатҳо байни кишварҳо бидуни шубҳа талошҳо ва сиёсати “дарҳои боз”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати милдлӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои муаззами миллат ҳатто дар замони сиёсатҳои сард низ равзанаи ҳамкориро ба рӯи онҳо боз гузошта, хостори таҳаввули муносибатҳои давлатӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон буданд. Дар асл ҳамин амали Пешвои миллат ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ моил сохт ва минбаъд барои тадриҷан беҳтар шудани муносибатҳои ҳамкорӣ нақши муҳим бозид. Маҳз дар заминаи ҳамин гуна дидгоҳи хайрхоҳона ва оянданигарона доштани Роҳбари давлатамон буд, ки имрӯз мо шоҳиди боз шудани ин гузаргоҳи сарҳадӣ шудем.

Зимни сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров тариқи маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар маросими кушодашавии ин гузаргоҳҳо роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд. Инчунин, дар изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон роҳбарони ду давлат имзо гузоштанд. Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад.

Боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз падидаҳои умедбахш мебошад. Пайванд кардани ин гузаргоҳ боиси рафтуои мардум, содироту воридот ва густариши равобити дуҷонибаи кишварҳои мо мегарданд, инчунин ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи байнидавлатӣ мусоидат менамоянд.

Эҳёи муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо кӯшишҳои роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон барои эҳёи муносибатҳои қаблии байнидавлатӣ бешак аз ҷониби мардуми ҳарду кишвар хуш пазируфта шуда, ҳамзамон дар робита ба ин амалкарди дурандешонаи сиёсӣ имиҷи онҳо низ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон боло хоҳад рафт.

Бисёр рамзист, ки ин маросими ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз ба вуқӯъ омад ва ин рамз ва фоли неке мебошад, ки баҳори дӯстии ду халқи қадимаю ҳамсоя меваҳои шаҳдбор хоҳад дод ва мардуми муштоқи ҳарду сӯи сарҳад, хешону наздикон, пайвандон ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо хоҳанд кард.

Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода