Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ботулизм сироятёбӣ ва пешгирӣ аз он


Ботулизм сироятёбӣ ва пешгирӣ аз он




Дар фасли тобистон бонувон аз меваю полезиҳо барои фасли зимистон  ҳар  гуна  маҳсулоти  ғизоӣ   омода  мекунанд.  Дар  аксари  ҳолатҳо маҳсулоти ғизоӣ дуруст тамиз карда нашуда, зарфҳо ба таври зарурӣ коргард  намешаванд.  Дар  ин  ҳолат  консерваҳо  вайрон  шуда,  шахси истеъмолкунанда  заҳролуд  шуда,  ба  бемории  ботулизм  дучор  мешавад.   Доир  ба  ин  масъала  маслиҳатҳои  Анвар  Бӯриев,   мутахассиси бемориҳои сироятиро пешкаши шумо мегардонем.

Ботулизм чӣ гуна беморӣ аст?

Ботулизм  бемории  сироятӣ  буда,  ба  гурӯҳи бемориҳои  сироятии  заҳри  ғизоӣ  маҳсуб  меёбад.  Бо  осебёбии  системаи  марказии  асаб  ва ҳароммағз падид меояд.

Пешгирӣ ва табобати бемории ботулизм

Пешгирии  асосӣ  дуруст  тайёр  намудани консерваҳои  хонагӣ  мебошад.  Консерваҳое,  ки муҳлаташон  гузаштааст,  инчунин  дар  ҳолате, ки ранги консерваҳо дигаргун шуда ва сарпӯши консерва  варам  карда  бошад,  истеъмоли  чунин  консерваҳо  ба  бемории  ботулизм  оварда  мерасонад.  Шахсоне,  ки  истеъмоли  ғизои заҳролудшударо  рад  намекунанд,  ба  онҳо  зардобаи  ботулинитикиро  мувофиқи  намудашон: 2000МЕ А, В ва Е гузаронида мешавад. Назорат муддати 10-12 рӯз мебошад.

Манбаи сироят

Барангезандаи  ботулизм  (Clostraridium botulinum)  микроби  анаэробии  қамчинакдор мебошад.  Дар  муҳити  атроф  ду  намуди  он вомехӯрад: вагетативӣ (намуди калони вирус) ва спораҳо мувофиқи сохтори антегенҳо.Токсигени (заҳрҷудокунанда) 7 намуд буда, бо ҳарфҳои лотинии A, B, C, D, E, F, ва Н ишора мешаванд. Дар ҳудуди Осиёи Миёна намудҳои А, В, ва Е бештар  вохӯрдан  мумкин  аст.  Спораҳои  онҳо  дар муҳити атроф устувор буда, муддати якчанд моҳ зинда  вуҷуд  дошта  метавонанд  ва  ба  таъсири маводҳои  безараркунанда  устуворанд,  дар  120 дараҷа гармӣ дар 30 дақиқа маҳв мешаванд.

Давраи  ниҳоии  беморӣ  аз  4  то  48  соат  ба ҳисоби  миёна  давом  мекунад,  вале  метавонад то 8 шабонарӯз давом кунад. 

Паёмадҳо ва сабаби фавти бемор

Бемории  шадид  сар  шуда,  аз  беҳолшавии умумии  дарди  сар,  ҳиссиёти  зараркунанда  дар меъда, хушкӣ дар даҳон, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, ислоҳ  баъзан  ба  қабзият  ва  дамиши  бадан  бо аломатҳои  хос  барои  бемории  ботулизм:  синдроми  офталмопоплегикӣ,  хирашавии  пеши чашмон, дутобинишӣ, ларзиши гавҳараки чашм, фалаҷи пилки чашмон (птоз), инчунин бо фалаҷи ядроҳои  ҷуфтҳои  асаби  9  ва  12  вайроншавии фурубарӣ ва нутқ, овози гирифта сар мешавад. Инчунин системаи гардиши хун осеб мебинад. 

Оризаҳо ва оқибати шахси бемор

Пневмония,  миокардит,  садмаи токсикосироятӣ.  Ҳангоми  саривақт  муроҷиат накардани  беморон  ба  муассисаҳои  тиббӣ   ва худмуолиҷа фавт то 30% -ро ташкил мекунад. 

Бемороне ки ботулизмро гузаронидаанд, то як  сол   таҳти  назорати   табибони  асаб,  чашм, бемориҳои  дарунӣ  ва  сироятшинос  бояд  қарор гиранд.

Дар гӯшаи «Хатлон»: Саломат бошед!» тавсияҳои муфиди табибони соҳибтаҷриба оид ба пешгирии бемориҳо ва тарзи ҳаёти солим нашр мешаванд. «Хатлон»-ро пайгирӣ кунед ва ҳамеша тандуруст бошед.

Масъули гӯша Рамазони Мирзомиддин, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода