ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Қасос. Ё худ набера «террорист»-у бибӣ туҳматчӣ


Қасос. Ё худ набера «террорист»-у бибӣ туҳматчӣ




Ба хонаи момои Сабзагул ҳар вақте ки набераҳояш меомаданд, хурсанд мешуд. Вале аз омадани набераи духтариаш Ҷовиди шашсола ғамгин мегашт.

Ҷовид бачаи шӯх аст ва моморо бисёр азоб медод. Ҳамин буд, ки аз духтараш  Қумрихон  хоҳиш  мекард: «духтарам,  ҳар  замоне,  ки  омадӣ, ҳамаи кӯдаконатро биёру шайтончаи Ҷовидро не, ӯ қади як навбати пода ғамум мета».

Ҳарчанд бибии ҷон ба лабомада наберааш  Ҷовидро  сарзаниш  мекарду гӯштоб медод, ки шӯхиҳояшро накунад, бача баъди фурсати дигар боз ҳамон “Аҳмади порина” буд. Донистагии  худро  мекард.  Гоҳе  сагро аз банд раҳо менамуду гоҳе ба думи гурба чизе мебаст. Лаҳзае ӯро савори маркаб рӯ-рӯи ҳавлӣ медидию ҳанӯз чашми  рӯз  накафида,  мурғҳоро  аз катак  ронда,  ба  ҳотаи   пиёзи   нав нешзада  дароварда,  тухмҳояшонро мегирифт.

Рӯзе  косаи  сабри  бибӣ  лабрез шуда, набераро ҷазо доданӣ шуд. Ӯ ноаён ба туфлии домод лой пур кард. Манучеҳр  аз  ин  “ҳазл”-и  беҷо  хафа ҳам  шуд  ва  қариб  буд,  ки  аз  хонаи хушдоман қаҳр карда равад.

-Писарам, аз мо чӣ хафа мешавӣ, аз  бачаи  худат  хафа  шав,  ин  кори Ҷовид  аст,  -  гӯён  бибӣ  айбро  сари набераи  “террорист”-аш  бор  кард. Манучеҳр  қаҳролуд  писарро  бо  тасма хеле зада, дилашро хунук намуд. 

Ин  алам,  яъне  бе  гуноҳ  лат  хӯрдан дар дили Ҷовид монд. Барои “туҳмат” момои дурӯғгӯяшро бахшида натавонист  ва  чанд  муддат  аз  хонаи  бибӣ қаҳр  кард.  Қаҳригии  ӯ  тӯл  накашид. 

Зодрӯзи бибиаш баҳона шуду вай боз ба хонаи момо омад. Ҷовид боз ҳамон бачаи шӯх буд ва шӯхиҳои ноҷояшро сар кард.

Бегоҳӣ  меҳмонҳои  зиёд  омад. Дар ошхона як сӯ дар дег хомшӯрбо меҷӯшид,  дар  дигар  тараф  зербаки ош мепухт. Соҳибхонаҳо аз пайи коре даву  тоз  доштанд.  Хомшӯрборо  ба касе бовар накарда, онро худи момои Сабзагул  мепухт.  Ҷовид  пайти  муносиб  ёфта,  банкаи  пури  намакро  ба деги шӯрбо рехт ва гӯё чизе нашуда бошад, аз пайи бозӣ шуд. Шӯрбои ба намакоб табдилёфтаро ба меҳмонҳо бурданд. Вале косаҳои пур аз шӯрбо қафо гаштанд.

Бобои Холиқ ҳамсараш момои Сабзагулро хеле  сарзаниш  кард.  Кадбонуи  “ҷабрдида” гунаҳкорро аз байни духтарону келинҳояш ҷуста,  онҳоро  бо  қаҳру  ғазаб  мегуфт: “Ҷавонмаргҳо,  кадоматон  ба  деги  шӯрбо намак рехтед?” Аммо касе ин “гуноҳ”-ро ба дӯш намегирифт.

-Ман  дидам,  ман  дидам,  ба шӯрбо  Ҷовид  намак  рехт,-гӯён Шаҳрияи  шашсола  бо  ишораи  даст ба Ҷовид нишон дод. Кампири Сабзагул  баробари  шунидани  номи Ҷовид  аз  болои  сараш  гӯё  як  сатил оби сард рехта бошанд, “Оҳ, дод аз дасти Ҷовид, ягон рӯз ӯ сарамро ба гӯр метиқонад”, гӯён асояшро дошта, дар  ҷояш  нишаста  монд.  Ҷовид  бо-шад, аз як кунҷи ҳавлӣ ғолибона ба бибияш менигарист...

С. Аттор, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода