Мутолиаи китоб ғизои ақл аст (навор)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Навори видеоӣ / Хабарҳо, Боздид 267
Китоб яке аз арзишҳоест, ки доштани он фаҳмишу ақли хонандаро мисли ниҳоле, ки бо обу хок месабзад, рушду нумӯ меёбад. Китоб роҳнамои оянда ва ташаккулдиҳандаи шахсияти китобхон мебошад.
Китоб ба хонанда ояндаи дурахшон мебахшад. Китоб манбаи дониш аст, ки ҳар он чизе дорад, аз хонанда пинҳон намесозад. Шахси китобхон дур аз беҳудагӯйиву беҳудагардӣ мебошад. Китоб рафиқи наздиктарин дар сафар аст. Инчунин шахсе, ки китобхон аст, мисли дарахтест, ки ҳамеша меваҳои ширин дорад ва ба ҳамагон метавонад аз он меваҳо бидиҳад. Китоб дар ҳолатҳои ғамгинӣ ба хонанда сурур мебахшад. Аз ҳама муҳим барои бурро шудани сухан ва рушд ёфтани зеҳн мусоидат карда, ба хонанда ва маърифати баланд мебахшад.
Китоб роҳнамои инсон мебошад. Шахсе, ки аз китобҳо истифода мебарад, дунёи худро рангин месозад. Шахси китобхон тахайюлоту дунёи дигар дорад. Китоб худ беҳтарин муаллим аст. Чуноне ки Марк Сисерон гуфтааст: “Утоқи бидуни китоб, бадане бидуни рӯҳ аст”. Дар ҳақиқат ҳам шахсе, ки аз китоб истифода намебарад, мисли онест, ки дар тан ҷон надорад. Беҳудагӯиву дағалрафторӣ ва дигар корҳои зиште, ки инсоният анҷом медиҳад, аз дур будани китобхонӣ мебошад. Хуллас, шахси китобхон дар ҳама давру замон мақоми воло дошт ва дорад.
[media=]
Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, бо як назарпурсӣ аз сокинони шаҳри Бохтар пурсон шавем, ки “Се китоби дӯстдоштаи онҳо кадомҳоянд, бори охир кадом китобҳоро мутолиа намуданд ва чи бардоштҳои неке аз онҳо доштаанд”.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...