Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » АШКИ ҒАМ


АШКИ ҒАМ




-Кӯҳ  ба  кӯҳ  намерасаду  одам  ба  одам  мерасад,  гӯяд  мақоли халқ.  Валӣ  баъди  сӣ  сол  ишқи  аввалаашро  вохӯрда  монд.  Ин воқеа,  ғайричашмдошт,  дар  дохили  нақлиёти  мусофирбар  ба вуқуъ пайваст.

Валӣ  ҷониби  марказ  равон  буд.  Дар курсии  пеш  менишаст.  Ғарқи  хаёл  ба ҳампаҳлуҳояш  аҳамият  намедод.  Аз истгоҳи  навбатӣ  чанд  мусофир  нишаст. Зани фарбеҳи хушлибос бо азобе вориди маршрутка шуда, дар курсии рӯ ба рӯи Валӣ  ҷой  гирифт.  Ӯ  ба  мард  нигариста, табассум  мекард.  Валӣ  аз  ин  хавотир шуд.  Гумон  кард,  ки  дар  сару  либос,  ё сару рӯяш айбе ёфта бошад? Ӯ шармида пойҳояшро ҷамъ намуда ва аз нӯги по то гиребонашро ноаён аз назар гузаронид. Зан ноҳинҷории мардро пай бурда, аз ӯ пурсид:

- Мебахшед, Шумо Валӣ не-мӣ?

-  Ҳа,  ман  Валӣ,  вале  Шуморо нашинохтам,-гӯён  мард  ба  ҳайронӣ  ба 
зан нигарист.

-  Албатта,  намешиносед,  аз  байн солҳои зиёд гузаштааст. Ман ҳам бисёр тағйир  ёфтаам,-чашмони  зан  дар  ашк ғарқ шуданд.

- Узри бисёр, чеҳраатон гарм менамояд, вале ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.

- Ишқ мегуфтеду «дӯст медорам» мегуфтед. Пас, ҳамааш дар нӯги забонатон будааст,-ба гилагузорӣ гузашт зан.

- Гулноза?! Наход ин ту бошӣ-а?

- Ҳа, ҳа, мани шӯрбахту ношукр.

- Ин тавр нагӯй. Ҳолу аҳволу зиндагият чӣ тавр?

-  Ҳамааш  хуб,  давлату  савлат,  пулу мол  дорам,  вале  рӯзи  хуш  надорам. Фаромӯш  кардаам,  ки  бори  охир  кай табассум  карда  бошам,-гӯён  Гулноза боз оби дида рехт. Баъди андаке худро ба  даст  гирифта  Валиро  ба  хонааш  ба меҳмонӣ  хонд.  Ба  нею  нестони  мард нигоҳ накарда, ӯро ба хонааш бурд. 

Вориди  ҳавлии  калону  хонаи боҳашамат  гардида,  даҳони  Валӣ  кушода  монд.  Бо  эҳтиёт  болои  диван нишаст.  Гулноза  бо  телефони  мобилӣ шавҳарашро  аз  омадани  Валӣ  огоҳ  намуд. Кароматулло соате пас расида омад ва бо Валӣ гарм-гарм вохӯрӣ намуд.

Суҳбати  онҳо  ошкоро  буд.  Солҳои донишҷӯиро  ба  ёд  оварданд.  Баъди хӯрокхӯрӣ зану мард ӯро ба ҳуҷрае бурданд.  Дар  он  ҷо  ду  писари  баркамоли онҳо машғулияте доштанд. Баробари ба ҳуҷра  ворид  шудан  онҳо  ба  истиқболи Валӣ омаданд. Яке бо ҳар ду по мелангиду дуюмӣ дастони печида дошт.

- Худоё, ин чӣ даҳшату чӣ тақдире, ки ду гулписар ба ин ҳол задаанд,-гӯён Валӣ ба зану шавҳар нигарист. Онҳо сари хаму дидагони пурнам доштанд.

-  Валиҷон,  замоне  ба  ҳолат  хандидем. Дӯсти маъюб доштан нахостам, бо ту паҳлу ба паҳлу роҳ рафтанро айб медонистам,  аз  худам  дур  кардамат.  Ана, дидӣ,  Худованд  ғазабашро  нишон  дод. 

Маханд  ба  хешат,  ояд  ба  пешат,  гуфтаанд. Ҳоли ту ба сарам омад, гулписаро-нам  маъюбанду  онҳоро  обод  карда  на-метавонам.  Ягон  духтар  чунин  шавҳар доштан  намехоҳад,  -  гунаҳкорона  ашк рехт Гулноза.

Валиро  тавбаю  ашки  пушаймониҳои Гулноза  беихтиёр  ба  давраи  ишқу ошиқии ҷавонӣ бурд.

...  Валӣ  дар  оилаи  омӯзгор  ба  дунё омад. Фарзанди калонии оила буд. Фарзанди  аввал  ширину  дӯстдошта  меша-вад.  Падару  модар  бо  меҳрубониҳои зиёд  ӯро  тарбия  менамуданд.  Фалокат аз  таги  по  хестагӣ  барин  писарча  дар чорсолагиаш  ба  бемории  полшмиелит гирифтор  шуд.  Волидайн  хавфнокии  ин маризиро  дарк  намуда,  барои  наҷоти ҷигарбанд худро ба обу оташ заданд. Бо дорую дармонҳои зиёде ҷони писарро аз дасти аҷал “хариданд”. Вале беморӣ беасар намонд, ӯро маъюб намуд. Як пояш ланг шуд.

Маъюбӣ  дар  кӯдакӣ  ноаён  мегузашт.  Аммо  он  дар  синни  камолот  аён эҳсос гашта, боиси дилсардиҳо шуд. Аз ҳамсолон мисли зоғи ало ҷудо шуда мемонд, орзую ҳавасҳояшро дида наметавонист ва пайваста аз атрофиёнаш дурӣ меҷуст.

Падари  Валӣ,  ки  омӯзгор  буд,  ғами ояндаи фарзандашро мехӯрд. Ҳар замон писарро насиҳат мекард:

-  Писарам,  маъюбӣ  дард  аст.  Агар ғами  ояндаатро  худат  нахӯрӣ,  хору муҳтоҷ  мешавӣ.  Аз  ин  рӯ,  хону  хон, соҳибилм шаву касберо омӯз, ки фардо ба дигаре муҳтоҷ намонӣ.

Писар ба гуфтаи падар амал намуд. Дониш андӯхту чанд забонро низ аз худ кард.  Баъди  хатми  мактаби  миёна  ба донишгоҳи  омӯзгорӣ  ҳуҷҷат  супорида, донишҷӯ шуд. Донишҷӯӣ давраи тиллоии ҷавонӣ аст. Дар ин давра орзую ҳавасҳо мепарварӣ.

Гулноза ном ҳамсабақи Валӣ бо ҳусну ҷамоли  зебояш  қалби  ҷавонро  рабуд. Дар қалби ӯ оташи ишқро афрӯхт. Барои бо ӯ наздиктар шудан, дар тайёр кардани дарс кумакаш мерасонд. Дар соли сеюми  таҳсил  ба  духтар  изҳори  муҳаббат намуд.  Ӯ  муҳаббати  ҷавонро  пазируфт. Ҳамсабақон  бовар  намекарданд,  ки  як паридухтар  ҷавони  маъюбро  дӯст  медошта бошад.

-Чашми ишқ кӯр аст, - таънаомез мегуфтанд ҳамсабақони ҷавон. Бо гузашти вақт Валӣ эҳсос кард, ки ин ҳама як саҳнаю сохтакориҳои Гулноза будааст.  Духтар  аз  пайи  ҷавони  солиму хушсурате  рафт.  Кароматулло  як  курс боло таҳсил мекард.

Ӯ  аз  Валӣ  рашк  мебурд  ва  вохӯрии ӯро бо духтар манъ кард. Гулноза аз тарси аз даст надодани ҷавон бо Валӣ ногап шуд ва ба саломаш ҷавоб намегуфт. Ма-бодо  Валӣ  аз  пешорӯяш  баромада  монад, зуд роҳашро дигар менамуд.

Ишқу  муҳаббати  Гулноза  дар  қалби  Валӣ  хона  карда,  вуҷудашро  мисли  оташ месӯзонд.  Ҷудоӣ  аз  дилдода дубора  қалби  ҷавонро  шикаст.  Дили  озурдаашро  бо шеърнависӣ  таскин  доданӣ мешуд.  Вале  қалбаш  таскин намеёфт,  аз  сӯхтанҳо  афгор  мешуд.  Аз  Худованд  зорӣ мекард,  ки  оҷизаш  кунад,  то Гулнозаи  худ  ва  даст  ба  даст роҳгаштанҳои  ӯро  бо  ҷавони дигар набинаду насӯзад. Мута-ассифона, ин лаҳзаҳо касе ба додаш нарасид.

...Рӯзи  тӯйи  Гулнозаю  Кароматул-ло  барои  Валӣ  рӯзи  сиёҳ  буд.  Ҳама ҳамсабақон ба тӯй даъват шуданд, ба ҷуз Валӣ. Ҳатто Гулноза ҳамсабақонро таъкид  доштааст,  ки  Валиро  ҳамроҳ  нагиранд. Ҳамчунин, Валиро таъкид кунанд, ки  ба  тӯйи  онҳо  наравад.  “Шавҳарам ҳузури ин лангро намехоҳад. Ман низ аз чунин  ҳамсабақ  доштан  шарм  мекунам, меҳмонон  айбам  мекунанд”,  -  гуфтааст Гулноза.

Аз  ин  шунидаҳо  Валиро  сахт  алам кард.  Ду  даст  сӯйи  само  бардошта, аламашро  ба  Худо  расониданӣ  мешуд. “Худоё,  чаро  маъюбам  кардӣ?  Нафаре хоҳиши бо ман дӯстӣ карданро надорад, аз ман дурӣ меҷӯянд. Ҷонамро бигиру аз ноҷӯриҳои зиндагӣ халосам намо”. Шаби тӯйи дилдодааш дар хобгоҳи донишҷӯён дар танҳоӣ фарёд мекашид. Шаб то субҳ хобаш набурд...

Валӣ ҳамон сол донишгоҳро партофта, бо баҳонаи беморӣ ба хона баргашт. Ҳафтае пас падар аз дарди дили писар бохабар шуд.

- Писарам, аз бераҳмиҳои табиат ғам махӯр.  Ба  таънаи  атрофиён  низ  диққат мадеҳ.  Ҳар  кӣ  ба  ҳоли  маъюб  хандад, оқибат  ҳоли  ӯ  низ  ба  сараш  меояд.  Ин ҳама  бо  хости  Худованд  аст,  инро  дигар  карда  намешавад.  Парвардигор ба  бандаҳояш,  хоҳ  солим  бошанд,  хоҳ калу  кӯр,  ризқу  рӯзӣ  ва  бахт  медиҳад. 

Таҳсилата  напарто,  касби  интихобкардаат  ризқу  рӯзирасонат  мешавад.  Шахси  баҳунар  ҳамеша  барӯзию  серризқ ва  хушбахт  мешавад,  -  гуфтани  падар  ҷавонро  боз  ба  донишгоҳ  бурд.  Ба донишгоҳ баргашта, Гулнозаро дигар надид. Шавҳараш ӯро аз рашк аз донишгоҳ бароварда  будааст.  Валӣ  баъди  хатми  донишгоҳ  бо  ихтисоси  омӯзгорӣ   ба зодгоҳаш баргашт. Дар мактаб-интернат (парваришгоҳ)  ба  ятиму  маъюбон  дарс мегуфт.  Дар  ҳамин  даргоҳ  бахташро дарёфт.  Малоҳати  ҳамкасбаш  ба  ӯ  дил бохт.

- Ман маъюбу ту солиму зебо ҳастӣ. Оё  бо  ман  хушбахт  шуда  метавонӣ? Атрофиён таънаат мезананд, ки бо маъюбе ба шавҳар баромадаӣ, - гуфт Валӣ ба муаллимаи ҷавон.

-  Хушбахтӣ  на  дар  сурат,  балки  дар сират аст, - шармида посух дод Малоҳат.

...Валию  Малоҳат  оилаи  хушбахт барпо  намуданд.  Худованд  ба  онҳо се  гулписари  солим  дод.  Бо  гузашти вақт  соҳиби  ду  набера  шуданд.  Фарзандону  келинҳояш  соҳибмаълумоту соҳибҳунаранд. Хушбахтии онҳо хушбахтии падару модар аст...

- Валӣ, маро бубахш, - гуфтани Гул-ноза ӯро аз банди хаёлот раҳонид. Вай ба чеҳраи маҳзунонаи Гулноза нигарист. Аз дидагони зан ашк мерехт, ашки ғам...

С. АТТОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода