Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » “ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-МАҲСУЛИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”


“ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-МАҲСУЛИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”




зери ин унвон дар толори Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

Дар кори он Давлатова Роҳила, мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Шарифзода Фарух, муовини директори Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар, Қосимзода Солеҳ, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Расулзода Комрон, корманди рӯзномаи "Хатлон”, Самизода Санавбар, директори маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Бохтар, Саидова Зебониссо, омӯзгори Литсейи давлатии Ориёно, Зувайдуллозода Ганҷина , мудири кафедраи иқтисодӣ ва аудитии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва омӯзгорону донишҷуён иштирок намуданд.

Нахуст, Шарифзода Фарух, муовини директори Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар ҳамоишро оғоз намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш Давлатова Роҳила ба сухан баромада иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол мешавад, ки бо аъзо ва ҷонибдорони худ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолияти пурсамар дорад. Ҳизби роҳнамою, дилкушо, ҳизбӣ ташаббускору пешоҳангӣ ҷомеа бо ҳадафҳои барномаи созандаю дурбинонаи худ таҳти Роҳбарии марди хирад, сиёсатмадори аср, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба қуллаҳои баланд бирасад.



Сипас, аз ҷониби Қосимзода Солеҳа, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар мавзуи “ҲХДТ-ҳизби ваҳдатофар ва таҳкимбахши соҳибистиқлолӣ”, Расулзода Комрон, корманди рӯзномаи "Хатлон” дар мавзуи “Пешвои миллат ва рушди воситаҳои ахбори оммаи тоҷик”, Самизода Санавбар, директори маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Бохтар дар мавзуи “ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа”, Саидова Зебониссо, омӯзгори Литсейи давлатии "Ориёно" дар мавзуи “30-соли саршор аз ифтихор ва пирӯзиҳо бо – ҲХДТ” ва Зувайдуллозода Ганҷина, мудири кафедраи иқтисодӣ ва аудитии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “ҲХДТ – ҳизби ормонҳои миллӣ ва нангу номус” баромад намуданд.

Дар охири ҳамоиш ба якчанд нафар аъзоёни нави ҳизб билетҳои ҳизби ва туҳфаҳои хотиравӣ бо тантана супорида шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода