Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Тоҷикон аз аҳди қадим соҳиби маърифати ҳуқуқӣ буданд


Тоҷикон аз аҳди қадим соҳиби маърифати ҳуқуқӣ буданд




Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва аҳдномаи сулҳи тоҷикон тарбияи  ахлоқӣ,  сиёсӣ  ва  фарҳангии  миллатамонро то андозае ба роҳ мондем ва муваффақ ҳам шудем.

Барои ин, пеш аз ҳама, сифати таълиму тарбияи томактабӣ ва мактабӣ бисёр мақсаднок ба роҳ монда шуд. Аз ин лиҳоз, бо ибтикор ва иқдомоти маорифпарваронаи Президенти кишвар дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо мактаби миёнаю олӣ барои толибилмони кишвар сохта ба истифода 
дода шуд.

Воқеан ҳам иқдомҳои наҷиби Ҷаноби Олӣ дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ бесобиқаанд. Дар ин росто корҳоеро роҳандозӣ кардаанд,  ки  ягон  сарвари   давлати  дигар   то  алҳол  чунин муваффақ нашудааст.

Пӯшида нест, ки чун дар ин ё он кишваре ҷанг сар мезанад ва ё ҷангҳои шаҳрвандӣ (мисли Тоҷикистон) бегуфтугӯ маърифат ва ахлоқу маънавиёти мардум мекоҳад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат, Президенти кишвар барои ба ифоқа расонидани ҳуқуқдонии хурду  калони  кишвар  дар    Паёми   навбатии  худ  соли  2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд.

Маълум, ки ҳамон касе дорои маърифати ҳуқуқӣ буда метавонад, ки тафаккур ва хираду ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. 
Чунин ашхос аслан ватандӯсту миллатдӯст мешаванд, дар сурати фавқ чунин маърифатро надошта бошем, душманонамон бо 
осонӣ моро аз қафои худ бурда метавонанд.

 Чун  саҳифаҳои   таърихи  ниёгонамонро  варақ  мегардонем, мебинем,  ки   ҳанӯз   дар  замони   давлатдории  Ҳахоманишиён меъёрҳои ҳуқуқӣ риоя карда мешуданд. Яке аз аввалин шоҳони аҳди Ҳахоманишиён, Куруши Кабир давлатеро бунёд кард, ки асоси   он  низоми  ҳуқуқӣ  (конститутсионӣ)  буд.  Ҳуқуқҳои  инсо-ниро  дар  асоси   низоми   ҳуқуқи  шаҳрвандонаш  ҳимоя  мекард. 

Ҳамин тарзи давлатдориро дар ҳама давру замонҳои минбаъда  бузургони   миллати  тоҷик  тарғиб  кардаанд.  Ватанпарастӣ, 
миллатдӯстӣ  ва  қадру   қимати   адолатро  донистан,  дар  осори Рӯдакӣ,  Фирдавсӣ,  Сино,  Зардушту  Имоми  Аъзам  ва  дигарон дида, хонда таълим гирифта метавонем. Барои насли мо имрӯз бояд ифтихор бошад, ки гузаштагони мо атрофи инсон, ҳуқуқҳои инсонӣ ақида мекарданд.

Тарбияи  ҳуқуқӣ  аслан  дар  оила  ва  мактаб  сайқал  меёбад. Насли мо аз хурдӣ аввал ҳуқуқҳои худро ва баъдан аз атрофиёнашонро  дарк  ва  эҳтиром  кунанд.  Маърифати  ҳуқуқиро соҳиб шудан маънои онро дорад, ки ба сӯи сиёсати давлатдорӣ барояшон  роҳ  кушода  мешавад.  Инсони   аз  тарбияи  ҳуқуқӣ (конститутсионӣ), сиёсӣ огоҳбуда аз тарафҳои дигари тарбияи инсонӣ бо осонӣ баҳра бурда метавонад.

 Аз  ин  лиҳоз,  метавонем  бигӯем,  ки  тарбияи   маърифати ҳуқуқӣ раванди идорашавандаи шуур ва руҳию равонии рафтори одамон шуда метавонад. Пас, маълум мешавад, ки тарбияи маърифати ҳуқуқӣ дараҷаи олии ақлӣ ва ҷомеашиносӣ аст.

 Тарбияи   маърифати  ҳуқуқӣ  дар  мактаб  такмил  дода   шавад, то ин ки манфиаташ баъдтар ба ҷомеа бирасад. Ана ҳамин 
шарти тарбияи маърифати ҳуқуқӣ сабаб шуд, то қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 
ва  қонун  “Дар  бораи   танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон”  тағйири   ном  ва  мундариҷа  кард.  Аз  ин лиҳоз,  бо  сари  баланд  мегӯем,  ки  так-лифи  Сарвари  муаззами давлат,  Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро  дар бораи соли 2024-ро эълон доштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. 

Хоҷамурод РАҲМОНЗОДА, раиси Суди ноҳияи Фархор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода