Пулест миёни милитсия ва сокинон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 159
Файзулло Абдуллоевич ба синну соли худ нигоҳ накарда, узви фаъоли Шурои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба ислоҳоти милитсия мебошад.
Ӯ соли 1950 дар ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло ноҳияи Кӯшониён) дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш мегирад. Ӯ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Институти политехникӣ дохил шуда, онро бо баҳои хубу аъло ба анҷом мера-сонад.
- Расо 10 сол дар вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сипас, дар шуъбаи нақлиёт кор намуда, соли 2013 бо сари баланд ба нафақа баромадам, - мегӯяд А. Абдуллоев.
Ҳангоме ки дар вилояти Хатлон Шурои ҷамъиятии ислоҳоти милитсия ташкил мешавад, ӯро, ки ҳамчун шахси кордон бо ҳамаи шарикони рушди кишвар кор мекард, ба сифати аъзо қабул мекунад. Қаҳрамони мо дар нахустин семинару омӯзишҳо, ки доир ба иҷрои барномаи “Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон” ташкил ва гузаронида мешавад, иштирок мекард.
-Мақсади асосии ташкил намудани Шуро ва мо - аъзои Шуро аз он иборат аст, ки фаъолияти кормандони милитсияро ба сокинон муаррифӣ намоем. Дар ҳамин баробар барои ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ, ки ба мо муроҷиат менамоянд, мусоидат кунем. Агар гӯем, ки аъзои Шуро миёни милитсия ва сокинон пуле ҳастем, хато намекунем, - афзуд Файзулло Абдуллоев.
Имрӯз дар вилояти Хатлон Шурои мазкур фаъолияти пурсамар дошта, 17 нафар фаъолони ҷомеаи ви-лоят, аз ҷумла, 7 нафар занон аъзои Шурои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия мебошад.
Бояд гуфт, ки барои осон шудани кори Шуро ва аъзои он автомашинаи махсус “Нуқтаи сайёри милитсия” бо тамоми шароит барои қабули сокинон дар маҳалли зисташон ташкил карда шудааст.
-Мо, ҳамчун аъзои Шуро ҳар моҳ дар деҳаву маҳаллаҳои вилоят бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, арзу шикояти онҳоро мешунавем, - мегӯяд Ф. Абдуллоев. – Хушбахтона, тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи сокинон ба фаъолияти кормандони милитсия, махсусан нозирони минтақавӣ бештар шудааст,- афзуд ӯ.
Пеш аз қабули шаҳрвандон дар “Нуқтаи сайёри милитсия” дар маҳалли истиқомат бо сокинон мулоқотҳо доир намуда, доир ба тамоми мавзуъҳои мубрами рӯз: пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, муқовимат бо коррупсия, тарғиби дастовардҳои милитсия, риояи бечунучарои қонунҳои амалкунандаи кишвар ва ғайраро муҳокимаронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли мушкилот аъзои Шуро тамоми чораҳоро ме-андешанд. Имрӯз шуроҳои ислоҳоти милитсия барои паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар мусоидат намуда, боварии сокинонро ба фаъолияти милитсия зиёд намуда истодааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки аъзои Шурои ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон кори пурсамар доранд. Аъзои Шуроҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, шаҳри Норак низ фаъоланд.
Файзулло Абдуллоев ҳамчун аъзои Шурои вилоятӣ дар доираи амалишавии барномаи мазкур чандин маротиба ба дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ба вилояти Суғд, кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон сафар намуда, бо аъзои шуроҳои ин минтақаҳо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дода, мубодилаи таҷриба намудааст. Ӯ андеша дорад, ки барои шаффоф, ба мардум наздиктар намудани милитсия бояд тамоми аъзои ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00