Дурнамо барои пешрафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 237
Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст. Яке аз принсипҳои асосии конститутсия тасдиқи волоияти қонун ва таҳкими он мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳуқуқӣ меёбанд. Қабули конститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа муайян менамоянд.
Қабули Конститутсияи соли 1994 яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон буда, таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошт, ки имрӯз баҳри ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ нақши хосаеро доро мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пешрафти халқи Тоҷикистон буда, вазифаи аввалиндараҷаи он пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони давлати соҳибихтиёр санаи 6 ноябри соли 1994 санади тақдирсози худ- Конститутсияи Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд ва тӯли 30 сол аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози кишвар равона намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаи зиндагиа-шонро муайян намуда, пеш бурда истодаанд.
Зарурат ва аҳамияти қабулшавии Конститутсияи кишварро дар бунёди давлатдории миллӣ Пре-зиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд, ки «Асоси қонунҳои Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷасумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсатӣ давлат аст. Қабули саривақтии қонуни асосии кишвар ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замон кафолати зарурии инкишофи таърихӣ, нишонаи рушди ҳуқуқ аст.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хосеро доро буда, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои мубрами марбут ба соҳибихтиёрии давлат, тарзҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва шаклҳои гуногуни моликият муайян ва кафолат дода шудааст. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, инсон ва шаҳрванд сарчашма ба ҳисоб рафта, меъёрҳои конститутсионӣ дар бисёр маврид баҳри муайяннамоии усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла сиёсати хориҷии давлат равона карда шудаанд.
Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кар-дани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад».
Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиат ва иродаи халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар карда шудаанд, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳиятҳои онҳоро муайян менамояд.
Конститутсия на танҳо қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқӣ ва махсусияти худ аз дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фарқ мекунад, ки ин хусусиятҳо ҳамчун сарчашмаи ягонаи қонунгузории Тоҷикистон конститутсияро мустаҳкам намуда, мутобиқати дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро ба конститутсия тақозо менамояд, ки ин хусусият тавассути моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, тағйирнопазирии онро дар шакли идораи ҷумҳуриявӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медиҳад. Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсионӣ, ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, соҳибихтиёрии халқ, кафола-ти ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондӯстӣ, дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор ҳастанд, зеро он аз ҷониби олимон, коршиносон, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба ҳайси яке аз намунаҳои конститутсияи демократии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ин баҳогузориро нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прези-денти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Асоси ҳуқуқии таҳким ва амалисозии ғояи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, ки меъёрҳои он батадриҷ бо мурури замон мукаммал мегарданд.
Омилу равандҳои зикргардида гувоҳӣ медиҳад, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардашуда боиси пешрафти ҷомеа ва давлат гардида, барои боз ҳам таҳкиму такмил ёфтан заминаи мусоид мегузорад.
Ҳаминро бояд гуфт, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлатҳои алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии аъзои ҷомеа мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия боиси пешрафти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагӣ мегардад, механизми баамалбарорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд устувор мешавад.
Самандар РАҶАБАЛИЗОДА,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...