Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Душанбе. Мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон


Душанбе. Мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон




Дар  асоси  қарори  Раиси  шаҳри Душанбе  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ аз 2 то 6 октябр дар шаҳри Душанбе  нахустин  чемпионати ҷаҳон  оид  ба  ҷудо  байни  ҷавонон баргузор мегардад.

Ба  иттилои  Федератсияи  байналмилалии ҷудо, то ҳолати 13 сентябр барои иштирок  дар  Чемпионати  ҷаҳон  оид  ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе 329 варзишгар (183 писар ва 146 духтар) аз  51  кишвари  5  қораи  олам  номнавис шудаанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин чемпионат 17 варзишгарро  номнавис  намуд.  Инҳо   Лоиқ  Қутбуддинов  (-60  кг),  Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусаммир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг),  Муҳсин  Маллаев  (-100  кг),  Аҳмад  Табаров  (+100  кг)  ва  Фараҳманд Устопириён (+100 кг) мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода