Зарари гармо ба кишоварзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 234
Фасли гармо имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост. Табиист, ки гармӣ ба тамоми мавҷудоти олам таъсир мерасонад. Вобаста ба зарар ва нафъи гармии офтоб рӯзномаи “Хатлон” бо савол ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ муроҷиат намуд. Фишурдаи маслиҳати мутахассисонро пешниҳоди хоҷагидорон ва хонандагон менамоем.
Шамсиддин РАҲИМЗОДА, корманди Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, коршинос:
-Дар аввал таъкид менамоям, ки ҷумҳурии мо аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар яке аз минтақаҳои гарм қарор дорад. Дарахту буттаҳо, полезӣ, зироату донагиҳо ва дигар маҳсулоте, ки дар кишвари мо кишт менамоянд, ба иқлим, махсусан гармии он тобовар ва мутобиқ мебошанд.
Дар ҳамин баробар, агар гармие, ки барои кишоварзӣ лозим аст, нашавад, маҳсулоти кишоварзон дар вақти лозимӣ намепазад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳавои имрӯзаи Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ он қадар зарар расонида наметавонад. Дараҷаи гармие, ки ба соҳа зарар расонида метавонад, 45-50 дараҷа боло мебошад.
Бояд гуфт, ки дараҷаҳои муайяни гармӣ баъзе аз ҳашарот ва бемориҳоро нест мекунад, ки барои хуб инкишоф ва нашъу намо ёфтани маҳсулот кумак мекунанд. Масалан, гармӣ дар коркарди пахта, пешгирии бемориҳо, нест кардани тортанак ва шира кумак мекунад. Гармиро низ метавон самаранок истифода бурд. Баъзе хоҷагидорони таҷрибадор дар вақти гармии рӯз техникаро ба замини пахта медароранд, то ки чангу ғубор тортанак ва дигар ҳашароти зараррасонро нобуд созад.
Агар хоҷагидорон ба гармӣ омода набошанд, он ҳатман зарари худро мерасонад. Агар заминдорон коркарди байни қаторҳо, агротехникаи парвариши маҳсулот, пошидани дору, обмонӣ ва умуман техникаи агротехникиро риоя накунанд, дар оянда ҳосили хуб гирифта наметавонанд. Маҳсулоти кишоварзӣ ба партофтани ҳосил ва хушкшавӣ рӯ меорад.
Тавсия дода мешавад, ки хоҷагидорон дар заминҳо обро дар вақти шабона диҳанд. Дар умум, хоҷагидоронро лозим аст, ки корро дар заминҳои кишварзӣ бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.
Муҳиддин АБДУЛЛОЕВ, мудири шуъбаи селексияи пахтаи миённахи Филиали институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ:
-Солҳои охир тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармшавии ҳаво дар тамоми кураи Замин ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳам ҳамасола гармии ҳаво 1-2 дараҷа боло рафта истодааст. Ин, албатта, ба зироатҳои кишоварзӣ безарар нахоҳад буд. Барои ҳамин, олимони соҳаро лозим аст, ки навъҳои нави тухмиҳоро офаранд, ки ба гармӣ мутобиқ бошанд. Дар чор соли охир олимони мо навъҳои тухмиҳои гуногунро коркард ва ихтироъ намудаанд, ки ба гармӣ тобовар мебошанд.
Мушоҳида ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки дар ҳолати гарм будани ҳарорати ҳаво шона ва гулпартоӣ зиёд мегардад. Хоҷагидоронро лозим аст, ки вобаста ба навъ ва намуди тухмиҳо талаботи агротехникаи киштро риоя намоянд.
Чӣ гунае ки медонем, гармии аз ҳад зиёд барои гулу шонапартоӣ зарар мерасонад, ки ба кам шудани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин, кишоварзонро зарур аст, ки бо маслиҳат ва тавсияҳои мутахассисони соҳа тухмиҳое, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мувофиқанд, интихоб ва кишт намоянд.
Таҳияи Т. Толиб,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...