Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд


Ба истифода додани бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд



18 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо ифтитоҳи бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст, оғоз гардид.

Бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст.

Дар ин бино 43 ҳуҷраи табобатӣ, 3 амалиётхона бо маҷмӯи дастгоҳҳои муосири ҷарроҳӣ, таҳлилгоҳи клиникавӣ, биохимиявӣ, морфологӣ, имунаферментӣ, ҳуҷраи тадқиқоти ултрасадо ва ташхиси эндоскопӣ мавҷуд буда, дар 5 шуъбаи амалкунанда боз 60 мутахассиси соҳаи тандурустӣ, хоса табибони саратоншинос, ба кор ҷалб гардидаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода