Тозагӣ гарави саломатӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 249
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суҳбату мулоқотҳояшон бо мардуми шарифи кишвар таъкид мекунанд, ки ба тозагию ободонии муҳити зист, кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои истироҳатӣ-фароғатӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон Тоҷикистони азизро ба як кишвари сабзу хуррам ва ободу дилнишин табдил диҳем.
Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст. Дар ҳақиқат ба тозагии гирду атрофи манзили зист, ду канори роҳҳои нақлиётӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус боғҳои истироҳатӣ-фароғатӣ аз манфиат холӣ нест. Ин ҷойҳо ҳамеша чашмрасу серодам аст ва ҳар як бинанда моро маҳз бо тозагии шаҳрамон баҳо медиҳад.
Меоем сари масъалаи асосӣ - риояи маърифати шаҳрнишинӣ. Оё он аз тарафи сокинону ашхоси аз гирду атрофи шаҳромада, ки маҳсулоти кишоварзии худро барои фурӯш ба бозор мебароранд, риоя мегардад? Агар “ҳа”, хеле хуб ва агар “не”, чаро?
... Шоми рӯзи якшанбе ҳамроҳи набераҳо ба боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар омадем. Дохили боғ тозаю озода буда, ҳамаи атраксионҳои чархзананда барои кӯдакон, майдончаи дилхушӣ барои онҳо, мошинчаҳои сайругаштӣ, батут, қатора, барои калонсолон чархофалак, сафина ва ғайра омодаи хизма-танд. Нуқтаҳои фурӯши яхмосу обҳои ташнагишикан, пахтақанду таомҳои сабук низ харидорони зиёд доранд.
Дар ҳама гӯшаю роҳравҳо қуттиҳои партовпартоӣ гузошта шудааст.Хулоса, дар ин ҷо шоми кӯдакону наврасону воли-дон ва ҷавонон хуш мегузарад. Мо низ аз ин сайругашти бегоҳирӯзӣ баҳра бурдем, ба истиснои якчанд лаҳзаи пуризтироб. Ҷавондухтарону ҷавонписарон дар сафинаю чархофалаки даврзананда савор шуда, вақти ба ҳаракат даромадани онҳо духтарон аз тарс доду фиғон мебардоранду писарон аз завқ хандаю садои дилха-рош мекунанд. Атрофиён, ҳатто мардуми дар хонаҳои бисёрқабатаи рӯ ба рӯйи боғ буда нороҳат мешаванд. Ин, албатта, маърифати пасти шаҳрнишинии ин тоифа ҷавононро нишон медиҳад...
Ҳар саҳар барои ба кор рафтан боғи истироҳатии шаҳрро убур карда мегузарам. Манзараҳои гирду атрофро дида, ҳуш аз сарам мепарид. Гирду атроф, роҳраву назди нуқтаҳои савдо ифлосу пур аз ахлот, яъне қуттиҳои яхмос, бештар зарфҳои хурди пластикии оби ташнагишикан, пӯсти офтобпараст, тутаи ҷуворимакка, носу боқимондаи сигор аст. Наход дар як бегоҳ ин қадар ахлоту гирди атроф ифлос шавад? Ҳа, мешавад, инро ҳар саҳар бо чашми сар мушоҳида мекунам. Як мӯйсафеди бечора ҳамроҳи зане машғули тоза карда-ни пасмондаҳои истироҳаткунандагонанд. Аламовар он аст, ки қуттиҳои махсуси барои партоб гузошташуда хо-лию ҳатто як хас надоранд. Гирду атрофи онҳо бошад, ғарами зарфҳои пластмасии обҳои ташнагишикан аст.
Манзараи қатори нуқтаҳои фурӯши сарироҳӣ ва яклухти меваҷоту дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар кӯчаи Логинов (аз терминали Бохтар то охири кӯча) ҳузнангезтар аст. Бегоҳӣ, вақте савдогарон корро анҷом медиҳанд, ҷӯйбори канори роҳ пур аз ифлосӣ-баклашкаю картон, коғазу меваҳои пӯсида мешавад. Дар натиҷа пеши роҳи об баста шуда, тамбашавии об ба амал меояд, он ба канор баромада, роҳро рахна мекунад. Савдогарон ҳатто ҷойи «корашон»-ро тоза накарда, ба хона мераванд.
Ин ҳамаро дида мехоҳам боз аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ ёдовар шавам. Ман зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) ҳастам. Чанд мисоле барои муқоиса аз боғи фарҳангию фароғатии ин ноҳия меорам.
Боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази ноҳия, дар ҷойи ҳозирааш ҷойгир буд. Он бо панҷараҳои тахтагини баландиашон якметра маҳкам карда шуда, бо рангҳои гуногун оро ёфтаанд. Дар дохили он китобхонаи марказӣ, атраксионҳои гуногун, дуконҳои яхмосфурӯшӣ, гулгаштҳо барои кӯдакон, нуқтаҳои хӯрокворӣ, майдончаи рақс ҷойгир буданд. Сари бегоҳ волидон бо кӯдакони худ дар ин ҷо сайругашт мекарданд. Сайругашти онҳо то соати 8-8,5-и шаб идома ёфта, сипас истироҳатҷо ба ихтиёри ҷавонон, ошиқону оилаҳои ҷавон мегу-зашт. Дар толори рақс садои мусиқии форам садо дода, ҷуфти ҷавондухтарону писарон ба рақс меоянд. Тартибу интизом қатъиян риоя шуда, садоҳои гӯшхарош аз ҷониби истироҳаткунандагон шунида намешуд. Дар дохили боғ чокидани носу сигор, дар ҳолати сархушӣ омадан ва ё бо худ овардани шароб низ қатъиян манъ буд.
Дар он давра барои назорати тартибо-ти ҷамъиятӣ аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия “Дружиначиёни халқӣ” ташкил ёфта буд. Онҳо ёрдамчиёни кормандони милиса буданд. “Дружиначиёни халқӣ” дар даст латапораи сурх бо навиштаҷоти “Дружиначӣ” баста, дар кӯчаю хиёбонҳо навбатдорӣ мекарданд ва дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегирифтанд.
Навбатдории онҳо то соати 12-и шаб идома меёфт. Ҳамкории мақомоти милиса бо “Дружиначиёни халқӣ” имкон медод, ки оромиву осудагӣ дар маркази ноҳия таъмин гардида, пеши роҳи ҳар гуна қонунвайронкунӣ гирифта, аз ҷумла маърифати шаҳрнишинӣ риоя мегашт. Имрӯз низ эҳёи ин иқдом, ташкили “Дружиначиёни халқӣ” ба манфиати кор аст.
... Таъкид бояд кард, ки маърифати шаҳрнишинӣ бештар аз ҷониби баъзе сокинони нав ба шаҳр кӯчидаомада, донишҷӯёни соли аввали таҳсил риоя намегардад. Аз ин рӯ, мебояд бо чунин сокинон раисони маҳаллаҳо вохӯриву суҳбатҳои омӯзишӣ гузаронида, қоидаҳои шаҳрнишиниро ба онҳо фаҳмонда диҳанд. Донишҷӯён, дар хонаҳои сокинон иҷоранишинӣ мекунанд. Қисме аз онҳо, ки аз деҳоти дурдаст ба шаҳр меоянд, ҳоло аз маърифати шаҳрнишинӣ маълумоте надоранд. Хуб мешуд агар устодони донишгоҳҳо дарси аввалро бо шогирдон дар ҳамин мавзуъ гузаронида, қоидаҳои буду бошро дар шаҳр фаҳмонанд...
P.S. Тозагӣ - гарави саломатӣ, мегӯянд. Пас, ҳар як сокини шаҳру деҳотро мебояд, ки пеш аз ҳама, ба тозагию поккории хона, шаҳру ноҳияи худ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Зеро тозагӣ низ яке аз талаботҳои маърифати шаҳрнишинӣ аст. Боқӣ, қазоват аз шумост.
С. АТТОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...