Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Тақлидкорӣ. Чаро қоидаҳои ҳаҷравӣ риоя намешаванд?


Тақлидкорӣ. Чаро қоидаҳои ҳаҷравӣ риоя намешаванд?




Дар ҷомеаи кунунии мо баъзе нафарон аз рӯи ҳавову ҳавас ба ҳаҷ мераванд. Иддае аз мардум тамоми роҳу имкониятро истифода мебаранд, то унвони “ҳоҷӣ”-ро ба худ гиранд. Мушоҳида мешавад, ки мардум дар ин маврид ба зиёдаравӣ роҳ дода, аз фарзу  суннати  он  ба  хубӣ  огаҳӣ  надоранд.  Нафароне  ҳастанд,  ки  арзиши  корҳои  хайру эҳсонкориро афзалтар дониста, пайи иҷрои амалҳои неканд. Ба кӣ рафтани ҳаҷ ҷоиз аст? Маросими гуселу пешвози ҳоҷиён чӣ гуна бояд бошад? Чаро мо тақлидкорӣ мекунем? Посухи ин суолҳоро дар матлаб матраҳ намудем.

Садриддин  Ҳабибов,  сокини  Ҷамоати шаҳраки  Исмоили  Сомонии  ноҳияи  Кӯшониён, аз зумраи он зоироне мебошад, ки маблағи барои  адои  ҳаҷҷи  фарзӣ  ҷамъоварӣ  намудаашро дар  корҳои  ободонӣ  ва  бунёдкорӣ  сарф  намудааст. Мавсуф мегӯяд: «Ният доштам, ки имсол ба адои ҳаҷҷи фарзӣ биравам. Падарам ба ман гуфтанд, ки як маротиба ба зиёрати хонаи Каъба  мушарраф  гардидӣ,  акнун  савобу  фазилати зиёрати  хонаи  Худоро  дар  кӯчаи  хеш  ҷӯё  шав. 

Ман ин пешниҳоди падарро ҷонибдорӣ намуда, оилавӣ  бо  кумаку  дастгирии  бародаронам  беш аз 250 метр роҳро, ки кӯчаи Бахтиёр Иброҳимро ба маркази шаҳраки ноҳия мепайвандад, пурра асфалтпӯш намудем». 

Тибқи  иттилоъ,  солҳои  қаблӣ  ин  масофаи роҳ  харобу  ноҳамвор  буд,  мусофирон  ҳангоми убур  аз  ин  макон  изҳори  нигаронӣ  мекарданд. Садриддин  Ҳабибов  азм  дорад,  ки  барои  боз ҳам ободу зебо гардидани маҳала дар роҳи бунёднамудааш  корҳои  чароғонкуниро  ба  роҳ  мо-над, то бошандагони ин маҳалла шабона низ бе мушкилӣ равуо кунанд. 

Солҳои  охир  таваҷҷуҳи  аксари  сокинони кишвар  ба  рафтани  ҳаҷҷи  умра    бештар  шудааст.  Тибқи  мушоҳидаҳо  дар  миёни  мардум рақобат барои дарёфт намудани унвони “ҳоҷӣ” бештар гардидааст. Масъалаи мазкур то ҳадде ба  мавзуи  доғ  табдил  ёфт,  ки  Пешвои  муазза-ми  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни суханронии  хеш  дар  мулоқот  бо  намояндагони  ҷомеа  ва  ходимони  дин  (9-уми  марти  соли равон)  аз  чунин  вазъ  изҳори  нигаронӣ  намуда гуфтанд:  “Танҳо  соли  2023-юм  63  ҳазор  нафар шаҳрвандони  кишвар  маросими  ҳаҷ  ва  умраро  адо  кардаанд  ва  маблағи  ба  ҳисоби  миёна харҷнамудаи  онҳо  ба  беш  аз  1  миллиарду  200 миллион сомонӣ баробар шудааст”. Аз лиҳози ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои иҷрои ҳамаи рас-му  оинҳои  исломӣ,  бахусус  адои  ҳаҷҷи  фарзӣ ва  умра  шароит  фароҳам  оварда  шуда,  монеае  вуҷуд  надорад.  Шаҳрвандон  давоми  сол дастаҷамъона ё инфиродӣ метавонанд озодона ба зиёрати Каъбатуллоҳ раванд. Тибқи иттилои Умарҷон Сафаров, мудири шуъбаи дин, танзими анъана  ва  ҷашну  маросими  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  шумораи ҳоҷиёне,  ки  аз  шаҳру  навоҳии  вилояти  Хатлон давоми соли равон адои ҳаҷҷи фарзиро анҷом додаанд, 1420 нафарро ташкил медиҳад. 

БА КӢ РАФТАНИ ҲАҶ ҶОИЗ АСТ?
Дар дини мубини ислом зиёрати хонаи Худо ба яке аз панҷ рукнҳои асосӣ ба шумор рафта, иҷрои  он  дар  сарчашмаҳои  исломӣ  таъкид  мешавад. Бояд таъкид кард, ки аз ин рукнҳо иҷрои ҳаҷ (чи фарзиву чи умра) ва додани закот, тибқи шариати  ислом,  ба  ашхоси  доро  фарз  аст.  Бахусус, адои ҳаҷ танҳо барои нафароне амр шу-дааст,  ки  имкон  ва  тавоноии  молию  ҷисмонии сафарро  дошта  бошанд.  Тавре  Ҳайдаралӣ  Сафаров,  сархатиби  шаҳри  Бохтар,  мегӯяд:  “Аз нигоҳи дини мубини ислом ҳар нафаре, ки дороиаш ба нисоб бирасад, яъне маблағаш ба ҷое расида бошад, дар ин сурат ҳаҷҷи фарзӣ барояш воҷиб мешавад. Инсон ҳамон миқдори муайяни маблағеро дошта бошад, ки барои хароҷоти роҳ, хароҷоти дар макони муайянгардида басандагӣ кунад.  Ҳаҷҷи  фарзӣ  дар  як  вақти  муайян  дар моҳи зулҳиҷҷа анҷом дода мешавад”. 

ТАҚЛИДКОРӢ ВА ПОДОШИ ОН
Мутаассифона, вақтҳои охир дар ҷомеаи мо қоидаҳои муайяншудаи исломӣ аз ҷониби қисми муайяни  ҳаҷ  ва  ё  умракунандагон  риоя  намешавад.  Таҳлилу  мушоҳидаҳо  нишон  медиҳанд, ки  бештари  ҳаҷкунандагон  ин  нишондодаи Қуръонро  ошкоро  вайрон  намуда,  ба  зиёрати Каъба  мераванд.  Ин  ҳам  дар  ҳолест,  ки  худи ҳамин  афрод  дар  зиндагӣ  мушкилоти  зиёди иҷтимоӣ  доранд.  Ҳаминро  ба  назар  гирифта, Роҳбари давлат хеле бамаврид таъкид кардаанд: «Мо  бояд  як  нуктаи  муҳимро  дар  хотир  дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сарулибос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд». Марбут ба ин масъала Ҳайдаралӣ Сафаров, сархатиби шаҳри Бохтар, чунин ибрози назар намуд: “Вақте ки инсон мехоҳад ибодатеро анҷом бидиҳад, ба монанди ҳаҷ ё умра кардан ва мақсадаш тақлиду риё ва худнамоӣ бошад, аз он ибодат ягон фоидае ба ин инсон намерасад.


Дар  ин  маврид  Расули  акрам  (с)  мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки амалеро анҷом медиҳад ва дар он амал нияти худнамоӣ дорад, дар рӯзи қиёмат назди Офаридгор бармехезад”.

МАРОСИМИ ГУСЕЛУ ПЕШВОЗГИРИИ ҲОҶИҲО
Воқеан,  ҳаҷҷи  умра  танҳо  зиёрат  асту  бас. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз ҳамватанони мо бо карру фарри махсус ба зиёрати Каъба мераванд. Пас аз бозгашт бошад, бо ташкили маъракаҳо, ба монанди ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ сабабгори сарфу харҷи беҳудаи  зиддишариатӣ  ва  зиддиқонунӣ  мешуданд.  Тибқи  муқаррароти  моддаи  13  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: 
1.  Маъракаҳои  гусел,  пешвоз  вобаста  ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронида мешавад.
2.  Ташкили  маъракаҳои  ҳоҷизиёрат,  ҳоҷи-талбон,  ҳоҷиошӣ  ва  маъракаҳои  дигар,  инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. 

“Вақти  ба  хотима  расидани   ин  ибодатҳо ҳоҷиён  ё  умракунандагон  ба  ватан  бармегарданд. Мардуми зиёд ҷамъ шуда, чи қадар матоъ (пойандоз)-и  зиёдро  дар  замин  мегузоранд,  ки ин  хилофи  Қуръону  суннат  аст.  Дар  Қуръон  ва суннат ингуна дастури амал нест”, -таъкид дошт Ҳайдаралӣ Сафаров, сархатиби шаҳри Бохтар. -Баргузории  ин  гуна  маъракаҳои  серхарҷ  манъ гардидааст. Ҳоло бубинед, ки бо сабаби дуруст дарк накардани моҳияти аслӣ ва фазилатҳои зиёрати хонаи Худо як нафар, ки худро мусалмони комил мепиндорад, сабабгори то кадом дараҷа вайрон  шудани  муқаррароти  шариат  ва  қонун мегардад.

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН
Мулоқоти Пешвои миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби сокинони шарафманди кишвар хуш пазируфта шуд. Иддае аз сокинони ватандӯсту хештаншиноси вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Роҳбари  давлатро  сармашқи  кори  хеш  қарор дода, як қатор корҳои некро ба анҷом расонидаанд. 

Тибқи  иттилои  Умарҷон  Сафаров,  мудири шуъбаи  дин,  танзими  анъана  ва  ҷашну  мароси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар 5 ноҳияи вилояти Хатлон аз ҷониби нафарони  хайрхоҳу  эҳсонкор  корҳои  ободонию  созандагӣ-сохтани  пул,  чароғонкунии  роҳу кӯчаҳо,  таъмиру  азнавсозии  роҳҳои  маҳаллии нақлиётӣ,  ба  истифода  додани  синфхонаҳои иловагӣ  ва  кофтани  чоҳҳои  амудӣ  барои  баро-вардани об ба анҷом расидааст. Албатта, ин аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, анҷом додани чунин корҳои хайр аҷру фазилати бештар дорад. Чи тавре ки Ҳайдаралӣ Сафаров, сарха-тиби шаҳри Бохтар, мегӯяд: “Як маротиба дар умри инсон анҷом додани ҳаҷ фарз аст. Дар сурати як маротиба ҳаҷ кардан дигар шарт нест,  ки  такрор  ба  такрор  адои  ҳаҷ  намуд.  Ҳаҷҷи такрорӣ, ки шуд, ин дар назди Парвардигор ибодати нофила ҳисобида мешавад ва аз ибодати нофила дида садақаи ҷория бештар аст. 

Садақаи ҷория як навъи хайре ҳаст, ки ҳамеша дар номаи аъмоли инсон китобат мешавад. Дар ин  маврид  Паёмбари  мову  шумо  мефармоянд, ки вақте одам аз дунё гузашт, номаи аъмолаш баста мешавад, ба ҷузъ аз се гурӯҳ: нафароне, ки дар зиндагиашон садақаи ҷорияро анҷом додаанд.  Масалан,   ба  монанди  сохтани  пуле,  ки рафтуомади  ду  деҳаро  осон  намуд  ё  боғе  бун-ёд кардан ё ба деҳаи ташналаберо обёрӣ намудан ва бунёди бинои таълимӣ. То он замоне, ки мардум аз ин садақаи ҷория истифода мебарад, савобаш  китобат  шудан  мегирад.  Ҳаҷ  ва  умраи такрорӣ ибодати нофила аст, ки дар сурати анҷом додани он мо савоб мегирем, аммо ҳамон  як  лаҳза.  Садақаи  ҷория  бошад,  сабаби  баста  нашудани  номаи  аъмоли  инсон  мегардад  ва  то  рӯзи  қиёмат  савобаш  дар  номаи  аъмоли  инсон  дарҷ мегардад”. 

Аз ин рӯ, ҳар як инсони хайрхоҳу нексириштро  лозим меояд, ки имкони молӣ доранду мехоҳанд  якчанд маротиба ҳаҷ ва ё умра кунанд, ба як ма-ротиба  қонеъ  намуда,  маблағҳои  ҷамъовардаи  худро  барои  корҳои  хайру  эҳсонкорӣ  сарф  кунанд.  Зеро  ин  амалҳо  низ  аз  савоби  зиёрати  хонаи Худо камтар нест. Дар китоби муқаддаси  Қуръон  амалҳои  накукорӣ  ва  хайрот  пайваста  таъкид мешавад. 

А. РИОЕВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода