Дар асарҳояш нақшҳои чаканро ёфтаанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 246
Ҳаёт ва фаъолияти рассоми чирадаст, ростқавлу соҳибистеъдод Ҷонибек Асозо-да, намунаи ибрат аст. Барои рассомони ҷавон мактабест, ки меҳнатдӯстӣ, донишмандӣ, устуворӣ, тамкину таҳаммул, меҳру муҳаббат ва хислатҳои неки инсониро аз ӯ меомӯзад.
Ҷонибек Асозода соли 1954 дар деҳаи 25 – солагии Инқилоби Октябри ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор таваллуд шу-дааст. Баъди хатми мактаби миёна ба коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1979 бо баҳои аъло ба итмом расонидааст.
Фаъолияти кориашро соли 1980 бо ташкил намудани мактаби рассомии бачагонаи ноҳияи Восеъ оғоз намудааст. Чун ба рассомӣ шавқу рағбати беандоза дошт, мехост, ки бевосита фаъолияти кориашро аз муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун рассом оғоз намояд. Муддате саррассоми театри Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Ҳамзамон ташкилкунанда ва мудири шуъбаи рассомии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов мебошад.
Директор ва ташкилкунандаи осорхонаи «Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб» (2000-2024). Айни ҳол устод иҷрокунандаи вазифаи профессори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва саррассоми Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб аст.
Номбурда соли 1983 барои иштирок дар намоишгоҳи бонуфӯз дар шаҳрҳои Москва, Ялта ва Липетск бо медалҳо қадрдонӣ шудааст. Соли 1987 бошад, барои тасвирҳои беҳтаринаш аз ҷониби Иттиҳоди Шуравӣ бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бенуқсон ва тасвирҳояшро ба инобат гирифта, мавсуфро соли 2000 бо медали «Хазмати шоиста» қадрдонӣ намудааст. Соли 2006 дар фестивали сеюми театрҳои Эронзамин ширкат варзида, унвони “Беҳтарин рассом”- ро ба номи худ муҳр зад. Ногуфта намонад, ки пажуҳишгарон аз рӯи асарҳои офаридаи элементҳои қадимаи нақшҳои тоҷикии чаканро бо номҳои “Ҳамбастагӣ” “Зардуштӣ”, “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек“ ва “Гули анор“-ро дарёфтанд.
Соли 2008 Унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон” ва соли 2014 унвони фахрии «Академики Академияи Мусаввирии Тоҷикистон»-ро сазовор гашт. Офаридаҳояш дар осорхонаҳои шаҳри Бохтар, минтақаи Кӯлоб ва дар коллексияҳои шахсии давлатҳои хориҷа арзи ҳастӣ доранд. Намоиши асарҳояш дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Хоруғ.
Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод барпо шудааст.
Асозода муаллифи зиёда аз 600 асари санъа-ти тасвирӣ, 80 намоишномаҳои театрӣ, 60 на-моиши сиёсию фарҳангӣ, рассом ва ороишгари
зиёда аз 25 китоби шоирон мебошад.
Асарҳои Ҷонибек Асозода дорои маъниву муҳтавои баланд мебошанд. Махсусан, яке аз асарҳои зебову дилфиреби офаридааш бо номи “Лайло куҷост?” дорои фалсафаи аҷоиб буда, худи рассом сабаби офаридани ин асарро чунин шарҳ додааст: “Ман, ки тӯли 25 сол дар театри вилоятии Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб кор кардам, ҳамон вақт як суруди бисёр машҳур бо номи “Лайло куҷост, ки бо ишқ як соябон бисозад”-ро гӯш кардам ва дар дилам ҳамин асарро гуё дида бошам, асарро офаридам”.
АЛИШЕРИ А., «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...