Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Муборизаи дастҷамъона мебояд


Муборизаи дастҷамъона мебояд




Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад. Терроризм бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон вазъ муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарин дар асри XXI табдил ёфтааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, мо онро маҳкум менамоем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳамагон мубориза баранд.

Ҷ. МАҲМАДРИЗОЗОДА,
муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар,
майори адлия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода