Мавзуна шуҳратофари Хатлонзамин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 239
Бокс аввалин бор дар Миср ва Бобул пайдо шудааст. Пасон, дар Англия дар асри XVII онро ба бозӣ табдил доданд, ки бидуни дастпӯшак буд. Аммо соли 1867 муштзанӣ ё худ бокс ба меъёрҳои муайяне дароварда, бо дастпӯшак анҷом доданашро шуруъ карданд. Баъд аз муддати тӯлоние бокс ҳамчун як навъи варзиш ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид карда шуд. Минбаъд дар ҷаҳон баргузории он ҳамчун анъана қабул шуд.
Дар Тоҷикистон навъи варзиши бокс маъмулу машҳур аст. Варзишгарони ин ҷода пайваста дар мусобиқаву бозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ қувваозмоӣ мекунанд. Ҳарчанд мардҳо зиёдтар дар ин ришта иштирок мекунанд, аммо занҳоеро низ метавон пайдо кард, ки дар баробари мардҳо қувваозмоӣ намуда, номи худу кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.
Қаҳрамони матлаби мо варзишгар-муштзани номдори кишвар миёни занон Мавзуна Чориева мебошад. Мавзуна 1-уми октябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш, ки худ ба варзиш завқ дошт, мехост фарзандонаш низ варзишгар бошанд. Нахуст, дар айёми кӯдакӣ Мавзуна аз падар нозукиҳои намуди варзиши гӯштинро омӯхта, тамрин мегирад. Баъдан, дар қалби Мавзуна меҳри бокс зиёдтар шуда, шуруъ аз ҳафтсолагӣ ба он машғул мешавад. Нозукиҳои ин намуди варзишро низ омӯхта, хуб тамрин мекунад ва дар мусобиқаҳо ширкат меварзад.
Ӯ аввалин зани муштзани тоҷик мебошад, ки соҳиби медали бозиҳои олимпӣ гардидааст. Нахуст, соли 2010 дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни 60 кг аз рӯйи намуди варзиши бокс баромад намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Мутаассифона, дар Чемпионати ҷаҳон натавонист, ки муваффақ шавад. Ду сол баъд, соли 2012, дар шаҳри Синхуандаои Чин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор гардид, ки Мавзуна аз рӯйи ҳамин навъи варзиш соҳиби медали биринҷӣ гардида, роҳхат барои иштирок дар бозиҳои олимпии Лондонро соҳиб шуд. Дар он мусобиқа Мавзуна Чориева дар даври ниманиҳоӣ бар Антонина Шевченкои қирғизистонӣ ва Эстелла Моселлии фаронсавӣ бо бартарии рӯшан ғолиб омада, соҳиби муҷаввизи олимпӣ шуд. Баъдан, дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз размкори ирландӣ Кэти Тейлор шикаст хӯрд.
Дар он шабу рӯз номи Мавзунаи қаҳрамон вирди забони тоҷикистониён гардида буд. Худи ҳамон сол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ медали “Шараф”, дараҷаи 2 тақдим гардид. Ҳоло устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2014 дар ҷараёни яке аз мусобиқаҳо ҷароҳат бардошта, муддате аз бокс худро канора гирифт. Аммо саҳнаи варзишро тарк накарда, фаъолияташро ҳамчун мураббии риштаи бокс идома дод. Дар ин раванд, соли 2015 дар Чемпионати Осиё дар вазни 60 кг иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари фаъолият, ҳамчунин бонуи хонадон низ ҳаст. Соли 2012 оиладор шуда, ҳоло соҳиби ду фарзанд мебошад.
Дар ин раванд, Мавзуна шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки аксарияташон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзанд, ки ин боиси хушнудиаш аст.
Мо низ дар ин роҳи басо заҳматталабу серталош барои ин бонуи муштзан комёбиҳо хоҳонем.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...