Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАРАЗИТОЛОГИЯ АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ИНСОН


ПАРАЗИТОЛОГИЯ АҲАМИЯТИ ОН ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ИНСОН




Имрӯзҳо масъалаи ҳифзи саломатии ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳимми зиндагии инсон табдил ёфтааст. Дар баробари  бемориҳои  сироятӣ,  бемориҳое  низ  ҳастанд, ки аз ҳисоби паразитҳо ба вуҷуд меоянд ва ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида метавонанд. Бо мутахассиси соҳаи тиб Садафмоҳ Амиршоева, мудири озмоишгоҳи паразитологии  МНДСЭ-и  шаҳри  Бохтар  дар  ин  мавзуъ ҳамсуҳбат шудем, ки муҳтавои онро ба Шумо хонандагони азиз, пешниҳод менамоем.

- Паразитология чӣ илм аст ва он чӣ аҳамият дорад?

- Паразитология яке аз бахшҳои муҳимми  илмҳои  биология  ва  тиб мебошад. Ин соҳа паразитҳо, яъне организмҳое,  ки  аз  ҳисоби  дигар мавҷудоти зинда зиндагӣ мекунанд, меомӯзад.  Паразитҳо  метавонанд дар  бадани  инсон,  ҳайвонот  ва ҳатто растаниҳо зиндагӣ карда, ба онҳо зарар расонанд. Аз ҳамин хотир, омӯзиши паразитология барои ҳифзи  саломатии  инсон  аҳамияти бисёр калон дорад.

Калимаи “паразит”  аз  забони юнонӣ  гирифта  шуда,  маънои “аз  ҳисоби  дигар  зиндагӣ  кардан”-ро дорад. Паразит бе мизбон зиндагӣ карда наметавонад. Ӯ аз организми мизбон ғизо гирифта, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мегардад.

-  Кадом  намудҳои  паразитҳо бештар ба инсон таъсир мерасонанд?

-  Паразитҳо  чанд  гурӯҳ  доранд.  Аз  ҷумла,  протозоаҳо,  ки организмҳои  якҳуҷайра  мебошанд. Масалан, амёба ва лямблия ба  ҳамин  гурӯҳ  дохил  мешаванд. 

Гурӯҳи  дигар  гелминтҳо  ё  кирмҳо мебошанд, ки метавонанд дар рӯда,  ҷигар ва дигар узвҳои инсон зиндагӣ кунанд.

Ҳамчунин,  паразитҳои  беруна, ба монанди шапуш ва кенҷаҳо низ  вуҷуд  доранд,  ки  дар  пӯст  ва мӯйи  сар  зиндагӣ  намуда,  боиси бемориҳои гуногун мешаванд.

- Одамон  бештар  чӣ  гуна  ба паразитҳо сироят меёбанд?

-  Сабабҳои  сироят  гуногунанд.  Бештар  тавассути  оби  ифлос,  истеъмоли меваю сабзавоти ношуста ва риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ  паразитҳо ба бадани инсон роҳ меёбанд. Инчунин  тамоси  зиёд  бо ҳайвоноти хонагӣ, агар онҳо аз ташхис ва табобат нагузашта бошанд, метавонад сабаби сироят гарданд. 

Дар баъзе ҳолатҳо паразитҳо тавассути хок ва ҳатто газидани ҳашарот ба организм ворид мешаванд.

-  Нишонаҳои  бемориҳои паразитӣ чӣ гунаанд?

- Аломатҳои  ин  гуна  бемориҳо гуногун  буда,  баъзан  инсон  ҳатто дарк  намекунад,  ки  гирифтори паразит  шудааст.  Дарди  шикам,  дилбеҳузурӣ,  дарунравӣ,  қабзият,  хастагии доимӣ, камшавии иштиҳо ва  паст  шудани  вазн  аз  ҷумлаи нишонаҳои маъмул мебошанд.

Ҳолатҳои  аллергия,  хориши  пӯст  ва  доғҳо  низ  метавонанд аз  мавҷудияти  паразитҳо  дарак диҳанд.  Мутаассифона,  баъзе бемориҳо  дер  муайян  мешаванд, зеро нишонаҳояшон норавшан аст.

-  Ташхис  ва  табобати  чунин бемориҳо чӣ гуна анҷом дода мешавад?

-  Табибон  вобаста  ба  ҳолати бемор  ташхиси  хун,  пешоб  ё наҷосатро  таъин  мекунанд.  Дар баъзе мавридҳо ташхиси ултрасадо ва усулҳои дигари муосир истифода мешаванд.

Табобат  бо  доруҳои  махсус  анҷом  дода  мешавад.  Аммо худтабобаткунӣ бисёр хатарнок аст.  Зеро ҳар як намуди паразит дору ва усули махсуси табобати худро дорад. Бинобар ин, бемор бояд ҳатман бо тавсияи духтур табобат гирад.

- Барои пешгирии бемориҳои паразитӣ чӣ бояд кард?

-  Пешгирӣ  аз  табобат  осонтар аст.  Риояи  қоидаҳои  одии  гигиенӣ метавонад  инсонро  аз  бисёр бемориҳо  муҳофизат  намояд.  Шустани дастон бо собун, истифодаи оби тоза, шустани меваю сабзавот,  нигоҳ доштани тозагӣ дар хона ва муҳофизат  аз  ҳашарот  аз  ҷумлаи чораҳои муҳим мебошанд.

Махсусан,  ба  кӯдакон омӯзонидани  одатҳои  гигиенӣ аҳамияти калон дорад. Зеро саломатии ҷомеа аз оила оғоз меёбад.

Имрӯзҳо  бо  зиёд  шуда-ни  сафарҳо  ва  тамоси  инсон  бо муҳитҳои гуногун хатари сироятёбӣ бештар гардидааст. Аз ҳамин сабаб, баланд  бардоштани  маърифати тиббии мардум бисёр муҳим мебошад.

Ҳар  шахс  бояд  нисбат  ба  саломатии  худ  беэътино  набошад ва қоидаҳои одии беҳдоштро риоя намояд.  Зеро  саломатӣ  неъмати бебаҳои зиндагист. 

Рамазони МИРЗОМИДДИН, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода