Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОИЛА– ПОЯИ АСОСИИ ҶОМЕА


ОИЛА– ПОЯИ АСОСИИ ҶОМЕА




Оила  барои  ҳар  инсон  нахустин  мактаби зиндагӣ ба шумор меравад. Маҳз дар муҳити оила инсон ба дунё омада, қадамҳои аввалини ҳаётро мегузорад, сухан гуфтан,  эҳтиром намудан, дӯст доштан ва зиндагӣ карданро меомӯзад. Агар оила солиму устувор бошад, ҷомеа низ орому пешрафта мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, оиларо пояи асосии давлат ва ҷомеа унвон мекунанд.

Воқеан,  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ва аъзои онро ҳимоя менамоянд. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа зери ҳимоя қарор додааст. Дар моддаи33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад. Зану марди ба синни никоҳрасида ҳуқуқи барпо намудани оиларо доранд ва дар муносибатҳои оиладорӣ зану шавҳар баробарҳуқуқ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке  аз  суханрониҳояшон  чунин  таъкид  намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва барои ташаккули шахсияташон шароити мусоид фароҳам оварад, чунин фарзандон дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб пайдо намуда, ба падару модар ва Ватан нафъи бештар мерасонанд.

Мардуми  тоҷик  аз  қадимулайём  ба  оила  ва  арзишҳои хонаводагӣ  эҳтироми  хоса  доранд. Дар фарҳанги миллӣ эҳтироми падару модар, нигоҳубини фарзандон, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ҷойгоҳи баланд дорад. Бузургони миллат ҳамеша таъкид мекарданд, ки инсони боодо-бу бофарҳанг маҳз дар оилаи солим тарбия меёбад. Агар дар хона муҳаббат, эҳтиром ва якдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, фарзандон низ бо ахлоқи ҳамида ба камол мерасанд.

Имрӯз, дар шароити ҷаҳони муосир масъулияти оила боз ҳам бештар гардидааст. Пешрафти техникаву технология, рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун ба тар-бияи фарзандон таъсири худро мерасонанд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода,  онҳоро  дар  руҳияи  ватандӯстӣ,  эҳтироми  арзишҳои миллӣ ва инсондӯстӣ ба камол расонанд.

Нақши модар дар пойдории оила бисёр бузург аст. Модар чароғи хонадон, тарбиятгар ва сарчашмаи меҳру муҳаббат мебошад. Ӯ бо меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва ғамхориаш фарзандонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Ҳамзамон, падар низ,  ҳамчун саробони хонадон, барои таъмини рӯзгор ва тарбияи фарзандон масъулияти бузург дорад. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн оилаи хушбахт бунёд мегардад.

Фарзанд неъмати бебаҳои зиндагӣ аст. Ҳар як падару модар орзу дорад, ки фарзанди соҳибилму соҳибкасб ва ватандӯст тарбия  намояд.  Барои  расидан  ба  ин  мақсад  муҳити  солими оилавӣ аҳаммияти калон дорад. Кӯдаконе, ки дар муҳити меҳрубонӣ ва эҳтиром ба воя мерасанд, дар оянда шахсиятҳои арзанда мегарданд.

Дар маҷмуъ, оила пояи асосии ҷомеа ва сарчашмаи тарбияи инсони комил мебошад. Ҳифзи арзишҳои оилавӣ, таҳкими муносибатҳои  хонаводагӣ  ва  тарбияи насли солим вазифаи ҳар як шаҳрванди  ҷомеа  ба  ҳисоб  меравад. Танҳо бо оилаи солим метавон  ҷомеаи пешрафта ва давлати ободу неруманд бунёд кард. 

Ҳуронбӣ МИРСАЙЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода