Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗОРИ МЕҲНАТ ЧӢ МУШКИЛОТ ДОРАД?


БОЗОРИ МЕҲНАТ ЧӢ МУШКИЛОТ ДОРАД?




Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он яке аз мушкилоти асосии бозори меҳнат бекорӣ маҳсуб меёбад, ки дар чунин вазъият коҳиш додани барзиёдии қувваи корӣ нисбат ба ҷойҳои корӣ роҳи нисбатан босамар мебошад.

Оид  ба  ин  масъала  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёмашон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 декабри  соли 2025  қайд намуданд, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ  мавқеи  асосӣ  дорад.  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Гузариш  ба  муносибатҳои  бозорӣ дар низоми технологӣ тағйироти баландсуръат ба амал овард, ки боиси тағйир ёфтани сифат, афзалият, тахассусмандӣ ва мустақилияти қувваи корӣ гардид. Дар чунин шароит барои ҳалли мушкилоти мутобиқшавӣ ба бозори меҳнати муосир кормандро зарур аст, ки бояд қобилияти ба зудӣ аз бар намудани донишҳои нав ва иваз намудани касбро дошта бошад. 

Барои  таҳлил  ва  баҳодиҳии ҳолат  ва  рушди  бозори меҳнат  дар  вилояти  Хатлон нишондиҳандаҳои асосии онро дида мебароем (Расми1).




Маълумоти  омори  расмии  вилояти  Хатлон  нишон  медиҳад,  ки  аҳолии вилоят 35-36%-и  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ташкил  дода,  афзоиши миёнасолонаи он дар давраи панҷ соли охир ҳудуди 12,1%, аҳолии синни қобили меҳнат 11,3%  ва ҳиссаи кормандони кироякор  дар  шумораи  аҳолии  синни қобили меҳнат 7,0% -ро ташкил дод. 

Ҳиссаи  назаррас  доштани  аҳолии вилоят аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи рушди бозори меҳнат тариқи зиёд намудани ҷойҳои корӣ мубрам дониста мешавад. Вобаста ба шумораи қувваи корӣ  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  инфрасохтори  иқтисодиро  рушд  додан мувофиқи  мақсад  мебошад.  Гарчанде шумораи кормандони кироякор дар вилояти Хатлон солона ба ҳисоби миёна 5,1% зиёд мешавад, ин афзоиш кофӣ нест, зеро дар минтақа 60,4%-и аҳолӣ дар синни қобили меҳнат қарор доранд, вале танҳо як қисми онҳо бо кор таъмин шудаанд. Ба ҳисоби миёна ба ҳар як корманди расмӣ тақрибан 4,5 нафар аҳолии қобили меҳнат рост меояд, ки ин нишон медиҳад, ки ҷойҳои корӣ кам буда, талаботи аҳолӣ ба шуғл пурра қонеъ намешавад. Аҳолии синни қобили меҳнат қисми асосии аҳолии вилоятро ташкил медиҳад,  яъне  тақрибан 60% одамон дар синне мебошанд, ки метавонанд кор кунанд. 

Ҷой  доштани  мушкилоти  таъмини шуғл дар сатҳи вилоят низ бо ҳиссаи назарраси ин қисмати фаъоли аҳолӣ вобаста мебошад. Натиҷаи таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки кормандони кирояи вилоят танҳо 24,0 - 25,0%-и аҳолии синни  қобили  меҳнатро  ташкил менамоянд. Тавре аз маълумоти ҷадвал дида мешавад, ҳиссаи кормандони кироякори вилояти Хатлон дар шумораи аҳолии синни қобили меҳнат қаноатбахш  нест.  Ҳолати мазкур  аз  рушди  нисбатан ноустувори  бозори  меҳнати минтақа  шаҳодат  медиҳад,  чунки таъсиси ҷойҳои корӣ ва фарогирии  қувваи  корӣ  дар сатҳи кифоя ба роҳ монда нашудааст. 

Тавре қайд карда шуд, яке аз мушкилоти асосии бозори меҳнат дар минтақаи Хатлон номувозинатии  талабот  ва таклифоти қувваи корӣ бо иллати маҳдудияти ҷойҳои корӣ мебошад. 

Расми 2. Диаграммаи  бекорӣ дар  вилояти  Хатлон  аз рўйи  категорияҳои  гуногуни захираҳои меҳнатӣ 




Тавре аз маълумот бармеояд, бекорӣ дар вилояти Хатлон соли 2025 нисбат ба соли 2024 тамоюли  коҳишёбӣ  дошта,  ба ҳисоби миёна шумораи бекорон дар ҳаҷми 0,44% кам гардидааст. Ин рақам аз ҳисоби бекории мардон ба андозаи 1,4% кам  шуда  ва  афзоиши  бекории  занон 0,6%-ро  ташкил  медиҳад.  Дар шароити маҳалҳои деҳотнишини вилояти Хатлон, ки қисми зиёди занон хонашин ҳастанд, аз ин ҳисоб шумораи бекоронро афзоиш медиҳад. Бекорони синну  соли  аз 25 то 29-сола  низ  давоми  солҳои 2024-2025 (2,1%) майли камшавиро дорад, аммо дар маҷмуъ,  назаррас  будани  шумораи  бекорон аз ҳисоби синну соли мазкур то андозае  нигаронкунанда  мебошад.  Чунки ҳолати мазкур рақобатпазир набудани аҳолии фаъоли иқтисодии вилоятро аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ нишон медиҳад. Баҳри коҳиш додани шумораи бекорони категорияи мазкур рушди ҳамкории бозори хизматрасониҳои соҳаи маориф ва бозори меҳнат ногузир аст. 

Дар  сатҳи  вилоят  инфрасохтори иқтисодие,  ки  имконияти  дар  сатҳи қаноатбахш фарогирии шуғли аҳолиро дошта  бошад,  нисбатан  кам  мебошад. Барои  исботи  нуктаҳои  зикршуда  инфрасохтори  иқтисодӣ  ва  дигар нишондиҳандаҳои  ҳаёти  иҷтимоию иқтисодии  вилояти  Хатлонро  дар ҷадвали 2 дида мебароем. 

Тавре аз маълумоти ҷадвали 2 бармеояд, қисми зиёди нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят тамоюли мунтазами афзоишёбӣ доранд, ҳол он ки бозори меҳнат дар минтақа то ба ҳол рушди устуворро соҳиб нагаштааст.

Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар вилояти Хатлон 




Новобаста  аз  он,  ки  давоми солҳои 2020-2024 шумораи  корхонаю ташкилотҳои шахсони ҳуқуқӣ бо шумораи 31617 адад ва корхонаҳои муштарак 31 адад  зиёд  гардидааст,  ҳиссаи кормандони кироя дар вилоят 24,2%-и  шумораи  аҳолии  қобили  меҳнатро ташкил медиҳад, ки ин рақам дар шароити афзоиши мунтазами қувваи корӣ манфиатнок  нест.  Баҳри  дар  сатҳи назаррас  ба  шуғл  фаро  гирифтани аҳолии  синни  қобили  меҳнат  беҳтар  мебуд, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳудуди вилоят дар заминаи корхонаҳои азими хусусигардонидашуда ва ҳамзамон аз фаъолият бозмонда корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд карда шаванд. Чунки қисми зиёди инфрасохтори  гуфташуда  таъйиноти  иҷтимоӣ дошта,  афзоиши  шумора  ва  рушду пешрафти онҳо барои васеъ намудани ҷойҳои корӣ, таъмини шуғл ва коҳиш додани бекорӣ дар сатҳи лозимӣ мусоидат намекунад. 

Яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки  вилоят,  ки  дар  самти  таъмини  шуғл ва  маводи  озуқаворӣ  нақши калидӣ дорад, соҳаи кишоварзӣ мебошад.  Тибқи  маълумоти  омори  расмӣ,  наздики 65%-и аҳолии дар иқтисодиёт дигар хизматҳои ба инҳо алоқаманд фаъолият менамоянд. 

Барои  муайян  намудани  талаботу  такли-фоти  захираҳои  меҳнатӣ  дар  бозори  меҳнати минтақаи  Хатлон,  механизми  идоракунии  он  на танҳо  бо  нишондиҳандаҳои  оморӣ,  балки  тавассути коэффитсиентҳои  баҳодиҳии  захираҳои  меҳнатӣ  низ амалӣ  карда  мешавад.  Ин  коэффитсиентҳо  имкон медиҳанд,  ки  вазъи  воқеии  бозори  меҳнат,  дараҷаи шуғл, бекорӣ ва самаранокии истифодаи қувваи корӣ ба таври дақиқтар таҳлил карда шаванд.

Аз  ҷумла,  коэффитсиенти  қувваи  корӣ  нишон медиҳад, ки чӣ қадар қисми аҳолии қобили меҳнат дарфаъолияти иқтисодӣ иштирок доранд. Ҳамзамон, коэффитсиенти шуғл сатҳи бо ҷойи кор таъмин будани аҳолиро  инъикос  менамояд.  Коэффитсиенти  бекорӣ бошад, фарқияти байни талабот ва таклифоти қувваи кориро нишон дода, барои муайян намудани мушкилоти бозори меҳнат замина фароҳам меорад. 

Расми3. Диаграммаи баҳодиҳии коэфитсиенти захираҳои меҳнатӣ Илова бар ин, коэффитсиенти таносуби ҷойҳои кории холӣ ба шумораи бекорон яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки сатҳи мувозинати бозори меҳнатро муайян мекунад. Агар ин нишондиҳанда паст бошад, он гувоҳи зиёд будани таклифоти қувваи корӣ нисбат ба талабот мебошад.

Аз  таҳлили  коэффитсиентҳои  ҷадвал  бармеояд,  ки  аксари  нишондиҳандаҳо  ба 1,01–1,07 наздик  мебошанд, ки ин тағйироти нисбатан муътадили сохтори  захираҳои  меҳнатиро  нишон  медиҳад.  Афзоиши аҳолии қобили меҳнат (аз 2 080 900 то 2 129 492 нафар)  ва зиёд шудани аҳолии шуғлнок (аз 506 500 то 513 900  нафар) шаҳодат медиҳад, ки дар вилояти Хатлон тамоюли афзоиши нерӯи меҳнатӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамзамон, коҳиши шумораи бекорон ва шахсони расман ба қайдгирифташуда дар мақомоти шуғл нишон медиҳад,  ки  вазъи  бозори  меҳнат  нисбатан  устувор боқӣ мемонад. Дар маҷмӯъ, ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ ва дурнамои наздик имконияти минбаъдаи афзоиши аҳолии синни қобили меҳнат ва васеъ гардидани захираҳои меҳнатӣ вуҷуд дорад.

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд,  ки  дар  самти  рушди бозори  меҳнат  тариқи  зиёд  намудани  инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна (аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ) корҳои назаррасро анҷом бояд диҳем. Рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, фаъолияти тиҷоратӣ (тиҷорати хурд), фаъолияти мустақили касбӣ, аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ барои ташаккули  инфрасохтори  бозори  меҳнати  минтақавӣ, таъмини шуғли ҳиссаи назарраси захираҳои меҳнатӣ ва ҳалли мушкилоти барзиёдии қувваи корӣ нисбат ба ҷойҳои корӣ мусоидаткунанда мебошанд. Вобаста ба он, ки зиёда аз 82%-и аҳолии вилояти Хатлон дар шароити деҳотнишин зиндагӣ менамоянд, рушди бозори меҳнати аграрии минтақа муҳим арзёбӣ мегардад. 

Таҳлил ва омӯзиши бозори минтақавии меҳнат собит месозад, ки дар сатҳи минтақа таъмини устувории сиёсати давлатии танзими шуғл аҳамияти калон дорад ва ин сиёсат барои таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии  мусоидат  ба  шуғл,  ки  чораҳои  ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар бар мегиранд, истифода мегардад. 

Вале, дар назди иштирокчиёни бозори  минтақавии меҳнат як қатор мушкилотҳо ҷой доранд, ки ҳалли онҳо аз дастгирии давлатӣ ва мақомоти  маҳаллӣ  вобастаанд. 

Мушкилоти ташаккули бозори минтақавии меҳнат дар шароити муосир гуногунҷабҳа буда, ба рушди устувори  иқтисодии  минтақа  таъсири  назаррас  мерасонанд. Аз ҷумла: 
-  ҳамоҳангсозии  таҳсил  бо  бозор(муассисаҳои таълимӣ бояд барномаҳои таълимиро ба талаботи воқеии корфармоён наздик кунанд. Ихтисосҳои нави самтҳои талаботдошта- IT, муҳандисӣ, иқтисоди меҳнат, логистика зиёд карда шаванд);
- омӯзиши  касбии  иловагӣ- (барои  одамоне,  ки касбашон талабот надорад, курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ  ташкил  кардан.  Омӯзиши  малакаҳои  нав: 
компютер, забонҳо, идоракунӣ, фриланс ва ғайра);
-  пешгӯии  бозори  меҳнат - (пешгуи  кардани ҳолатҳое, ки 3-5 сол пас кадом касбҳо маъмул меша-ванд. Ин маълумот ба ҷавонон барои интихоби касб кӯмак мекунад);
- роҳнамоии касбӣ  барои  ҷавонон(проф.ориентатсия);
- ҳамкорӣ бо корфармоён; 
- рушди нокифояи инфрасохтори бозори меҳнат (марказҳои шуғл, хизматрасониҳои миёнаравӣ); 
- сатҳи пасти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонӣ; 
- набудани дастгирии кофии соҳибкории хурду миёна.

Инчунин,  норасоии  маълумоти  дақиқ  дар  бораи ҷойҳои холии корӣ, паҳншавии шуғли ғайрирасмӣ ва фарқияти назарраси рушди иқтисодӣ байни минтақаҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ташаккули самараноки бозори минтақавии меҳнатро бозмедоранд. 

Барои ҳалли мушкилоти бозори минтақавии меҳнат андешидани чораҳои иловагӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии низоми таҳсилот бо талаботи бозор ва баланд бардоштани малакаву тахассуси коргарон тавассути курсҳои бозомӯзӣ ниҳоят зарур аст. Дар минтақаҳо ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ метавонад сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад. 

Ҳамзамон,  рушди  инфрасохтори  бозори  меҳнат - марказҳои шуғл ва платформаҳои рақамӣ  доштани иттилоотро беҳтар карда, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва имтиёзҳои иқтисодӣ ба афзоиши ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Бо  мақсади  беҳтар  намудани  вазъи  бозори минтақавии меҳнат чунин пешниҳодҳо ироа карда мешаванд:

1.  Ба  таври  назаррас  роҳандозӣ  намудани ҳамкориҳои  байни  марказҳои  касбомӯзӣ  ва  бахши воқеии иқтисод, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори минтақавии меҳнат, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиши амалӣ ва густариши шарикӣ бо корфармоён имкон фароҳам меорад, ки сатҳи омодагии  касбии  аҳолӣ  ва  шуғлнокӣ  баланд  бардошта шуда, инчунин мувозинати устувори байни талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ таъмин карда шавад.

2. Бунёд ва рушди корхонаҳои кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузорӣ густариш дода шуда, барои васеъ намудани заминҳои кишт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истифодаи самараноки замин шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то ки ҳосилнокии меҳнат баланд гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолии минтақа беҳтар гардад.

3.  Дар  бозори  меҳнат  маҳсуб  ёфтани IT  ва технологияҳои  рақамӣ,  сохтмон  ва  муҳандисӣ,  тиб,  логистика ва хизматрасонӣ, ҳамзамон муҳим будани рушди тамоюлҳои нав, аз ҷумла афзоиши кори онлайн ва фриланс, пешрафти иқтисоди рақамӣ ва зарурати баланд  бардоштани  малакаҳои  рақамӣ  ва  омӯзиши забонҳои  хориҷӣ,  аз  қабили  англисӣ  ва  русӣ,  баҳри фароҳам овардани имкониятҳои бештари шуғл, баланд шудани  рақобатпазирии  қувваи  корӣ  ва  дар  натиҷа, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ.

Н. САФАРОВА,
омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети молиявию иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода