ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён корҳои ободониву созандагӣ, бахусус мумфаршнамоии роҳҳои маҳаллӣ бо суръати баланд идома дорад.
Имрӯз, 15 май, бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои роҳсозӣ раиси Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳия сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои мумфаршнамоӣ дар деҳаи Гулзор боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ масъулин иттилоъ доданд, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони ватандӯст то имрӯз беш аз 6 километр роҳҳои дохилии деҳаи Гулзор пурра мумфарш гардида, ҳамзамон наздик ба 1 километри дигар роҳ бо паҳноии 4 метр асфалтпӯш карда шуда истодааст.
Қайд гардид, ки ин иқдоми созанда ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт, осон шудани рафтуомади сокинон ва зеботар шудани муҳити зист мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон ва фаъолони маҳаллӣ барои ҳисси баланди ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва зебову назаррабо гардонидани маҳалли зисташон изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин корҳои хайр бояд минбаъд низ идома ёбанд, то барои дигарон намунаи ибрат гарданд.
Ба гуфтаи сокинон, дар баробари мумфаршнамоии роҳҳо, инчунин корҳои насби қубурҳои обрав, сохтмони даҳлезҳо ва гузоштани симчӯбҳои муосир низ амалӣ шуда истодааст, ки дар оянда симои деҳаро боз ҳам зеботару замонавӣ мегардонад.
Сокинони деҳаи Гулзор иброз медоранд, ки бо чунин иқдомҳои созанда деҳа рӯз то рӯз ободу пешрафта гардида, ба як маҳалли намунавӣ табдил меёбад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...