Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

«Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем. Дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд».
Эмомалӣ РАҲМОН, Пешвои миллат
Вақте ки дар хонадон тифли навзод ба дунё меояд, хушнудию хурсандии аҳли он оила ҳадду канор надорад. Чунин хурсандӣ дар оилаи мо низ рух дод. 6 сентябри соли1989 бо тавлиди фарзанди нахустинамон ман модар шудаму шавҳари меҳрубонам падар. Ба тифли ба дунёомада бо орзую умедҳои зиёд Алишер ном гузоштем.
Дар аввал тифлаки дӯстрӯякамон солим ва хеле хуб инкишоф меёфт. Вале баъдтар, дар 4-моҳагӣ ногоҳ таби баланд ӯро ноором гардонид ва мо фарзандамонро ба беморхона бурдем. Маълум гардид, ки Алишерамон ба бемории шадиди илтиҳоби пардаҳои майна(менингит) гирифтор гаштааст. Акнун хурсандии мо ба ғам табдил ёфт. Ҳолати Алишер хеле вазнин буд. Баъди табобати зиёд ҳолати ӯ оҳиста- оҳиста беҳтар мешуд. Вале инкишофи ӯ бо мушкилӣ мегузашт. Ҳарчанд медидам, ки ташаккули организми Алишер нисбат ба ҳамсолон суст буд, вале боварӣ доштам, ки ӯ шифо ёфта, ба ҳамсолонаш баробар ме-шавад.
Ҳодисае, ки он вақт ба сарам омад, ҳеҷ аз ёдам фаромӯш намешавад. Рӯзе тасодуфан варақаи тиббӣ ба дастам афтод. Дар он натиҷаи ташхиси шунавосанҷӣ(аудиограмма) сабт шуда буд, ки Алишер ношунаво аст. Ҳуш аз сарам парид. Акнун дар ман як ҳолати руҳафтодагӣ пайдо шуд. Ғамгин гаштам. Вале шавҳари меҳрубонам ҳамеша дастгирам буд, ба якдигар тасаллӣ медодем ва иродаи худро қавитар месохтем, чунки дар оилаи мо меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар асоси оиларо ташкил мекард.
Аввалин кӯшиши мо аз он иборат буд, ки ӯро ба боғчаи бачагона барем. Бо ин мақсад ба мудири шуъбаи маорифи собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа(ҳозира Бохтар) шодравон У. Мӯминов муроҷиат намудем. Хоҳиш кардем, ки фарзандамонро ба боғча қабул намоянд, чунки дар он давра кӯдакони нуқсондорро ба боғча роҳ намедоданд.
Вақте ки дар чорабиниҳои тарбиявии боғчаи №19 падару модаронро даъват мекарданд, мо аз кордонии мураббӣ Савринисо Саидшоевна қаноатманд будем, ки ба Алишер нақшҳоеро мегузошт, ки аз уҳдааш ба хубӣ мебаромад. Мураббӣ ба ӯ бештар аҳамият медод.
Алишерро баъди хатми боғча соли 1995 дар синни 6-солагӣ барои таҳсил ба мактаб-парваришгоҳи ҷумҳуриявии ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ бурдем. Таҳсил дар он давра дар ин мактаб хеле мушкил буд.
Бо ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, мо ҳар рӯзи ҷумъа ба мактаб-парваришгоҳи номбурда рафта, 2 рӯз фарзандамонро дар хона бо меҳру муҳаббат иҳота мекардем. Бо меҳру муҳаббати аҳли оила ва омӯзгорон ин таҳсилро дар ин даргоҳ Алишер хатм намуд.
Акнун мо ҳамаи суханҳои ӯро мефаҳмидем ва бо ӯ дар муошират будем. Бо ташаббуси ҷамъияти кару гунгҳои собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа бачаҳои қобилияти мошинронӣ доштаро ба муассисаи Иттифоқи автомобилчиёни собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа дар курсҳои ронандатайёркунӣ ба омӯзиш фаро гирифтанд. Алишер дар 19-солагӣ курси ронандагиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гашт. Акнун вай ба орзуи деринаи худ расид, барои идора намудани воситаи нақлиёт падараш ба ӯ боваринома(доверенност) дод. Синну соли ӯ барои ташкили оила мувофиқ шуд.
Бисёриҳо маслиҳат медоданд, ки ба ӯ арӯси солими бенуқсон интихоб намоем. Ману шавҳарам ба назди одамони ношунаво рафта, дар ин боб суҳбатҳо кардем. Пас аз ин вохӯриҳо ва бо маслиҳати ҳамдигар ба ӯ арӯси нозанине, ки забонаш лакнат дошт, интихоб намудем.
Як оилаи хушбахт ташкил шуд. Худованд барояшон фарзандони солеҳ ҳадя намуд ва ба онҳо бо муҳаббати зиёд Муҳаммад, Юсуф ва Абубакр ном гузоштанд. Муҳаммад, Юсуф ва Абубакр забони гӯё доранд. Забони имову ишораро дар муошират бо падару модар истифода мебаранд. Дар тарбияи фарзандонашон низ мо кумак мекунем.
Маҳз солимии хонавода, меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмиамон сабаб шуд, ки ба тарбияи фарзанди нуқсондорамон муваффақ шудем. Алишер во-ситаи нақлиётро бисёр хуб идора карда метавонад.
Бо технологияи информатсионӣ алоқаи хуби корӣ дорад. Корҳои ҷисмониро дӯст медорад ва дунёи зебои худро дорад. Дар расм тасвирҳои хеле зеборо рӯи коғаз меорад. Ба мо ва атрофиён муҳаббати бепоён дорад. Зиндагиро дӯст медорад ва аз меҳнати худ ҳаловат мебарад. Кишту кори замини назди ҳавлигиро меписандад. Алишер меҳнатдӯст аст, дар корҳои ҷамъиятии маҳалла ва ҷамъияти ношунавоён иштироки фаъолона меварзад. Дӯстони зиёд низ дорад. Барои ба ин дараҷа расидан мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардан лозим омад. Шахсан ман ҳамчун модаре, ки фарзанди ношунаво дорам, дар чандин семи-нару конфренсияҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдакони нуқсондор иштирок кардам.
Дар моддаи 9-уми қонуни «Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» омадааст: «Ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳидоштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ, руҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд».
Ношунавоӣ яке аз намудҳои маъюбӣ ба ҳисоб меравад. Дар кӯдаки ношунаво ҳисси танҳоӣ ва нофаҳмиҳо пайдо мешавад. Ба кӯдакони ношунаво ҳамчун кӯдакони дигар муҳаббат ва аҳамияти падару модар ва наздиконашон лозим аст, то ки онҳо солим ва хушбахт ба воя расанд. Онҳо бояд даванду бозӣ кунанд, саривақт хӯрок хӯранду хоб раванд ва бо атро-фиён суҳбат кунанд. Ба кӯдаки ношунаво барои аз худ кардани иртиботи дуруст ёрии мову шумо лозим аст.
Пеш аз ҳама, аҳли ҷомеа, хусусан падару модаре, ки фарзанди ношунаво дорад, бояд забони имо-ву ишораро ба ҳамаи аҳли оила ёд диҳанд. Забони имову ишора забони махсус буда, дорои алифбои панҷаҳо мебошад.
Кӯдакони ношунаво бо омӯзиши забони имову ишора ба чӣ муваффақ мешаванд?
- дараҷаи дониши худро баланд мебардоранд;
- муҳити иҳотакардаро дарк карда метавонанд;
- хусусиятҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии худро инкишоф медиҳанд;
- ҳиссиёт, эҳсосот, хоҳиш ва ақоиди худро ифода менамоянд.
Таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки донистани забони имову ишора ҳамчун дигар забонҳо барои ҳар як фарди ҷомеа ҳатмист. Дар ҷомеае, ки сохти демократиро интихоб намудааст ва технологияи инноватсионӣ ворид шудааст, аз нафарони ношунаво бояд истифода бурд. Шахсони ношунаво чунин ақида доранд: «Одами ношунаво ҳама корро карда метавонад». Дар ҳақиқат ҳам бо донистани забони имову ишора, бо гирифтани таҳсилот онҳо ҳамчун шахсони комилҳуқуқ дар ҷомеа эътироф мешаванд.
Дар раванди инкишофи шахсияти фарзанд масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст, чунки фарзандон муносибати худро ба олами атроф, пеш аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.
Ҳамин тавр, таҷриба нишон дод, ки дар натиҷаи тарбияи дуруст ва таълими муттасил кӯдакони нуқсондорро низ мо метавонем ҳамсафару ҳамнафаси ҷомеа созем ва онҳоро ба созандаи ҳаёти фардо табдил диҳем.
Гулбаҳор БОБОЕВА,
номзади илмҳои педагогӣ
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
