ДУ КИТОБИ НАВИ КОМИЛӢ АЗ ЧОП БАРОМАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар доираи солҳои 2026-2030 “Солҳои маърифати китобхонӣ дар вилояти Хатлон” ду китоби тозанашри Абдулҳай Комилӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳти унвонҳои «Мунтахаби ғазалиёт ва мухаммасот» ва «Савганди Буқрот» ба дасти хонандагон расиданд.
Маҷмуаи «Мунтахаби ғазалиёт ва мухаммасот», ки аз 100 саҳифа иборат мебошад, беҳтарин ғазалу мухаммасоти муҳаққиқро дар бар гирифтааст. Дар ашъори китоб мавзуъҳои муҳимми инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми падару модар, ахлоқи ҳамида ва ватандӯстӣ бо сабки баланду таъсирбахш инъикос ёфтаанд.
Ғазалҳои «Хоҳиш», «Сафар», «Орзу», «Эй дил», «Шиква», «Мадҳи модар» ва «Фарёди падар» аз ҷумлаи осори пурмазмуни маҷмуа буда, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати эҷодии муаллифро бозтоб менамоянд.
Ҳамзамон, китоби илмӣ-таҳқиқотии «Савганди Буқрот», ки дар ҳаҷми 128 саҳифа нашр шудааст, ба масъалаҳои муҳимми таърихи тиб, ахлоқи пизишкӣ ва аҳаммияти савганди пизишкон бах-шида шудааст.
Абдулҳай Комилӣ дар асоси сарчашмаҳои илмӣ ва таърихӣ нақши Буқротро дар ташаккули илми тиб, фарҳанги пизишкӣ ва арзишҳои инсонгароёна мавриди таҳлил қарор додааст. Дар китоб инчунин мавзуъҳои марбут ба савганди пизишкони Тоҷикистон ва ҷойгоҳи ахлоқи тиббӣ дар ҷомеа баррасӣ шудаанд.
Нашри ин ду китоб бароидӯстдорони адабиёт ва муҳаққиқонисоҳа туҳфаи арзишманд буда, метавонад дар боло бурдани маънавиёт, худшиносӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонон нақши муҳим гузорад.
Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...