Сабрина Салимова: «Голи задаи ман тиллоӣ ҳисобида шуд»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 286
Варзиш новобаста аз давру замон, шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихӣ воситаи беҳтарини солимгардонии инсон мебошад. Беҳуда варзишро гарави саломатӣ намегӯянд.
Футбол як шохаи варзиш ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар ҷаҳон хеле рушд карда, сермухлистарин намуди варзиш ба ҳисоб меравад. Он дар Тоҷикистон низ мавқеи хосро касб кардааст. Шомил шудани дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 ба ҳаштгонаи беҳтарин, далели рушди футбол дар Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, футболи занона низ то ба ҳадде дар кишвар рушд карда, ҷавондухтарони болаёқат ба он ҷалб карда мешаванд.
Қаҳрамони матлаби мо Сабрина Салимова футболбоздухтаре мебошад, ки дар дастаҳои занонаи вилояти Хатлон бозӣ мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба футбол майлу рағбати беандоза дошт. Ҳоло бозингари дастаи футболи занонаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар мебошад. Ҳамеша дар ҳоли тамрин асту саъй мекунад, то дар ҳар як бозӣ фаъол бошаду маҳорати баланди бозӣ нишон диҳад.
Аз сабабе ки дар оила фарзанди хурдӣ буд ва ягон бародар надошт, падараш ӯро ба мисли писар тарбия кардааст. Ҳарчанд падар барои бозӣ карданаш дар дастаҳои футбол зид набуд, аммо модар ва аҳли дигари оила ба футболбоз шудани Сабрина зид буданд. Сабринаи хурдсол ҳамоно аз орзуи худ даст накашида, бо дуои падар ин роҳро идома дод. Ӯ мегӯяд, ки модараш то ҳол ба футболбозии ӯ муқобил аст.
- Аз хурдӣ футбол бозӣ мекунам, ҳамеша либосҳои бачагона пӯшида, мегаштам. Падарам ҳеҷ вақт монеи бозиҳои ман намешуд. Ӯ худ пайваста мехост, ки маро дар майдони футбол бинад. Аз сабабе, ки духтарон на он қадар зиёд футболбозӣ мекарданд, бисёр бо писарҳо ба майдон мебаромадам. Дӯстонам низ аз ҳисоби писарон назар ба духтарон зиёдтар буданд. Дар кӯча ва майдонҳои деҳаамон писарон ҷамъ мешуданд ва дар байнашон ман ягона духтаре будам, ки ҳамроҳашон футболбозӣ мекардам. Аз сабабе ки ҷуссаи хурд доштам, аксаран маро нодида мегирифтанд, аммо баъдан, ҳангоме бозиҳоямро диданд, розӣ шуданд, ки ба онҳо ҳамроҳ шавам, - мегӯяд Сабрина.
Айни замон Сабрина хатмкунандаи ихтисоси журналист-тарҷумони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Ӯ духтари чусту чолок буда, омӯзгорон низ аз дарсхонӣ ва одоби хубаш тавсиф мекунанд. Дар баробари он, ки дар футболҳои байни дастаҳои занона бозӣ мекунад, ҳамчунин узви дастаи волейболбозони донишгоҳ низ ҳаст. Дар аксари бозиҳо ҳамчун ҳамлагар иштирок мекунад. Чуноне ки худ иброз медорад:
- Сармураббӣ ҳеҷ вақт маро дар ҳайати захиравӣ нагузоштааст. Ман ҳамеша дар ҳайати асосӣ бозӣ мекунам. Сармураббӣ ҳар гоҳ таъкидам мекунад: «Ту новобаста аз афтидану хестан, боз ҳам бозии хуб мекунӣ ва ҷуссаи хурд дорӣ, аз ин рӯ, метавонӣ ҳамчун ҳамлагар як бозии хуб нишон диҳӣ».
Аввалин бор дар синфи ҳафт буданаш шомили дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор шудааст. Баъдан, дар ҳайати дастаҳои “ Панҷшер ” - и Ҷалолиддин Балхӣ ва “Вахш”- и шаҳри Бохтар ҳунари худро нишон додааст. Маврид ба зикр аст, ки ин варзишгар дар ҳайати дастаи мантахаби Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ кардааст.
Дар ҳайати дастаи мунтахаб бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ карда, ҳамчунин ҳангоми бозӣ бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон маҳорати баланд нишон дода, ягона голи тоҷикдухтаронро вориди дарвозаи ҳариф намудааст.
“Як гол задам ва голи ягона буд. Аввалин маротиба буд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаб иштирок мекардам. Хеле ҳаяҷон доштам. Голи ба ҳадаф расонидаи ман голи тиллоӣ ҳисобида шуд”, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Сабрина дар ҳоли ҳозир 22 сол дорад ва аз ҷодаи интихобкардаи худ розӣ аст. Дар оянда низ нақша дорад, ки боз ҳам дар самти футбол худро такмил дода, бозиҳои хуб нишон диҳад. Ба Сабринаи серталош комёбӣ хоҳонем.
Шаҳодат ХОЛОВА , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...