Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои навбатии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026


Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои навбатии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026




Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили яккачинҳои Урдун (6 июн, Аммон) ва Покистон (11 июн, Душанбе) омода мешавад, эълон кард.

Ба тими миллии Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 май ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Қатар меравад, ки он ҷо то 2 июн мемонад. 3 июн мунтахаби Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Урдун ба Аммон парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 6 июн, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Пас аз бозӣ бо Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва 11-уми июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бар зидди тими миллии Покистон анҷом медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода