Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Географ шудан орзуи ман буд


Географ шудан орзуи ман буд




Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан муҳол аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат тайи солҳои охир барои рушди илми муосир ва ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ як қатор озмунҳоро роҳандозӣ намуданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” яке аз онҳо мебошад. Бо яке аз ғолибони озмуни мазкур, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Насиба Мирзозода мусоҳибае доштем ва муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Ҳамчун иштирокчии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» чӣ таассурот доред?

-Шавқу рағбатам нисбат ба фанни география аз давраи хурдсолиам хело зиёд буд. Бо маслиҳати устодон тасмим гирифтам, ки дар озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «география» иштирок намоям. имсол ба зинаи болотари озмун расидам.

-Воқеан ҳам иштирок намудан дар чунин озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, ки сарпарасти он Пешвои илмдӯсту маърифатпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, худ як ғолибият аст. Ба даст овардани ҷоиза бошад, барои ман як лаҳзаи хотирмону фаромӯшнашуданӣ буд. Ҳамон лаҳзаҳо аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Ин яке аз лаҳзаҳои беҳтарини ҳаётам буд.

- Шумо аз кай ба география шавқ пайдо кардед?

-Аз хурдсолӣ ба фанҳои табиӣ, махсусан фанни география шавқ дорам. 

Вале бе донистани фанҳои химия, математика, физика ва астрономия азхуд намудани масълаҳои гуногуни география ғайриимкон аст. Барои аз худ намудани фанҳои физика ва математика саҳми падарам Музаффар Миралиев калон аст. Чунки агар шахс хоҳад мавзуъҳои алоҳидаи фанни географияро пурра аз худ намояд, бояд математикаро хуб донад. Масалан, барои муайян намудани баландии нисбӣ ё мутлақ, муайян намудани ҳарорати ҳаво, ё агар ҳавопаймо дар 10 000 метр аз сатҳи замин баланд бошад, ҳарорати ҳаво дар сатҳи замин 20 +С гарм бошад, пас ҳарорат дар баландии болозикр ба чанд градус баробар аст, дониши фанҳои дақиқро талаб мекунад.

-Ғолибият дар озмунҳо чӣ гуна ба даст омад?

-Тӯли чанд сол аст, ки дар озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда истодаам. Соли 2022 дар озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи география то давраи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта будам, аммо ҷойи ифтихорӣ ҳам ба ман муяссар нагардид. Ин ҳолат маро руҳафтода накард.

Ман дар назди худ мақсад гузошта будам, ки дар соли оянда бояд бо тайёрии хуб ба озмун равам. Ҳамин тавр, ҳам шуд. Соли 2023 ман дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи «география» сазовори ҷойи дуюм гардидам.

- Барои муваффақ шудани Шумо кӣ кумак кард?

-Барои омода намудани ман саҳми омӯзгорони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ калон аст.

Роҳбари ман мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, номзади илмҳои география, дотсент Шералӣ Гадоев мебошад. Саҳми устод дар омода шудани ман бузург аст, чунки устод тамоми паҳлуҳои равияи фанҳои табиатшиносӣ ва иқтисодиро ба ман фаҳмониданд.

Маҳз дастгирӣ ва роҳнамоиҳои устод буд, ки ман аз рӯйи номинатсия «география» дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардидам.

Ҳамаи довталабон дар рафти сабқат дар озмуни мазкур бо омодагии ҷиддӣ иштирок доштанд ва мубориза бурдан бароям хело душвор буд. Дастоварди ман натиҷаи заҳматҳои устодонам ва падару модарам мебошад. Дар ғолиб гардиданам, маҳз бо дастгирию дуои неки онҳо ман ба ин мартабаҳо расидам.

-Барои озмун чӣ гуна ва асосан дар куҷо тайёрӣ медидед? 

- Барои омодагӣ ба озмун дар назди кафедраи география ва сайёҳӣ синфхонаи географияи табиӣ мавҷуд аст, ки дар он иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳо аз тамоми муассисаҳои олии минтақаи Кӯлоб ва қисме аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сарҷамъ мешаванд ва доир ба масъалаҳои гуногуни географияи табиӣ ва иқтисодӣ баҳсҳои гурӯҳӣ бо иштироки устодони кафедра мегузаронанд.

- Барои ҷоиза мубориза бурдан душвор набуд?

- Ҳар як шахс, ки дар назди худ мақсаде мегузорад, бояд ба худ боварӣ дошта бошад. Дар озмун бо омодагии  ҷиддӣ иштирок доштам ва боварӣ доштам, ки ғолибиятро ба даст меорам.

-Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ба ҷуз ғолибият ва мукофотпулӣ ба Шумо чӣ дод?

- Дар озмун иштирок карда, натанҳо ғолибиятро ба даст овардам, инчунин сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ гардонидам. Ба ғайр аз донистани фанни география боз донистани фанҳои математика, физика, астрономия лозим буд. Ба шарофати ин озмун ман тавонистам ин фанро хубтар аз худ кунам ва тавонам дар озмун дилпурона ширкат  намоям.

-Кадом роҳҳо метавонад ҷавононро ба илмомӯзӣ таблиғ кунад?

-Мо-ҷавонони зодаи даврони Истиқлол шукргузор аз он ҳастем, ки дар чунин як давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, демократӣ ва ягона умр ба сар мебарем. 

Тамоми имкониятҳоро истифода бурда, дониши худро васеъ менамоем. Барои мо-ҷавонон шароити хуб муҳайё шудааст. Натанҳо дар озмунҳо иштирок мекунем, инчунин дар дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок карда, мавқеи худро нисюати замони муосир баён менамоем.

-Баъд аз хатми донишгоҳ чӣ мақсад доред?

- Дар оянда мақсад дорам, ки дар дигар озмуну олимпиадаҳо иштирок намоям. Барои идома додан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мехоҳам баъди хатми зинаи бакалавр ба шуъбаи магистратура дохил шавам. Баъд боз таҳсиламро дар зинаи докторантура ҳамчун муҳаққиқ идома дода, баҳри тарбия намудани насли ояндасози миллат хизмат намоям.

Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода