Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҳаёти ҷомеаро бе интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Фейсбук, Тик-Ток, Инстаграм, Одноклассники, Вконтаке ва ғайра ба ҳадде ба ҳаёти мо ворид гардидааст, ки як соати умри худро бе онҳо сипарӣ карда намешавад. Яке дар онҳо вақтро мегузаронад, дигаре филм мебинад, сеюмӣ худро ба намоиш мегузораду маҳсулоташро тарғиб менамояд, чорумӣ бошад, иттилоъ меҷӯяд...
Дар фазои маҷозии Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм хеле маълуманд. Имрӯз дар баробари шаҳрвандон мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои гуногун саҳифа, профил ва гурӯҳҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода, аз ҷараёни фаъолияти худ хабар пахш менамоянд. Агар аз як ҷониб, доштани чунин абзорҳои интернетӣ дар амалӣ шудани барномаи «ҳукумати электронӣ» мусоидат намоянд, аз ҷониби дигар дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот васеъ шуда, шаффофияти фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ назорат ва танзим мегардад.
Дар ин матлаби худ мо фаъолияти саҳифа, профил ва гурӯҳҳои мақомоту ташкилотҳои давлатии вилояти Хатлонро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди таҳлил қарор додем.
Системаи ҷустуҷӯйии Фейсбук вобаста ба калимаи «Хатлон», «Вилояти Хатлон» 57 гурӯҳ, 30 профил ва 27 саҳифаро пешниҳод менамояд, ки ба ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон тааллуқ дошта, дар номи онҳо калимаи «Хатлон» дида мешавад.
Гурӯҳи «ҲХДТ дар вилояти Хатлон» мансуб ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон буда, тақрибан шаш сол пеш ташкил гардид ва зиёда аз 8,8 ҳазор обуначӣ дорад. Таҳлил нишон дод, ки дар як рӯз зиёда аз 10 мавод аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, чорабиниҳои идеологӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияи вилоят интишор мегардад.
Дар ҳамин баробар КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар Фейсбук профилеро бо номи «ҲХДТ Хатлон (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)» бо 4,9 ҳазор «дӯст» ва саҳифаеро бо номи «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН» бо 1,5 ҳазор обуначӣ дорад. Маводҳо ҳам дар гурӯҳ ва ҳам дар профил интишор мегарданд. Мутаассифона, саҳифаи «ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН» аз оғози соли 2023 инҷониб фаъолият надорад. Гурӯҳҳои «Ташаббусҳои ҳизбӣ», «Волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон», «Тҷҷ «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ Хатлон», «Занони ҳунарманди ҲХДТ дар вилояти Хатлон» имрӯз ба гӯшаи фаромӯшии масъулин рафтааст.
Гурӯҳҳои «МАОРИФИ ХАТЛОН», «Раёсати маорифи вилояти Хатлон», се профил бо номи «Раёсати Маорифи вилояти Хатлон» ва «Маорифи Хатлон» зоҳиран ба Раёсати маорифи вилоят тааллуқ доранд.
Гурӯҳи «МАОРИФИ ХАТЛОН» 25 феврали соли 2020 таъсис ёфта, то имрӯз 1,6 ҳазор обуначӣ дорад. «Гурӯҳ ба хотири паҳн кардани иттилоот оид ба фаъолияти Раёсати маорифи вилояти Хатлон» таъсис дода шудааст. Аъзои гурӯҳ метавонанд ҳар матлаберо, ки ба соҳаи маориф дахл дорад, дар он ҷой диҳанд. Таълифоти берун аз ахлоқ ва ғаразнок поккорӣ мешаванд»,- омадааст дар иттилоияи гурӯҳ.
Маъмурони гурӯҳ профилҳои «Боғчаи бачагонаи Ш. Бохтар», «Раёсати Маорифи Вилояти Хатлон» ва «Назокат Касимова» мебошанд. Сайр дар гурӯҳ нишон дод, ки маводҳои нашршуда назорат ва танзим намешавад, зеро дар он матлабҳои гуногунсоҳа, фурӯши молу маҳсулот, маводҳои рекламавӣ, хабарҳо дар бораи ҳашару ниҳолшинонӣ ва ғайра интишор мешавад. Фаъолтарин истифодабарандагони гурӯҳ «БАХШИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ НОРАК» , «Изатулло Алиев», «Араби Дустмурод», «Шарифхон Тиллоев» мебошанд, ки аслан матлабҳои саҳифаҳои худ ва дигар гурӯҳҳоро бознашр менамоянд.
Гурӯҳи дигар «Раёсати маорифи вилояти Хатлон» ном дошта, тақрибан ду сол пеш таъсис ёфта, ба он 5,7 ҳазор нафар истифодабарандагони фейсбук обуна шудаанд. «Раёсати Маорифи Вилояти Хатлон», «Сафар Алӣ» ва «Маъруф Абдуллоев» маъмурони гурӯҳанд.
Гурӯҳи мазкур аз ҷониби профили «Раёсати Маорифи Вилояти Хатлон» назорат ва танзим мешавад. Маводҳои гурӯҳ асосан ба соҳаи маорифи вилоят рабт дошта, маъмурон кӯшиш менамоянд, ки хабару дастовардҳо, мақолаву матлабҳоро саривақт дастрас намуда, соҳаи маорифи вилояти Хатлонро муаррифӣ кунанд.
Сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки муроҷиати сокинону шаҳрвандон ба онҳо зиёд аст. Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар Фейсбук гурӯҳи пӯшидаеро бо номи «Милитсияи Хатлон» таъсис додааст. Гурӯҳ 3,2 ҳазор обуначӣ дошта, профилҳои «Милитсияи Хатлон», Erkin Bobozoda ва Офоқ Ҷумахонзода маъмурони гурӯҳ мебошанд.
Профили «Милитсияи Хатлон» нисбати гурӯҳи ҳамном фаъол буда, ҳар рӯз 3-5 хабару гузориш оид ба фаъ-олияти ин ниҳод, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, баргузории чорабиниҳои мухталиф интишор ва бознашр мекунад.
Саҳифаи «Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон» дар ҳамин баробар яке аз фаъолтарин саҳифаҳои фазои интернетии вилояти Хатлон буда, зиёда аз 15 ҳазор обуначӣ дошта, аз фаъолияти РВКД ҳамарӯза иттилои гуногунро интишор менамояд.
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо ҳамин унвон дар ин шабакаи иҷтимоӣ соли 2020 гурӯҳе таъсис дода, мунтазам аз фаъолияти худ матлабҳо интишор менамояд. 2 ҳазор нафар ба он обуна буда, матлабҳои интишоршуда хислати маълумотӣ ва иттилоотӣ дошта, дар бештари маврид аз гурӯҳи фейсбукии Вазорати молияи Тоҷикистон бознашр мешаванд.
Фарҳанг яке аз бахшҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад ва дар муаррифӣ намудани маданияту тамаддуни тоҷикон нақши босазое дорад. Табиист, ки доштани гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин соҳа хеле муҳиму мададгор хоҳад буд. Дар ин шабакаи иҷтимоӣ Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ду гурӯҳ «Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон» (1,5 ҳазор обуначӣ, аз соли 2022) ва дигаре «Раёсати Фарҳанги в. Хатлон» (175 обуначӣ, аз соли 2020) мавҷуд аст. Профили «Мустафои Ватан (Раёсати Фарҳанги Вилояти Хатлон)»-ро низ вохӯрдан мумкин аст.
Гурӯҳи дуюм аслан аз ҷониби «Саидмурод Боймуродов» идора шуда, охирин маводи интишоршуда дар санаи 22 октябри соли 2020 мебошад.
Гурӯҳи дигар нисбатан фаъол буда, 4 маъмур ва 2 модератор дорад. Гурӯҳ аз ҳисоби маводҳои бознашршуда аз дигар гурӯҳу саҳифаҳои фейсбукии зерсохторҳои Раёсати фарҳанг пур карда мешавад, ки аксари онҳо матлабҳои «Китобхонаи марказонидашудаи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар» ва «БАХШИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ НОРАК» мебошанд. Аҳён –аҳён матлабҳои дигар шаҳру ноҳияҳо низ дида мешавад.
«Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии в. Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин» яке аз гурӯҳҳои фаъолтарини фазои маҷозии вилояти Хатлон буда, тайи се соли охир матлабҳои хонданиву ҷолибро интишор менамояд. Гурӯҳи мазкур сирф соҳавӣ буда, доир ба соҳаи китобу китобдорӣ ва фаъолияти китобхонаи мазкур иттилоъ паҳн мекунад. «Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар», муаррифии китобҳои гуногун, машварат ба китобдорон ва гуфтори бузургон дар бораи китобу китобхонӣ аз рубрикаҳои асосии он ба шумор мераванд.
Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» ҳарчанд, бо ҳамин ном гурӯҳ дошта бошад ҳам, вале он камфаъол буда, иттилое дарёфт намудан душвор аст.
Гурӯҳи «Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон» ҳазор нафар обуначӣ дошта, як сол пеш таъсис ёфтааст. Ҳарчанд, матлабҳои интишор ва бознашршудаи гурӯҳ ба соҳаи экология ва муҳити зист рабт дошта бошанд ҳам, вале муаллифон гуногунанд.
«Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон» 11 моҳ мешавад, ки ба фазои иттилоотӣмаҷозии вилояти Хатлон ворид гашта, то ба имрӯз ҳазор обуначӣ дорад. Маъмурони гурӯҳ мақола, хабару гузоришҳо оид ба фаъолияти Раёсат ва сохторҳои он, дастовардҳои занони вилоят, муаррифии занони муваффақро нашр мекунад.
Дар фазои интернетии вилоят кормандони Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш аз фаъолтарин истифодабарандагон ба шумор мераванд. Дар баробари Раёсат (“РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН”) тамоми бахшу шуъбаҳои ин сохтор дар фейсбук гурӯҳ, саҳифа ва профилҳои бешумор доранд.
Дар фазои маҷозии вилоят гурӯҳҳое ба монанди “Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и вилояти Хатлон” (216 иштирокчӣ), “МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОМИ С. РАҲИМОВ” (759 иштирокчӣ), “РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН” (3,7 ҳазор иштирокчӣ), саҳифаҳои “Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон” (2,9 ҳазор иштирокчӣ), “Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” (1,2 ҳазор иштирокчӣ), “Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и вилояти Хатлон” (816 иштирокчӣ), “Бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон” (214 иштирокчӣ), “Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” (136 иштирокчӣ), “Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон” (1,1 ҳазор иштирокчӣ), “Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 3-и вилояти Хатлон” (806 иштирокчӣ), “Муассисаи давлатии мактаби варзишии 4-и вилояти Хатлон” (130 иштирокчӣ), “Маҳфили “Адибони ҷавони”-и РКҶВ в. Хатлон” (775 иштирокчӣ) мавҷуд аст.
Аксар вақт дар ин абзорҳои интернетӣ матлабҳо аз саҳифаҳои якдигар бознашр ё такроран нашр карда мешаванд, ки фазои иттилоотиро матлабҳои якрангу нусхаафзоишуда пур мекунад. Бар замми ин, қариб ҳамаи саҳифа, профил ва гурӯҳҳо дар акси асосӣ рамзи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштаанд.
Ҷойи нигаронист, ки дар фазои иттилоотӣ-маҷозии вилояти Хатлон гурӯҳҳои баъзе ташкилоту корхонаҳои вилоят кайҳо ташкил шуда, аммо имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Баъзеи онҳо дар шаш моҳи охир ягон матлабе интишор накардаанд. Гурӯҳҳои “Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ВАО-и вилояти Хатлон”, “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон”, “КВТЧММ-В ХАТЛОН”, “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон”, “Филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар вилояти Хатлон”, “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон”, профилҳои “Равобити Хатлон, “Шуъбаи Рахш-и Хатлон”, “Суди иқтисодии Вилояти Хатлон”, “Мдмв.З. В.Хатлон”, “Кв Тчмм Хатлон”, “Иттифоқи Касабаи Хатлон”, “Рхдо Вилояти Хатлон, “Раёсати Муҳоҷирати Хатлон”, “Беморхонаи Сили Вилояти Хатлон” (ду профил), “Иттифоқи Касабаи Маорифи Хатлон”, “Осорхонаи Вилояти Хатлон”, “Хатлон Синамо”, “Мттхс-и В.Хатлон”, “Меҳтарони Хатлон”, саҳифаҳои “Маънавиёти Хатлон”, “Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон”, “Раёсати Агентии мехнат ва шугли ахоли дар вилояти Хатлон”, “Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон”, “Раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон”, “Агентии нафақаи вилояти Хатлон”, “ТВ “Ҷаҳоннамо” - и вилояти Хатлон”, “Раёсати адлияи вилояти Хатлон, “Кишоварзии Хатлон” низ мавҷуданд.
Ҳарчанд истифодабарандагон аз онҳо иттилооти заруриро дастрас карда натавонанд ҳам, вале рақамҳои кории телефонҳои баъзе мақомот, суроғаҳои почтаҳои электронӣ, мавқеи ҷойгиршавии онҳоро дастрас карда метавонанд.
Сифати пасти аксҳо, як матлабро дар чанд ҷо интишор-бознашр намудан, риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, муаллифи аниқ ва доимӣ надоштан, танзим нагардидани матлабҳо, нашр шудани матлабҳои ғайрисоҳавӣ, худсарона кор кардани баъзе аз кормандону масъулини мақомотҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нашри матлабҳои ғайрирасмӣ, надоштани даврияти интишору матлабҳои эксклюзивӣ ва ғайра проблемаҳое мебошанд, ки дар рафти таҳлил муайян карда шуданд.
Метавон хулоса намуд, ки масъулини муассисаву ташкилотҳои вилояти Хатлон ин абзори кумакрасонро ба таври заруриву дуруст истифода набурда истодаанд.
Зеро доштани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ агар масъулият бошад, аз тарафи дигар идора намудан, онро пеш бурда, муаррифӣ кардан дар интернет паҳлуи дигари масъала мебошад.
Масъулинро мебояд, сари ин масъала ҷиддӣ корбарӣ намуда, барои ба талабот мувофиқ намудани саҳифа, профил ва гурӯҳҳои фейсбукиашон чораҳои зарурӣ андешанд.
Баистифодабарандагону корбарони интернетро барои муайяну мушаххас намудани саҳифаи иҷтимоии худ лозим аст, ки як саҳифаро аниқу дақиқ намуда, онро фаъол намоянд. Дуюм, яке аз кормандонро (хуб мешуд, агар мутахассиси соҳа бошад) барои кор бо сомонаҳои иҷтимоӣ масъул бояд кард.
Толиб Толибз ода , «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.