Иди Рамазон меояд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 210
Нафаре, ки аз ин неъмати илоҳӣ дуруст истифода бурда тавонист, саодатманд аст. Ҳар касе забонро аз ғайбату дашном, буҳтон, дурӯғ ва фикрро аз ҳавасҳои беҳуда, чашмро аз дидани ҳаром, гӯшро аз шунидани алфози ношоям, дастро аз озору гирифтани ҳаққи дигарон нигоҳ дорад, аз савоби ин моҳ баҳравар мегардад. Бале, моҳи шарифи Рамазон моҳи парҳезкорӣ, хайру садақот, бахшидани гуноҳҳо, поксозии зоҳиру ботин аст.
Ногуфта намонад, ки дар ин моҳ рӯзадорон ба таомҳои болаззат, хӯришҳои гуногуни серғизо: маҳсулоти ширӣ, меваҷот ниёз доранд. Мутаассифона, онҳо аксар вақт барои харидории чунин хӯришҳо мушкилии молиявӣ доштанд.
Зеро аз рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон нарху наво дар бозору фурӯшгоҳҳо нисбат ба давраи пеш аз рӯза афзуд. Ва гӯё савоби кор дар ҳамин бошад, ҳатто дар арафаи ид низ нархҳо боло рафтанд. Ба тамоми навъи маҳсулот боз “арафа пулӣ” илова гардид.
Аз назди дуконҳои гӯштфурӯшӣ бо чашмони пӯшида мегузарӣ, то нархи навбатии муқарраркардаи фурӯшандаро набиниву озурда нагардӣ. Ба растаи меваҷот ворид шуда, ёрои қимати онҳоро фаҳмидан намекунӣ. Дар бораи нархи картошкаю пиёз, равғану маска, орду нон ҳоҷати гап нест. Қимати ширу ҷурғоту чака бошад, чун обу ҳавои баҳорӣ тағйир меёбанд. Қимати маҳсулоти донагӣ, ғӯлингу мавиз низ касро ғамгин месозад.
Бале, дар бозорҳо нарх боло меравад. Мардум ноилоҷ маҳсулоти лозимаро харидорӣ мекунанд.
Савдогарони беинсоф бошанд, аз рӯи мақоли мардумӣ “Бардорад, зам кун, набардорад, кам кун” амал карда, ҳамёни харидорро холӣ мекарданд. Ба даъвою норозигии харидорон савдогарон як посух медоданд: “Инсоф дар паси кӯҳи Қоф!”
Ҳисси кунҷкобии касбиам боло гирифту бо чанд нафар аз савдогарони бозори марказии шаҳри Бохтар ҳамсуҳбат шудам. Онҳо савдогарони синну соли гуногун буданд. Ҳамаи онҳо рӯзадор. Албатта, ҳеҷ яке аз онҳо номи худро гуфтан нахостанд.
Вале андешаҳояшонро гуфтанд. Ҳама қариб як мазмун: “Зиндагӣ вазнин аст, ҳеҷ сару ҳисоби онро намеёбанд. Фоидаи мегирифтаашон аз хариду фурӯш ба шикаму либоси танашон базӯр мерасад...”
Ба ин андешаҳои онҳо бовар кардан душвор аст. Охир, дар он ҷое, ки инсоф аз байн рафт, файзу баракат мепарад, мегӯянд. Вале, аз чӣ бошад, ин мардуми
бозоршин, ки ҳама муъмину мусулмонанд, дар ин хусус фикр намекунанд. Афсӯс...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00