Зан-модар Офаридгоре баъд аз парвардигор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 258
Модарону бонувон олиҳаи ҳусну ҷамолу камоли инсон дар рӯи заминанд. Онҳо ҷавҳари ҳастии бани башар буда, тамоми дастовардҳои моддию маънавии ҷомеаи инсонӣ, ки дар тӯли аср эҷод ва офарида шудаанд, маҳсули дастони гарму нарми модарони сайёраанд. Онҳоро бе ягон шакку шубҳа ва ё гумоне метавон фариштаи замин номид, зеро чун онҳо касе моро дӯст нахоҳад дошт, мисли онҳо меҳрубон ва ғамхору ҷонфидо дар ду ҷаҳон наметавон ёфт.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
Мегӯянд, Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукуҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳор ва хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд, ки ин талаботи асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бо аҳли зиёи кишвар таъкид карда буданд: “Ҳадафи мо аз қабули ин санадҳо, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон”, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд” дар он аст, ки пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад”.
Имрӯзҳо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари маҳбубамон барои занону бонувон беҳтарин шароитҳо дар ҳамаи соҳаҳо муҳайё карда шудааст.
Сарвари давлат барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳанд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон Пешвои муаззами миллат чунин изҳор доштанд: “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз ба ҳалли мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем”.
Зан – модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро дурахшон менамояд. Зан – модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама арзишмадтарин шахс дар олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Хуб гуфтаанд:
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯйи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пойи мо!
Оре, дар ҳақиқат, зан-модар дар зиндагӣ монанди шамъест, ки худ месӯзаду барои фарзандаш аз меҳрубониҳои худ рӯшноӣ мебахшад. Агар дар дунё зан-модар намебуд, ҳаёт арзи вуҷуд намекард. Пас, ӯ идомабахши ҳаёт аст. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар, зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро ба озодагӣ, назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Дар ситоиши зан –модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Хизмати модар барои башарият беҳудуд аст. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Аз давраҳои антиқа миллати бофарҳанг ва тамаддунофари тоҷик қадру қиммати зан-модарро дар мадди аввал гузошта, ба ин шахсияти бузург ва офаранда ҳисси меҳрубониҳо зоҳир кардааст.
Имрӯз модарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҷамъият кору фаъолият карда истодаанд, ки ин ифтихори бузург барои мо-тоҷикон аст. Яъне, имрӯз модари тоҷик ҳам коргару ҳам тарбиятгар мебошад. Маҳз ҳамин кордониву зиракии модарони тоҷик аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.
Қадру қиммати зан-модар дар даврони Истиқлоли давлатӣ хеле рушду нумуъ кард ва имрӯз ин анъана идома дорад.
Абдулвоҳид Абдулҳаев,
корманди Академияи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00