Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Нақши технологияҳои рақамӣ дар рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ


Нақши технологияҳои рақамӣ дар рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ




АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ ИРОАИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ХУД БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  БА  РУШДИ  СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ  ХОҶАГИИ  ХАЛҚИ  МАМЛАКАТ,  АЗ ҶУМЛА,  РАҚАМИКУНОНИИ  ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ   ТАВАҶҶУҲИ  МАХСУС  ЗОҲИР  НАМУДА, ИБРОЗ  ДОШТАНД,  КИ  ҶИҲАТИ  ВУСЪАТ  БАХШИДАН  БА  РАВАНДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ҲАМАҶОНИБАИ ИМКОНИЯТҲОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ  РАҚАМӢ  ДАР  ИҚТИСОДИЁТ ПЕШНИҲОД  МЕНАМОЯМ,  КИ  СОЛҲОИ  2025-2030 СОЛҲОИ  РУШДИ  ИҚТИСОДИ  РАҚАМӢ  ВА  ИННОВАТСИЯ ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД.

Тавре  ки  маълум  аст,  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ҷодаи  гузариш  ба рақамикунонии  соҳаҳои  иқтисоди миллӣ  ҷиҳати  таъмин  намудани  шаффофияти  муносибатҳои  иқтисодиву молиявӣ  қадамҳои  устувор  гузошта истодааст. Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон  зимни   ироаи  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин  таъкид  намуданд: “Дар панҷсолаи оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин диққати  аввалиндараҷа  додан  зарур аст, аз ҷумла:


- якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
-  дуюм,  то  шабакаҳои  панҷ  –  ҷӣ (5G)  инкишоф  додани  инфрасохтори рақамӣ,  рушди  марказҳои  коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
-  сеюм,  рақамикунонии  пурраи хизматрасониҳои  давлатӣ  ва  ташки-ли  махзани  ягонаи  хизматрасониҳои давлатӣ;
-  чорум,  рушди  сармояи  инсонӣ  бо  роҳи  омӯзиш  ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохилу хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
- шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
-  ҳафтум,  ташаккул  додани  соҳибкории  рақамӣ  ва рушди савдои электронӣ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  марҳилаи  нави  иқтисоди  рақамӣ  қарор  дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои  охир  ба  як  қатор  дастовардҳо  ноил  гардидааст, ки  рақамикунонии  соҳаҳои  иҷтимоӣ,  аз  ҷумла  меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, низоми молиявӯ бонкдорӣ, пардохтҳои андозию коммуналӣ ва  таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ  барои  беҳтар  намудани хизматрасониҳои  давлатӣ  ба  аҳолӣ  ва  соддагардонию шаффофияти  фаъолияти  сохторҳои  давлатӣ  мусоидат менамояд. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди  дарозмуддати  Тоҷикистон,  баланд  бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ҳамзамон ҳарчи зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна ва хуб расонидани он чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар  солҳои  охир  рушд  бахшидани  иқтисоди  рақамӣ ба  яке  аз  ҳадафҳои  муҳими Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон табдил  ёфтааст.  Таҷрибаи кишварҳои  пешрафта  баёнгари  он  аст,  ки  дар  шароити рушди  технологияи  рақамӣ  мо метавонем  дар  беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз  имкониятҳои  он  истифода намоем.  Хусусан,  пайдоиши мафҳумҳои наве чун «Ҳукумати электронӣ»   ва  «иқтисоди рақамӣ»  аз  истифода  шудани имкониятҳои  технологияҳои  муосир дар рушди соҳаҳои мухталиф дарак медиҳад.

Тавре  ки  маълум  аст иқтисоди  рақамӣ  як  шабакаи умумиҷаҳонии  фаъолиятҳои иқтисодӣ,  муомилоти  тиҷоратӣ ва  ҳамкории  касбӣ  мебошад, ки  аз  ҷониби  технологияҳои иттилоотӣ  ва  коммуникатсионӣ (ТИК)  дастгирӣ  гардида,  онро метавон  ба  таври  мухтасар ҳамчун иқтисоди рақамӣ тавсиф намуд.  Дар  рӯзҳои  аввали  худ, иқтисодиёти  рақамиро  аз  сабаби  вобастагии  худ  аз  пайвасти интернет  баъзан  иқтисодиёти интернет,  иқтисодиёти  нав  ё веб  –  иқтисод   номида  мешуд. Бо  вуҷуди  ин,  иқтисоддонҳо ва  раҳбарони  ташкилотҳои тиҷоратӣ  бар  он  назаранд,  ки иқтисоди  рақамӣ  нисбат  ба иқтисоди  интернет  пешрафтатар ва мураккабтар аст, ки тибқи як таъриф танҳо маънои арзиши иқтисодии аз интернет гирифташударо дорад. 

Иқтисоди  рақамӣ  ин технологияҳоро  ҳам  ба  таври  инфиродӣ  ва  ҳам  ба  таври мувофиқ  барои  аз  нав  кор  кардани табодули анъанавӣ ва эҷоди технологияҳои  нав  истифода менамояд.  Илова  бар  ин,  таъсири  иқтисодиёти  рақамӣ  берун  аз молҳо ва хидматҳои иттилоотӣ ба дигар  соҳаҳои  иқтисод  ва  умуман тарзи зиндагӣ зуд паҳн мегарданд. Аз  ин  рӯ,  масъалаҳои  рақобат,  ки дар  иқтисодиёти  рақамӣ  ба  миён меояд, яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар  иқтисодиёти  миллӣ  аҳамияти бештар касб менамояд.

Ба  андешаи  мо  рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат имконият  фароҳам  меоварад,  ки пажӯҳишҳо  ва  пешрафтҳои  нави илмӣ,  афзоиши  ҷойҳои  нави  корӣ сатҳи  баланди  хизматрасониҳои молиявию  тиҷоратӣ   ва  рушди иқтисодиёти  миллӣ  таъмин  карда шавад.

Бекмурод НАИМЗОДА, 
номзади илмҳои иқтисодӣ,  
мудири кафедраи  менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода