Равоншинос дар мактаб муҳаррики таълиму тарбия аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Эълонҳо / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 49
![]()
Дар шароити имрӯзаи мураккаби иҷтимоӣ ва равонӣ, ки ҷавонон дар муҳити пур аз иттилооти зудтағйирёбанда ва фишорҳои равонӣ ба воя мерасанд, зарурати фаъолияти равоншинос дар мактабҳо беш аз ҳарвақта эҳсос мешавад. Мактаб на танҳо ҷойи таълим, балки муҳити тарбия ва ташаккули шахсият мебошад. Дар ин раванд нақши равоншинос калидӣ аст.
Аз ин лиҳоз, ташкили фаъолияти равоншинос тақозои замони муосир мебошад. Психологияи мактаб як соҳаест, ки принсипҳои психологияи таълимӣ, рушд ва клиникиро татбиқ менамояд. Инчунин, психологияи ҷомеа ва таҳлили рафтори татбиқшаванда барои ҳалли ниёзҳои солимии равонӣ ба кӯдакон, наврасону ҷавонон дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, маъмурият ва волидайн мебошад.
Мақсади асосии равоншинос дар мактаб беҳтар гардидани ҷараёни таълим аст. Дар баробари беҳтар гардидани ҷараёни таълим дар муас-сисаи таълимӣ фаъолияти равоншинос, инчунин бартараф намудани мушкилот дар ҷараёни тадрис, фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ-психологӣ, омилҳои пайдоиши мушкилот дар ра-ванди таълим, сабабҳои сустхонии хонандагон ва ғайраро дар бар мегирад. Кор дар раванди таълим созиш кардани ҷараёни таълим мебошад. Аммо аз ҳисоби мушкилоти муайяни дар ҷараёни таълим вуҷуддошта алоқаи байниякдигарӣ дар сегонаи раванди таълим «хонанда - волидайн - муаллим» мебошад. Машғулиятҳои инфиродӣ ва корҳои гурӯҳӣ бо хонандагон гузаронида мешавад. Баланд бардоштани сабаби фаъолияти таълимӣ, муназзамии муносибатҳои байнишахсиро дар бар мегирад.
Равоншиноси мактаб як мутахассиси касбии соҳаи психология буда, бо хонандагон, омӯзгорон мини муҳити солими равонӣ, дарёфти мушкилоти равонӣ, рафтор ва иҷтимоии кӯдакон ва на-врасон, ҳамзамон, дастгирии таълимӣ ва ахлоқии онҳо мебошад.
Равоншинос мушкилоти равонии хонандагонро тавассути методика, саволнома ва мусоҳиба муайян менамояд. Ташхис метавонад тибқи дархости омӯзгор, роҳбари синф, волидайн ё худи хонанда сурат гирад. Ҳадафи ташхис муайянсозии омилҳои таъсиррасон ба таҳсил, рафтор ва муносибатҳои байнишахсӣ мебошад.
Тадқиқотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки наврасони имрӯза дар муқоиса бо наслҳои пе-шин бештар ба фишорҳои равонӣ дучор мешаванд. Аз як тараф талаботи таълимӣ ва имтиҳонҳое, ки боиси стресс мешаванд , аз ҷониби дигар таъсири интрнет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн шудани наворҳое, ки ба эҳсосоти наврас таъсир мерасонад. Инчунин масъалаҳои иҷтимоӣ, мисли муҳоҷирати меҳнатии падару модар, набудани дастгирии оила, фишори хонаводагӣ ва фишори ҳамсинфон, равон ва рафтори хонандаро ҳассос мегардонад.
Дар чунин шароит нақши равоншинос дар муассисаҳои таълимӣ бештар аз ҳар вақти дигар муҳим аст. Агар омӯзгор масъулият дошта бошад, ки донишро биомӯзонад, равоншинос вазифадор аст ба хонанда омӯзонад, чӣ гуна бо мушкилоти эҳсосӣ мубориза барад, худро бишносад ва роҳи дурусти бартарафсозии мушкилотро дарёбад.
Аксари мутахассисон бар онанд, ки таълим бе тарбия маънои комил надорад. Мушоҳидаҳо низ инро собит месозанд, ки бештари омӯзгорон пеш аз шуруъи дарс 5 ё 10 дақиқаи вақти дарсиро ба тарбия мегузаронанд. Кӯдак наметавонад танҳо бо донистани фаннҳои таълимӣ ба шахсияти муваффақ табдил ёбад. Ӯ бояд омӯзад, ки чи гуна эҳсосоти худро риоя намояд. Агар равони хонанда ором набошад, ӯ масъалаҳои дарсиро низ ҳал карда наметавонад ва зарари як хонандаи ноором метавонад ҳам ба равони муаллим ва ҳам ба дигар хонандагон расад. Оромии як муассиса метавонад бо дастгирии равоншинос имконпазир гардад.
Дар доираи ин мавзуъ суҳбате доштем бо мудири кафедраи психологияи факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дотсент Сафаралӣ Раҳимов:
- Нақши асосии равоншиносро дар муассисаҳои таълимӣ шарҳ медодед?
- Дар баробари зиёд шудани тағийротҳо, техникаҳои иттилоотӣ ва дигаргун шудани мафкураи ҷавонон мо низ хоҳони онем, ки нақши равоншинос дар муассисаҳои таълимӣ баръало намоён бошад. Зеро таълими босифат ва тоза ҳангоми мафкураи хуб ва доштани донишҳои психологӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.
- Ба андешаи Шумо, чаро ҳузури равоншинос дар мактаб муҳим аст?
- Ман фикр мекунам, ки агар инсон хусусиятҳои психологӣ, ҷиҳатҳои маърифатии ҷавонон, кӯдакону наврасонро надонад ё нодида гирад, дар кори ӯ самараи матлуб ҳосил намешавад. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор бояд, ки психолог низ бошад, яъне донишҳои хуби психологӣ дошта бошад. Равоншиноси мактабӣ метавонад ба хонанда омӯзонад, ки чӣ гуна эҳсосоти худро баён кунад, муносибати солим бо дигарон дошта бошад ва муноқишаҳоро бо роҳи осоишта ҳал кунад.
- Чӣ тавр равоншинос метавонад ба беҳтар шудани сифати таълим ва рафтори хонандагон мусо-идат кунад?
- Психологи мактабӣ бояд методикаҳои гуногунро дошта бошад, яъне муайян карда тавонад, ки ҳар як наврас, кӯдаки хурдсол кадом мушкилиҳоро доро мебошад ва роҳҳои бартараф кардани онҳо чӣ гуна аст. Ман фикр мекунам, ки ба воситаи анкетаҳои психологӣ, тестҳои гуногуни психологӣ метавонем равони хонандаро муайян намуда, ба як система даро-варда, пешниҳоди омӯзгорон кунем. Ин кори онҳоро дар самти равоншиносӣ ва дар дониста гирифтани хусусиятҳои психологии кӯдакону наврасон осон мегардонад.
Будани равоншиноси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ ин сармоя нест, балки заруриятест барои рушди шахсият ва устувории ҷомеа. Ҳузури равоншинос на танҳо барои табобати равонӣ, балки барои ба-ланд шудани сифати таълим мусоидат мекунад. Зеро хонандагон бо ангеза ва оромӣ меомӯзанд. Ба беҳтар шудани рафтор кумак мекунанд. Зеро онҳо меомӯзанд, ки чӣ гуна эҳсосот ва муноқишаҳоро идора кунанд.
Яъне равоншинос бо омӯзгор ҳамдаст шуда, муҳити мусоиди таълимӣ ва иҷтимоиро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, равоншиноси мактабӣ як шахсияти калидӣ дар ташаккули насли солим ва маърифатпарвар аст. Дар фазои пурпечутоби равонии имрӯза, ки кӯдакон бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешаванд аз низоъҳои оилавӣ то мушкилоти худшиносӣ, мактаб бояд на танҳо дарси илм, балки дарси зиндагиро ҳам фароҳам оварад. Дар ин роҳ равоншиноси мактаб ҳамчун роҳнамо, муҳофиз ва ҳамдарди хонанда амал мекунад.
Сабринаи САЙВАЛӢ,
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...