Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 136
![]()
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамзамон иншооти дигари ҷашнӣ - майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 метр, дарозии матоъ 20 ва паҳноиаш 10 метр мебошад.
Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардум аз ҷониби соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳоти Кангурт, аз ҷумла Анвар Қурбонов, Шерхон Салимзода ва Каромат Абдиев сохта шудааст.
Тарҳи муосири майдони Парчами давлатӣ хеле ҷолиб буда, ҳисси ватандӯстии ҳар бинанда, умеду бовар ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва устуворию омодагии ӯро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол боз ҳам баланд мебардорад.
Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҷавонони ноҳия онҳоро нерӯи созанда ва пешбарандаи имрӯзу ояндаи давлат номиданд.
Пешвои миллат ҷавононро ба донишомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри тинҷию оромии Ватан ҳидоят намуданд.
Дар атрофи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои сайругашти шабонарӯзии мардум фаввораҳои замонавӣ бунёд ва чароғакҳои муосир бо насби панелҳои офтобӣ насб шудааст.
Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки ин василаи муҳими парвариши ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози кишвар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сокинони дар ин кори басо муҳим саҳм гузошта арзи сипос намуданд.
Соҳибкор Анвар Қурбонов дар ҷавоб иттилоъ дод, ки тасмим дорад дар маркази деҳоти Кангурт як муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ барои 400 кӯдак бисозад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...