Ваксинаи зидди ВПО барои саломатии духтарон сипари боэътимод аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 147
![]()
Тандурустии занон яке аз муҳимтарин бахшҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Зеро саломатии модарон ба ояндаи насл ва рушди ҷомеа мустақиман вобаста аст. Имрӯз, ки ҷаҳон бо даҳҳо бемориҳои сироятӣ рӯ ба рӯ мебошад, ҳифзи духтарон ва занон аз бемориҳои хавфнок, бахусус саратони гарданаки бачадон, аҳамияти фавқулода пайдо кардааст.
Аз ҳамин дидгоҳ, аз 1 октябри соли 2025 дар саросари Тоҷикистон иқдоми нав оғоз мешавад, ки он иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) аст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (GAVI), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ, духтарони синну соли 10-14-сола бо ваксинаи “Гардасил” эм карда мешаванд. Ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки ваксинаи босифат ва санҷидашуда ба таври ройгон ба аҳолӣ дастрас гардад.
ВПО - ВИРУСИ ХУРД, ОҚИБАТҲОИ ҒАМАНГЕЗ
Вируси папилломаи одам яке аз сироятҳои маъмултарин дар ҷаҳон аст. Ба ақидаи табиби саратоншинос про-фессор Саида Умарзода, Ҷумхурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳое дохил мешавад, ки дар он сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон назар ба дигар давлатҳо нисбатан пасттар аст. “Аммо аз рӯйи маълумоти Агентии Байналмилалии Тадқиқоти Саратон (МАИР, GLOBOCAN), дар даҳсолаи охир теъдоди афзоиши гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон ба назар мерасад. Масалан, беморшавии занон ба саратони ғадуди ширӣ аз 11,2 то 14,8 ба 100 ҳазор аҳолии занона афзудааст”, - зикр намуд С. Умарзода.
Ба қавли манбаъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 2259 нафар бо бемории саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд ва паҳшавии беморӣ 21,5 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд. Тибқи омор, соли 2024-ум 423 нафар занон бори аввал ба қайд гирифта шуданд, дар ҳоле ки соли 2020 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 274 нафар мерасид. “26,9%-и беморон дар марҳалаи 3 ва 4 беморӣ дарёфт шудаанд. Соли 2024, мутаассифона, 126 нафар аз саратони гарданаки бачадон фавтиданд. Соли 2020-ум шумо-раи фавт 172 нафар ҳисоб шуда буд”, - афзуд профессор С. Умарзода.
Таҳлили гирифторшавии занони синни 15-49-сола ба бемории саратон нишон медиҳад, ки саратони гарданаки бачадон баъди саратони ғадуди ширӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Ин беморӣ дар сохтори фавт низ дар ҷойи дуюм баъди саратони ғадуди ширӣ меистад.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беш аз 80 фоизи одамон дар тӯли ҳаёти худ ҳадди ақал як маротиба ба он гирифтор мешаванд. Гарчанде бисёре аз ҳолатҳо худ ба худ шифо меёбанд, навъҳои хатарноки вирус, махсусан 16 ва 18, сабаби асосии саратони гарданаки бачадон мешаванд.
Ин беморӣ хатарноктарин навъи омосҳои занона мебошад. Тибқи омори ҷаҳонӣ, ҳамасола зиёда аз 600 ҳазор ҳолати нави саратони гарданаки бачадон сабт мешавад ва зиёда аз 300 ҳазор занон аз он мефавтанд. Яъне, қариб ҳар ду дақиқа як зан дар ҷаҳон аз ин беморӣ ҷони худро аз даст медиҳад.
САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН ПЕШГИРИШАВАНДА АСТ?
Ба қавли Ҷурабек Аҳмадҷонов, духтури саратоншиноси Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон, скрининги гарданаки бачадон имкон медиҳад, ки тағйироти пеш аз саратон ва саратони гарданаки бачадон дар марҳилаи барвақт ошкор карда шавад ва дар ин марҳила табобат метавонад муваффақ бошад. Кишварҳое, ки барномаҳои миллии скрининг доранд, тавонистанд, ки мизони саратони гарданаки бачадонро коҳиш диҳанд. Мутаассифона, скрининг наметавонад ҳама ҳолатҳои саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ ё ошкор кунад. Ҳатто дар кишварҳое, ки барномаҳои муассири скрининги саратони гарданаки бачадон доранд, теъдоди қобили мулоҳизаи фавт аз ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Аз ин рӯ, ваксина дар якҷоягӣ бо скрининги мунтазам роҳи самараноки ҳифзи занон аз саратони гарданаки бачадон мебошад.
ЧАРО ВАКСИНА МУҲИМ АСТ?
ВПО сирояти маъмултаринест, ки тавассути тамос бо пӯст ва луобпардаҳо мегузарад. Ваксина аз навъҳои хавфи баланди ВПО, ки метавонад боиси саратон гардад, муҳофизат мекунад.
Ба ғайр аз саратони гарданаки бачадон, вируси папилломаи одам метавонад боиси пайдоиши дигар бемориҳо, аз ҷумла омосҳои узвҳои таносул, саратони ҳалқ, саратони мақъад ва инчунин бемориҳои музмин гардад.
Саратони гарданаки бачадон бемории пешгириша-ванда аст. Роҳи асосии муҳофизат аз он иммунизатсияи саривақтӣ мебошад. Ваксина масуниятро алайҳи намудҳои хавфноки вирус ташаккул медиҳад ва имкония-ти гирифториро ба маротиб коҳиш медиҳад.
Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни мулоқот бо хабарнигорон гуфт: «Иммунизатсия ягона роҳи боэътимоди пешгирии саратони гарданаки бачадон аст. Мо бо ворид кар-дани ваксинаи “Гардасил” қадами муҳиме мегузорем, ки ҳаёти ҳазорҳо духтари тоҷикро дар оянда аз хатари бемо-рии марговар эмин хоҳад дошт».
ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ
Людмила Мосина, коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, мегӯяд, ки Тоҷикистон дар ин роҳ танҳо нест. Аз соли 2006 то имрӯз беш аз 148 кишвари дунё ваксинаи зидди ВПО-ро ба барномаҳои миллии худ ворид кардаанд. Дар қатори онҳо ИМА, Канада, аксари кишварҳои Аврупо, ҳамчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия ва Индонезия қарор доранд.
“Таҷрибаи Австралия хеле ибратомӯз аст: пас аз 10 соли ворид кардани ваксина сатҳи гирифторӣ ба навъҳои хавфноки ВПО дар байни ҷавонон қариб ба сифр баробар шуд. Олимон умед доранд, ки дар ин кишвар сара-тони гарданаки бачадон то соли 2035 комилан решакан мегардад”, - афзуд Л. Мосина.
Таҷрибаи байналмилалӣ собит кардааст, ки исти-фодаи мунтазами ваксина сатҳи сирояти навъи хавфноки ВПО-ро дар байни аҳолӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли 2025, таҳти рақами 408 “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ ме-кунад, ки аз 1 октябр минбаъд ҳар сол духтарони синни 10-сола тибқи Тақвими миллии иммунизатсия эм карда мешаванд.
Аз 1 то 31 октябри соли 2025 духтарони синни 11-14-сола низ эм мегарданд (ин танҳо як маротиба барои фарогирии комил аст).
Иммунизатсия асосан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки кормандони тиб гузаронида мешавад. Духтароне, ки дар мактаб ваксина нагирифтанд, метавонанд ба муассисаҳои тиббии маҳалли зист муроҷиат кунанд.
Ба иттилои Мародсилтон Назархудоева, духтур-эпидемиологи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, давоми моҳҳои май ва июни соли 2025 ба ҷумҳурӣ 496410 вояи ваксинаи “Гардасил” ворид шудааст. То охири моҳи сентябр воридшавии 24140 вояи навбатии ин ваксина ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии иммунизатсия ташаккули масуният бар зидди намудҳои хавфноки ВПО ва пешгирии саратони гарданаки бачадон мебошад.
“ГАРДАСИЛ” – СИПАРИ БОЭЪТИМОД
Ваксина дар таркибаш консервантҳо ва антибиотикҳоро надорад. Он ба талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад. Тадқиқотҳои илмӣ нишон доданд, ки ин ваксина ягон оризаи дарозмуддат ва таъсири манфӣ надошта, ба солимии репродуктивии шахс ва раванди ҳомилагӣ зарар намерасонад.
Барои Тоҷикистон ваксинаи “Гардасил” (ИМА) интихоб шудааст, ки зидди чор навъи асосии вирус (6, 11, 16, 18) ҳимоя медиҳад. Тибқи тадқиқотҳои байналмилалӣ, он амният ва самаранокии баланд дорад.
Фирӯза Шарифова, мутахассиси соҳаи саратоншиносӣ, таъкид мекунад: «Агар духтарон пеш аз оғози ҳаёти оилавӣ ва издивоҷ ваксина гиранд, эҳтимоли гирифторӣ ба саратони гарданаки бачадон қариб 90 фоиз кам мешавад».
ЧӢ ГУНА ЭМГУЗАРОНӢ МЕГУЗАРАД?
БАРОИ ВОЛИДОН МУҲИМ АСТ, КИ ДОНАНД: ВАКСИНА РОЙГОН АСТ.
Таъсироти ҷиддии манфӣ надорад. Танҳо дард ё сурх-шавии муваққатӣ дар ҷойи сӯзандору мумкин аст. Ин ра-ванд бо риояи ҳама меъёрҳои санитарӣ ва тиббӣ анҷом дода мешавад.
Иммунизатсия дар якчанд марҳила гузаронида мешавад ва масунияти устуворро таъмин мекунад. Иммунизат-сияи саривақтӣ метавонад ҳазорҳо ҳолатҳои гирифторӣ ва фавтро пешгирӣ кунад.
Организм ба ваксина тавассути истеҳсоли антитело ҷавоб медиҳад, ки ба системаи масуният дар мубориза бо сирояти ВПО кӯмак мекунанд. Ваксинаҳои зидди ВПО беш аз 97% дар пешгирии ҳама гуна сироятҳои оянда, ки аз намудҳои ВПО ба ваксинаҳо дохил мешаванд, самаранок мебошанд.
АРЗИШИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ
Иммунизатсия ҳаётро наҷот медиҳад, ҳамчунин, хароҷоти иқтисодиро низ кам мекунад. Табобати саратони гарданаки бачадон ҳазорон доллар арзиш дорад, дар ҳоле ки ваксинаи “Гардасил” ба маротиб арзонтар аст ва бо кӯмаки шарикони байналмилалӣ ройгон дастрас мегардад.
Бино ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, профессори саратоншинос Саида Умарзода: «Ҳар як сомонӣ, ки барои вак-сина сарф мешавад, дар оянда даҳҳо баробар ба буҷети тандурустӣ бармегардад. Зеро мо аз хароҷоти гарон барои табобати омосҳои занона ва талафоти модарон ҷилавгирӣ мекунем».
Муҳаққиқон беш аз 11 сол аст, ки афроди бо ваксинаҳои дувалентӣ ва чаҳорвалентӣ ваксинашударо назорат мекунанд ва ҳеҷ далеле надоранд, ки муҳофизат бо мурури замон коҳиш ёфта бошад. Бисёре аз коршиносон боварӣ доранд, ки ваксина дар тӯли даҳсолаҳо самаранок хоҳад буд ва эҳтимолан муҳофизати умрбодро аз вируси папилломаи одам таъмин мекунад.
НАҚШИ ВАО ВА ҶОМЕА
Иммунизатсия танҳо як тадбири тиббӣ нест. Барои муваффақ шудан, он бояд ба як маъракаи иҷтимоӣ табдил ёбад. Волидон, омӯзгорон, имомхатибон, фаъолони ҷомеа ва ВАО бояд нақши фаъол дошта бошанд. Дар баробари чораҳои тиббӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни аҳолӣ дар бораи ваксина маълумоти гуногун, ҳатто носаҳеҳ паҳн мешавад. Аз ҳамин рӯ, ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муаллимону духтурон вазифадоранд аҳолиро бо далелҳои илмӣ ва маълумоти саҳеҳ таъмин намоянд. Таҷрибаи солҳои охир, аз ҷумла дар замони пандемияи COVID-19, нишон дод, ки бе маърифати дуруст ҳатто беҳтарин барномаҳои тиббӣ метавонад бо монеа рӯ ба рӯ гардад.
Қобили зикр аст, ки дар чанд ҳафтаи охир мақолаҳо дар рӯзномаҳои “Хатлон”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овози”, “Пресса.tj” ва дигар расонаҳо чоп шу-данд. Ҳамчунин, саҳифаҳои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҲХДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои иттилоотӣ-маърифатӣ паҳн карданд. Ин ҳама барои он аст, ки ҳар як падару модар бо итминон фарзанди худро эм кунад.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Коршиносон ворид кардани ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба низоми миллии иммунизатсияи Тоҷикистон дастоварди бузург арзёбӣ мекунанд. Он кафолати солимии ҳазорон духтарон ва модарони оянда мебошад.
Ҳар падару модар бояд дарк намояд: эмгузаронӣ на танҳо муҳофизати фарзанди онҳо, балки ғамхорӣ ва сармоягузорӣ ба оянда, ба рушди устувор ва некӯаҳволии миллат аст.
Ҳамин тавр, иммунизатсия бар зидди ВПО сипари бо-эътимод барои саломатии духтарон ва ояндаи миллат мебошад.
Н. МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...