Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...


Он рӯз дур нест, ки рафтагон бармегарданд. Мисли пештара хона обод мекунем, тӯю маърака месозем. Душман шикаст хӯрдааст. Бо пойи худ омада таслим мешавад. Мо ғалаба мекунем.
Китоб дӯсти беминнати кас, ҳамрози лаҳзаҳои танҳоӣ ва руҳбахши замони хастагиву афсурдагист. Миёни асарҳои мутолиа намудаам беҳтарин асаре, ки дарду алами ҳар як қаҳрамони онро дар мағзу устухони ҷони худ ҳис намуда, баробари ғами онҳо ғусса хӯрда, дар хурсандияшон шодӣ намудам, ин романи “Занони сабзбаҳор” ба шумор меравад.
Тавре дар мундариҷаи асар дарҷ гардидааст, сохторе ки дар ин асар тасвир ёфтааст, дигар гаштаю вале ҳамоно ишқ, садоқат, меҳр, вафо, нанг ва ор, шаън ва шараф, виҷдон ва имон, ҷоннисорӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан, занони нотарсу диловар, ки мавзуҳои асосии асарро ташкил медиҳанд, ҳамоно рӯзмарра боқӣ мондаанд. “Занони сабзбҳор” рӯзгори занони деҳаҳои дурдасти Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг баён намудааст.
Ҷанги хонумонсӯз тамоми мардони сабзбаҳориро ба майдони набард бурд, корҳои хоҷагидориву заминдорӣ, амлокдорӣ, молу говдорӣ, хуллас тамоми пастиву баландии зиндагӣ ба уҳдаи занону кӯдакон ва мӯйсафедон монда буд. Ҷанг, имтиҳони шадиди сабр ва тамкин, деҳаро ба як хонадон, сокинонашро ба узви як хонавода табдил дода буд.
Романи “Занони Сабзбаҳор” аз тавлиди тифле дар Сабзбаҳор бо номи Алам, тифле ки чанд муддат пеш “хати сиёҳӣ”-и падараш аз ҷанг омада буд ва модараш низ ҳангоми тавлидаш вафот мекунад, оғоз меёбад. Соли дуюми ҷанги хонумонсӯз буд, ҷанг ҳамоно идома дошт, зиндагӣ барои зиндагон идома меёфт. Нигоҳубин ва парастории тифли аз падару модар маҳрум ва модари аз пойи равонмонда ба уҳдаи Нишонаи безабон монданд. Нишонаи лолу нотавоне, ки наҳси ҷанги хонумонсӯз, бесарумомониҳо ва ноадолатиҳои давр ҳаёт, орзу, номус, ғурури ӯро ба коми ноҷавонмардони давр ва билохира худи ӯро ба суйи “Қабри Шайтон” бурд. Нишонаи пок ва бегуноҳро беимонӣ, нопокӣ, нафс, ҳирс ва ҷаҳолати ҳамзамононаш ба ҳалокат расонд.
Ҳамарӯза аз маркази ҷанг “хати сиёҳӣ”-и ҷавонмардону шоҳписарон омада, рӯзгори бе ин ҳам пурсӯзи онҳоро тираву тор мегардонд. Модарон дар сӯзи ҷигарбандон, гуларӯсон дар фироқи шаҳон, фарзандон дар интизори падарон рӯзҳои худро сипарӣ мекарданд.
«Наҳси ҷанг танҳо дар ҷаҳл ва куштораш нест. Ҷанг кушторҳои даҳшатноке дорад бехун, - меандешид марди корзордида Ҳасан Ризо. - Занҳо сарҳуй шудаанд, навозиш ва муҳаббат мехоҳанд, гулҳо ташнаи обанд. Ҳайфи занҳо!».
Ҳасан Ризо яке аз қаҳрамонҳои асосии романи “Занони сабзбаҳор” он гоҳ бо асобағал ба деҳа баргашт, ки ду писараш арӯсонашонро дар паноҳи сабр ва тоқати модари нолонашон гузошта, ба фронт рафта буданд. Хонаи Ҳасан Ризо мисли ҳама хонаҳо умедпаноҳ буд. Аз равзанаш риштаи нури ноаёне партав афканда, дилҳоро бақувват медошт. Аммо таноби умри мардак фарсуда буд.
Зебо, зани собиқ раиси хоҷагии "Комуна", ки нисбати ди-гарон хату савод ва маҳорати идоракунӣ дошт, баъди ба ҷанг гусел намудани шавҳараш вазифаи раисии хоҷагии "Комуна"-ро бо қарори якдилонаи занон ба уҳда гирифт, дар ҳамаи корҳо аз Ҳасан Ризо, ҳамчун шахси корозмудаву рӯзгордида, маслиҳат мепурсид. Зебо рӯзорӯз вазнинии бори хоҷагиро ҳис мекард. Ба қавли худаш аз ҷон безор шуда буд, аммо назди раиси захмин зинҳор аз касе ва чизе норозӣ буданашро зоҳир намекард. Бо сардори хоҷагӣ маслиҳат ва машварат мекард, аммо зинҳор наздаш арз ва шикоятро раво намедид.
Зебо рамзи занонест, содиқу вафодор ва нотарсу шуҷоу далер, зане ки новобаста ба ҳама пастиву баландии зиндагӣ устуворона ба хотири ояндаи нек мезист. Ҳатто баъди аз даст додани шавҳари аз ҷанг захмӣ баргаштааш тамкину ҷасораташ побарҷо буд, ба хотири духтараш Лола ва фарзанди дар батнашбуда, ба хотири ояндаи орому осуда зист. Мардонавор дар рӯзҳои вазнини ҷанги пурдаҳшат баҳри ҳамдеҳагонаш, баҳри зиндагӣ талош кард. Дар ин баробар пайваста кӯшиш менамуд, ки беҳтарин ҳадяҳоро ба фронт, ба азизони аз чашм дуру ба дил наздикашон фиристанд.
Хулоса, бо мутолиа намудани романи “Занони сабзбаҳор”-и устод Гулрухсор бори дигар хонанда дарк менамояд, ки занон дар ҳама давру замон аз қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аз уҳдаи ҳама мушкилоти зиндагӣ баромада метавонанд.
Мехостам андешаи худро бо ибрози суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки инъикосгари рафтору кирдори қаҳрамонони романи “Занони сабзбаҳор” аст, анҷом бахшам: “Модарону бонувони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимод буданд ва ҳастанд”.
Шаҳноза НУСРАТОВА,
унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
