Ману модарам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 225
Модарам 70 сол дорад. Гоҳе хонааш меоям, ба ман зардолуқоқ (ғулинг) медиҳад.
- Бигир. Рангаш нохушоянд ҳам бошад, ширин аст. Аз зардолуи дӯстмедоштаат аст. Ёдат ҳаст, болояш барои гунҷишкон лона месохтӣ, аммо майнаҳо гунҷишконро меронданду лонаро соҳиб мешуданд? Ёд дорӣ, болои ин зардолу ангур шоха давонда, ҳосили хуб медод. Сатилсатил мечидиву бо арғамчин кашол мекардӣ ва ман мавиз мепӯхтам. Бигир, бедору аст, мисли бозорҳои шаҳр не, худам хушк кардаам. Ба дилат фоида дорад, - мегӯяд.
Модарам аз куҷо медонад, ки дили ман касал аст, намедонам...
Ҷурғоташ доим тайёр. Ҷурғоташро ҳам мегирам.
- Барои чанд рӯз барои ту мерасад, - мегӯяд.
Ман боз ба мошинам менишинаму аз хонаи модарам меравам. Пайи корҳо, даводавҳо, ба ҳар куҷо, ба ҳар шаҳру маҳал.
Вақт ёфтам боз ба дидори модарам меоям. Бале, баъди он ки ҳама корҳои «муҳим»- ро бо сомон расонидам. Бале, баъди маҷлис, баъди конфронс, баъди нишаст дар қабулгоҳи раис, баъди қабули раис, баъди иҷрои супоришҳои раис, баъди ҳисобот ба раис, баъди аёдати амаки раис, баъди дарёфти ҷой барои шиносҳои раис дар меҳмонхона, баъди рафтан ба сартарошхона, баъди вохӯрӣ бо дӯстон дар тарабхона...
Ягон чизак мегираму меравам ба дидори модарам. саросемавор ҳолашро мепурсам. Тез-тез шакаробашро мехӯрам, ба ташвишҳояш, ки ба назарам ташвиш ҳам несту модарам воҳима мекунад, нимкора «ҳеҷ боке не, ҳал мекунем», мегӯям.
Боз меравам пайи корҳои «муҳим». “Кор бисёр”, мегӯяму ӯ табассум мекунад.
Албатта, суханони модарам, ки «ғафс намепӯшам», «доим сари луч мегардаму зукомам доимӣ аз ин аст», «умрам ба ҷое расидаасту бояд акнун ором бигирам», «кори дунёро кӣ буд кардааст, кӣ ман мекунам?!» аз ин гӯшам медарояду аз онаш мебарояд...
Байни хонаи мову модарам фосила бузург нест. Мудом зангаш мезанам. Доим мегӯяд, ки саломатиаш хуб аст, мушкил надорад. Боз мегӯяд, ки дар деҳа ҷаноза шудааст.
- Ҷаноза биё.
Ҳатман биё. Ба тӯйи мардум наоӣ ҳам, ба ҷаноза ҳатман биё.
Як сари қадам давида биё» - таъкид мекунад...
Кор бисёр. Аз пайи кор мо аз дамгарӣ ҳам берун шудаем. Бисёр вақт «хуб» мегӯям, то модарам наранҷад, аммо медонам, ки намеоям. Вақт надорам... Кор бисёр. Бояд ба хонаи холаи зани раис фотиҳахонӣ равем. Худ..., роҳи дур!..
...Фикр мекунам, зиндагии модарам якранг аст. Беранг аст. Гоҳ-гоҳе зуком зиндагиашро ранги дигар медиҳад. Садояшро тағйир медиҳад.
Аммо ҳеҷ гоҳ назди духтур намеравад.
- Як панҷа об менӯшам, соз мешавад, - мегӯяду мемонад.
Боз меравам сари ташвишҳои дигар. Кор бисёр - маҷлис рафтан даркор, конфронс гузаронидан даркор, сохтмони навро дидан даркор, бо рафиқон нишастан даркор, ҷияни раисро дар беморхонаи Душанбе хабар гирифтан даркор, падарарӯси раисро дар Шоҳамбарӣ аёдат кардан даркор...
Дарк мекунам, ки кори аз ин ҳама муҳиме дорам...
Ба ёдам намеояд...
Ғарқи андеша мешавам.
Дарк мекунам, ки ду моҳ боз модарамро аёдат накардаам. Ҳамаро мегузораму деҳа меоям. Ғайриинтизори модарам.
- Дар ин тарафҳо коре доштӣ? -мепурсад.
Дарҳол хон меорояд.
- Зуд бошед, - мегӯяд ба келинаш, - ин тоқати шиштан надорад. Ҳозир зангаш мезананд, давида меравад.
Тез ҷунбед!
Ман хомӯш. Сарамро ба зонуяш мегузорам.
Модарам ҳайрон.
Сарамро сила мекунад.
Аз зери рӯяш тамошояш мекунам.
Ин қадар зебост. Ин қадар нуронист...
Дуғи навкашидаро дам мекашам. Маскаро ба фатир мемолам. Аз зиндагӣ қаноатманд мешавем. Ману модарам. Дигар дунё ягон аҳамият надорад.
Мани 50-сола боз кӯдакаки хурдакак пеши чашмонаш. Дигар ба ҳеҷ ҷо намеравам. Тамоман намеравам. Аз пешаш намехезам. Танҳояш намегузорам...
- Хез, писарам, телефонат занг мезанад.
- Майлаш. Занг задан гирад.
- Шояд ягон кори муҳим бошад. Гӯширо дилу бедил мебардорам.
- Лаббай раис, ҳозир раис, ҳозир мерасам...
Уфф!
Абубакри ФАЙЗАЛӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...