Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ТИМИ МИЛЛИИ КИШВАР ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ФИФА ДАР ЗИНАИ 106-УМ ҚАРОР ГИРИФТ


ТИМИ МИЛЛИИ КИШВАР ДАР РАДДАБАНДИИ НАВИ ФИФА ДАР ЗИНАИ 106-УМ ҚАРОР ГИРИФТ



Имрӯз, 30 ноябри соли равон Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии нави тимҳои миллиро нашр кард.

Тибқи иттилои ФФТ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА се зина боло – аз 109-ум ба 106-ум баромад. Дастаи мо дар ҳоли ҳозир 1195 хол дорад, ки ин назар ба рӯйхати қаблӣ 7,84 хол зиёд аст.

Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт моҳи ноябр дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозӣ анҷом дод – дар Душанбе бо тими Урдун мусовӣ (1:1) ва дар Исломобод бар мунтахаби Покистон (6:1) ғалаба намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода