Тоҷикистон миёни се давлати пешсафи ислоҳоти савдо дар Аврупо ва ОМ эътироф шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 61
![]()
Тоҷикистон тибқи арзёбии нави Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ба қатори се давлати пешсафи ислоҳотгар дар соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ворид гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, OECD дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти беҳтарсозии муҳити мусоиди савдо, густариши шаффофияти рақамӣ, коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат, рушди пайвастшавӣ ба инфрасохтори минтақавӣ ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ назаррас арзёбӣ кардааст.
Таъкид мешавад, ки Портали савдои Тоҷикистон нисбат ба соли 2022 такмил ёфта, барои содироткунандагон ба манбаи муҳими омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ табдил гардидааст.
Ҳамчунин, тибқи таҳлили OECD, дар солҳои 2022–2024 коҳиши монеаҳои коғазии расмиёти тиҷорат дар минтақа ба ҳисоби миёна 3,1 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон беш аз 12 фоиз арзёбӣ шудааст. Ин натиҷа яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарини минтақа маҳсуб меёбад.
Созмони мазкур инчунин татбиқи тадбирҳои категорияи «С»-и Созишномаи содагардонии расмиёти савдоро аз ҷониби Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, онро қадами муассир барои мутобиқсозии қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ донистааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода изҳор доштааст, ки бо шарофати сиёсати иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир гардиши савдои хориҷии кишвар бо 128 давлати ҷаҳон густариш ёфта, ислоҳоти амалишуда аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00