Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ВАО дар замони Истиқлоли давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 395
Воситаҳои ахбори омма дар замони муосир бо қудрати бузурги афкорсозии худ мақоми устуворро соҳиб шудаанд. Матбуоти даврӣ, телевизион, радио, агентиҳои иттилоотӣ, медиаи нав бо таъсиргузории рӯзафзун мардумро ба худ моил мегардонанд. Нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ рушд карда, фазои иттилоотии мамлакатамон ташаккул ёфт.
Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор яке аз меъёрҳои конститутсионӣ муқаррар шуда, бо мақсади рушди расонаҳои хабарӣ ва кафолати озодии баён сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ гардид (моддаи 30). Қонуни асосии кишвар ҳамчунин моликияти зеҳниро таҳти ҳимояи қонун қарор дод (моддаи 40).
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи рӯзномаю маҷалла ва агентиҳои иттилоотӣ, аз ҷумла 330 рӯзнома, 174 маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ, ҷамъ ба 515 адад расид, ки наздик ба 60%-и онҳо (305 ВАО-и чопӣ) ҷамъиятию мустақил мебошанд. Инчунин, 66 нашриёт (10 давлатӣ, 56 мустақил), 256 чопхона (38 давлатӣ, 218 мустақил) ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ низ ба 10 адад расида (ТВ “Тоҷикистон”, ТВ “Сафина”, ТВ “Ҷаҳоннамо”, ТВ “Баҳористон”, ТВ “Синамо”, ТВ “Варзиш”, ТВ “Футбол”, ТВ “Шаҳнавоз”, ТВ “Илм ва табиат”, ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”), 5 шабакаи телевизионии шаҳрию вилоятии “Душанбе”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, “Суғд” ва “Бадахшон” тариқи пахши рақамӣ ва моҳворавӣ дар ҳудуди кишвар ва хориҷи он қобили тамошо мебошанд. Дар баробари ин, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо шабакаҳои давлатию ғайриҳукуматии радиоӣ ва шабакаҳои мустақили телевизионӣ фаъолият мекунанд, ки дар рушду тараққиёти соҳаҳои муҳимми ҳаёти мамлакат саҳмгузор мебошанд.
Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари мамлакат нақши ҷомеаи журналистӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ намуда, ин ниҳоди муҳимми иҷтимоиро яке аз рукнҳои асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати аввалини худ бо журналистон, ки соли 1992 дар вилояти Суғд доир гардид, журналистонро ба фаъолтар будан дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуда, онҳоро ҳамчун ёрдамчии давлату Ҳукумат таъриф карда буданд ва саҳми матбуоти даврӣ, умуман, кулли ВАО-ро чун василаи тавонои тарғибу ташвиқ дар ташаккули афкори омма ва пешрафти давлат бориз хонданд.
“Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”, - ин таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат медиҳад, ки воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ эътироф гашта, дар ҳалли саривақтии масъалаҳои барои ҷомеа мубрам баръало таъсиргузор мебошанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фазои мустақили фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва эҷодкорон шароит фароҳам оварда, як силсила қонунҳо, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар мекунанд, ба тасвиб расиданд.
Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (19 марти соли 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” (14 декабри соли 1996), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” (18 июни соли 2008), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” (10 майи 2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” (13 ноябри соли 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” (23 июли соли 2016), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” (1 августи соли 2003), инчунин Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ» (№АП-1677, аз 04.03.2005) ва “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” (№622, аз 7 феврали соли 2009) баёнгари он аст, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши бузург дошта, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори омма таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии болозикр дар рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат намудааст.
Имрӯз мо дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир қарор дорем. Муборизаи абарқудратҳо, манфиатҳои геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, пешрафти бесобиқаи технологияҳо ояндаи инсоният ва ҷаҳони моро тасаввурнопазир кардааст. Ин ҳама ба сарнавишти давлату миллатҳо таъсир хоҳад гузошт. Аз таъсири манфии ин равандҳо танҳо он миллату давлатҳое эмин хоҳанд монд, ки мардумаш ба сарнавишти ояндаи сарзамину кишварашон бетафовут набошанд, манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ болотар гузоранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, раванди босуръати таҳдидҳои иттилоотӣ, дар замоне, ки технологияҳои навини иттилоотӣ ба ҳаёт роҳ меёбанд, нақши воситаҳои ахбори омма беш аз пеш дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон эҳсос мегардад. Айни замон қудрати ВАО аз зӯри силоҳ ҳам болотар меистад. Бо дарназардошти ин вазъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ВАО 20 феврали соли 2019 таъкид доштанд, ки «воситаҳои ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ бошанд».
Имрӯз ба хотири нигоҳ доштани мавқеъ дар майдони матбуоти тоҷик, инчунин дар шароити муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ, ки аз рукни раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбанд, нашрияҳо ва шабакаҳои телевизиониро мебояд, ки аз инструментҳои медиаи нав фаровон истифода кунанд ва бо роҳу василаҳои мухталафи иттилоърасонӣ аз арзишҳои миллию давлатдорӣ ҳимоя намуда, эҳсоси ифтихори ватандории аудиторияро ташаккул диҳанд, ҳарфашон барои хонанда ва бинанда қурбу эътибор пайдо кунад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаҳои шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад”.
Бо мақсади сайқал додани маҳорати касбии кормандони идораҳои воситаҳои ахбори омма бо иқдоми Президенти кишвар 1 марти соли 2016 Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд. Дар Академияи мазкур шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунад ва бозомӯзии кормандони соҳа асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд. Ҳамзамон, мутахассисони соҳа метавонанд аз махзани китобхонаи ин Муассиса, ки дорои 8000 адабиёти илмию бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, бемамоният истифода баранд.
Муҳлати таълим дар Академия аз 1 моҳ то як сол буда, баъди омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба шунавандагон шаҳодатнома дода мешавад. Инчунин, рафти омӯзиш бо истифода аз студияи таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ ва техникаи муосир сурат гирифта, машғулиятҳо дар ин самт бо ҷалби собиқадорону мутахассисони варзидаи соҳа, коршиносони дохил ва хориҷи кишвар аз рӯйи ихтисосҳои барои кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Роҳбари давлат дар назди Академияи ВАО чунин вазифаҳо гузоштанд:
1. Тарбияи мутахассисони болаёқати воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, аз ҷумла шабакаҳои телевизиониву радиоӣ.
2. Мусоидат ба такмили барномаҳои телевизион, боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани гуфторҳои радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти матбуоти даврӣ.
3. Ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар самти пешбурди корҳои тарғиботиву иттилоотонӣ, омодасозии кадрҳо ва истифодаи технологияҳои муосир.
4. Бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кардан бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиву ташкилотҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла созмонҳои мустақили журналистӣ, ки дар пешрафти матбуот ва озодии сухан саҳми арзанда доранд.
5. Дар ин боргоҳи илму маърифат бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани табодули таҷрибаи пешқадам ва сабку услуби муосир, баргузории фестивалу ҳамоишҳои касбии дохиливу байналмилалӣ.
6. Диққати махсус додан ба масъалаи омода намудани мутахассисоне, ки ба таҳияи матни барномаҳо, сенарияҳо ва таҳлили назарсанҷии соҳа машғул мешаванд ва ҷалб намудани ҷавонони эҷодкор дар ин самт.
7. Истифода аз роҳҳои муосири омӯзиши афкори ҷомеа, дар доираи барномаҳои замонавии таълимӣ ҷиддан машғул шудан ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони соҳа.
Сарвари давлат инчунин масъалагузорӣ намуданд, ки бо таъсиси Академияи ВАО бояд сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони соҳа такмил дода шуда, рушди воқеии воситаҳои ахбори оммаи мамлакат таъмин карда шавад.
Яке аз ҳадафҳои дигари Пешвои миллат аз таъсиси Академияи ВАО ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни журналистони кишвар арзёбӣ мешавад. Ин иқдом дар навбати худ масъулини муассисаҳои олии кишварро водор месозад, ки ҷиҳати такмили маҳорати касбии худ ва омодасозии шогирдон дар самти рӯзноманигорӣ кӯшиши бештар намоянд.
Ҷомеа дар рушду такомул ва пешрафт аст, аз ин хотир, ниёзҳои аудитория торафт дигар мешавад ва бояд мутахассис маводе пешниҳод кунад, ки аз фаҳмиши аудитория баланд бошад, то тавонад онро аз паси худ барад. Маълум аст, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳову манфиатҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма ба маротиб боло рафтааст. Имрӯз расонаҳое дар ин олами пур аз рақобат муваффақ ҳастанд, ки бо кадрҳои соҳибкасбу соҳибтахассус таъмин аст. Журналистон бояд дар баробари донишҳои замонавию маҳорати касбӣ доштан, ҳамчунин усулҳои муосири иттилоърасониву технологияҳои иттилоотиро донанд ва кор фармуда тавонанд.
Сатҳи касбият масъалаест, ки бояд ба он ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Таҷрибаи ҷомеаи журналистии ҷаҳон собит мекунад, ки ВАО-е, ки барои пешрафти фаъолият талош мекунанд, ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонашон аҳамияти хеле зиёд медиҳанд. Зимнан, идораҳои телевизион, радио ва матбуоти даврии вилояти Хатлон низ бояд ба масъалаи такмили ихтисоси журналистони худ таваҷҷуҳи лозимӣ зоҳир намоянд ва дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои вилоят, Академияи ВАО-и Тоҷикистон журналистонеро омода кунанд, ки ҳадди ақал ба забонҳои русиву англисӣ озодона эҷод ва баромад карда тавонанд. Муносибати роҳбарони ВАО ба ин масъала таҷдиди назар мехоҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид намуда буданд: “Рушди воситаҳои ахбори омма чун ҳамаи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва давлат бидуни кадрҳои болаёқат ва мутахассисони варзида ғайриимкон аст”.
Бинобар ин, бояд муассисаҳои олии таълимӣ низ ҳангоми таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ махсусияти фаъолияти расонаҳоро ба ҳисоб гиранд, дарсҳои амаливу таҷрибаомӯзиҳои фаъолу ғайрифаъолро дар худи расонаҳо ба эътибор гиранд.
Журналистони оянда низ бояд дар назар дошта бошанд, ки на танҳо донишу маҳорати касбӣ, балки донистану истифода бурдани технологияҳои нав, донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русиву англисӣ низ барояшон зарур аст.
Қазияҳои сарҳадӣ дар солҳои 2021-2022 нишон доданд, ки рӯзноманигорони моро мебояд на танҳо бо забони давлатӣ, балки бо забонҳои русӣ, англисӣ ва забонҳои дигари хориҷӣ низ озодона ҳарф зананд ва матолиби ҷолибу хонданӣ омода кунанд, ба ҳамаи онҳое, ки аз он тарафи марз истода, мақолаву паёмҳои буҳтономез менависанд, бо забонҳои байналмилалӣ ҷавоби сазовор диҳанд. Мутаассифона, аксари он вокунишҳое, ки журналистони мо вобаста ба масъалаҳои сарҳадӣ навиштанд ё баромадҳое, ки аз тариқи телевизиону интернет карданд, бо забони давлатӣ буданд ва наметавонистанд, ки ҷомеаи кишварҳои ҳамсояро из фаро гирифта, мавқеи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба таври васеъ ва асоснок муаррифӣ намоянд.
Дуруст мегӯянд, ки касе иттилоот дорад, ҷаҳонро идора мекунад. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву мухобиротӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Дар баробари ВАО -и анъанавӣ, боз ҷойгоҳи ВАО -и ғайрианъанавӣ низ бориз шуд ва тибқи пешбиниҳо, ин навъи ВАО дар даҳсолаи минбаъда мавқеи худро қавӣ менамоянд. Яъне, таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза сабақҳои сифатан навро барои ҷомеаи башарӣ, дар самти шинохти ҷойгоҳи ВАО ба вуҷуд овард.
Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд: «Дар замони пурталотуми ибтидои асри XXI робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва иттилоотиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам рӯз то рӯз вусъат меёбад. Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем».
Дар шароити муосир журналистони мо бояд дар таҳоҷуми иттилоотӣ алайҳи тарғиботи рақибон муқовимат нишон дода, дар баёни мавқеи худ устувор бошанд, яъне фаъолияти онҳо ба муқобили буҳтон ва иттилооти бардурӯғи душмани ватан ва миллат равона гардад. Аҳли қалами мо бо пешниҳоди иттилооти воқеӣ иғвогариҳои рақибро маълум карда, маъракаҳои иттилоотии рақибон ва душманонро безарар гардонанд, ба тарғиботи рақибон ва ё душманон тариқи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ муқобилият нишон диҳанд, ба ташаккулёбии имиҷи мусбати ватан ва миллати худ мусоидат намоянд.
Ба навиштаи профессор М. Абдуллозода, “дар замони имрӯза вазъе ба миён омадааст, ки на танҳо давлатҳои алоҳида бояд фазои иттилоотии хешро ҳимоя намоянд, балки кишварҳои як минтақа низ сарҷамъона оид ба ин масъалаи муҳим сиёсати ягонаи худро матраҳ сохта, ба таҳрифи инъикоси воқеаҳо, ки аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд, сари вақт посухи муътамад диҳанд”. Бо дарназардошти ин масъалаи барои ҳифзи фазои иттилоотии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 сентябри соли 2023 дар суханронии худ дар вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуданд, ки «Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад. Ин пешниҳоди саривақтии худро Пешвои муаззами миллат чунин тавзеҳ доданд: «Солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем. Фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст. Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Ин ибтикори Сарвари давлат ба рушди ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба рушди расонаҳои хабарӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони он имконияти бештар фароҳам меоварад.
Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз ибтидои фаъолият то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашонро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намудаанд. Журналистони Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минбаъд низ тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри иттилоърасонӣ, ташаккули афкори созандаи омма, баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.
Носирҷон Маъмурзода,
номзади илмҳои филологӣ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...