Таҳқиқот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 369
Падар дар сари кор буд, ки писараш наздаш омаду барояш хабаре дод. Падар муддатҳо дар интизори шунидани ин хабар буд. Билохира, ақли писараш кор кардаасту ӯ мехостааст, таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳад. Охир ин орзуи худи падар буд, ки бо ташвишҳои зиндагӣ амалӣ карда натавонисту дар дилаш чун ормон боқӣ монд. Ана имрӯз писар онро амалӣ менамояд.
Чеҳраи падар шукуфт. Кайҳо боз чунин шод нашуда буд. Охир ӯ аз орзую ормонҳояш гузар карду як умр арақи ҷабин рехт ва васоили хонишу омӯзишро барои писар муҳайё кард, бо вуҷуди он ки ӯ он қадар ба хондан завқу ҳавасе надошт. Ба ин сабаб падар зуд-зуд ба мактаб рафта, аз ҳолу аҳволи писар мепурсиду доимо таърифу тавсиф мешунид ва хурсанд ба сари кор бармегашт. Ва танҳо замоне, ки писар мактабро хатм намуд, падар фаҳмид, ки ин ҳама таърифу тавсифҳо қалбакӣ будаанд. Зеро аз тез-тез ба мактаб омада рафтани падар омӯзгоронаш ҳарос доштаанду ба гуфти русҳо “от греха по дальше”, гӯён писарашро таъриф мекардаанд. Мабодо нашавад, ки танқид кунанду бесавод гӯянд ва ба ин гуноҳ ба сари худашон афтад. Ҳамин вақт буд, ки эътимоди падар аз писар канда шуд. Акнун доимо сарзанишаш мекарду гапҳои пасту баланди обдор мегуфт, то шояд ақлаш ба сараш ояду рӯ ба илмомӯзӣ орад. Аз тарси сарзанишҳои падар писар якчанд саволномаро “қориазёд” карду сазовори номи “донишҷӯ” шуд ва онро ҳам хатм кард. Ва акнун мехоҳад таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳад. Боз дар Россия.
-Медонӣ, писарам, маро маъзур дор, ки ин қадар вақт дар бораи ту нодуруст фикр мекардам. Мани сода чӣ медонам, ки дар сари ту ин қадар “идея”-ҳои олӣ чарх мезанад. Пас, маълум мешавад, ки ту забони русиро ҳам хуб омӯхтаӣ? Вақте он ҷо меравӣ, бо доираи олимони зиёд шинухез мекунӣ, чизҳои зиёд меомӯзӣ, ҷаҳондида мешавӣ ва ман ифтихор мекунам, ки олими сатҳи ҷаҳонӣ ҳастӣ.
Падар мегуфту мегуфт ва меболид аз нақшаи “олӣ”-и писар. Ба писар имкони ҳарф задан намедод.
Билохира писар коре карда лаҷоми гапро ба даст гирифту гуфт:
-Бубахшед, падар. Ман воқеан кори илмӣ карданиам. Аммо на ба тарзе, ки шумо мегӯед.
-Пас, ба чӣ тарз? Шояд ту усулҳои наву замонавии таҳқиқотро мегӯӣ?
Не, падар. Бо роҳи “иқтисоди бозоргонӣ”.
-Оҳ писарам, ман медонистам. Медонистам, ки ту ба мавзуъҳои дастнохӯрда кор мегирӣ. Писари шерам. Айб аст, бо як кайку малах таҳқиқоти илмӣ анҷом додан. Ту дар самти иқтисодиёт, пешрафти он, роҳҳои ҷалби сармоя ва чунин мавзуъҳоро ба таҳқиқ фаро мегирӣ-а, ба фикрам?
-Не падар. Боз ҳам нафаҳмидед. Ман ба Россия мераваму он ҷо як-ду сол тоқат карда, меҳнат мекунам ва пул равон мекунам.
Ин ҷо, ҳо фалон дӯстам, ки ниҳоят донишманду донандаи забон аст, мавзуи маро навишта, “таҳқиқ” карда мемонад ва ман меояму ҳимоя мекунам ва “олим” мешавам. Инро дарки “иқтисоди бозоргонӣ” мегӯянд.
Тарбузи падар аз бағал афтид.
Орзуҳои сабзшуда боз хокистар шуданд...
Райҳона РАҲМАТОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...