Асали тоза
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 434
Асалро ба ҳазору як дард даво мегӯянд. Хусусан, барои дарди меъда он баҳо надорад. Лекин барои ёфтани асали тоза мӯи сар сафеду ранги кас зард мешавад. Шинохтани он аз ёфтанаш ҳам мушкилтар аст. Асали тозаи кӯҳистон ҳангоми бо чумча бардоштанаш ба қади одам ғоз медиҳад. Асали таҳдашт ин хусусиятро надорад. Манфиаташ ҳам камтар аст. Бӯяш низ ким чи хел дигару мисли асали кӯҳистон касро маст намекунад.
Банда, ки касалии меъда дорам, барои ёфтани асали кӯҳистон бозорро хӯрда кардам, вале муроде ҳосил нашуд. Асали тозаи табъи диламро наёфтам. Бо фурушандаҳо аз хусуси тоза будан ё набудани асалашон ҳафтуҳашти зиёд кардаму дар охир ба хулосае омадам, ки асалашон моли кӯҳистон нест.
Меъдаамро дошта, аз растаи бозори асалфурӯшон ноумед баромаданӣ будам, ки ҷавоне пеши роҳамро чун дев гирифт.
-Барои ин савдогарони беинсоф фарқ надорад, ки асалашон аз кӯҳистон аст ё аз қабристон,-дилсӯзона гуфт ӯ. -“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба худашон шиор кардаанд, хонасӯхтаҳо. Кисаи харидорро чун халтаи орди солҳои қаҳтӣ пуштурӯ таконанд шуд. Ман асалпарвари ҳақиқияму динаякак аз кӯҳистон омадам. Асали овардам ҷонон. Бӯи гулу гиёҳу мушку анбар мекунад, вале ҳаннотон бозорро чунон қалъабандӣ кардаанд, ки ба он ягон ҷонзод даромада наметавонад, ҳайфини деҳқону асалпарвар.
Ҷавон инро гуфта, аз борхалтааш шишаи асалеро, ки дар он чор-панҷ занбӯри мурда гӯё мумиё шуда буданд, бароварда сӯям дароз намуд. Кӯр асояшро як бор гум мекунад.Чун дар ин масъала чанд бор фиреб хӯрда, гурги борондида шуда будам, ҳисси кунҷкобиам боло гирифту ба ман асосан оби набот лозим гуфтам.
-Зар дорӣ, оби набот мехӯрӣ,- гӯён ҷавон якбора қартаро чаппа гардонд. -Гиред, ҳамин асал, ай оби наботи тоза, тағо. Агар дурӯғ гӯям, рӯям сиёҳ. Беҳуда занбӯрҳо аз ширинӣ асалро монда, ба оби наботи тозаи ман начаспидаанд...
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...