Беҳтарин луғатдон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 540
Муниса Бухоризода, хонандаи синфи 7-и муассисаи таълимии №26-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, барои иштироки фаъолона ва нишон додани донишу истеъдоди баланд аз фанни забони англисӣ дар даври ниҳоии озмуни “Луғатдони беҳтарин” бо Дипломи дараҷаи I дар соли таҳсили 2022 – 2023 сарфароз гардонида шуд.
Муниса аз ҷумлаи хонандагони фаъолу пешсафи муассисаи таълимии мазкур буда, дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ аксаран дастболо мегардад. Ӯ миёни ҳамсолони худ намуна мебошад. На танҳо дар муассисаи таълимӣ ва ноҳия, балки дар сатҳи вилоят ҳамчун беҳтарин луғатдон эътироф гардида, мавриди қадрдонӣ қарор гирифт. Ин ҳавасмандгардонӣ Мунисаро завқманди боз ҳам бештари аз бар намудани луғат намуд.
Тибқи иттилои масъулин дар даври ниҳоии озмуни “Луғатдони беҳтарин” 337 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Хонандагон аз 1 то 11 вобаста ба синфҳо иштирок намуда, ҳар синф дар алоҳидагӣ сазовори 6 ҷой: 1 ҷойи якум, 2 ҷойи 2-юм, 3 ҷойи 3-юм гардиданд. Дар маҷмӯъ, 60 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Мудири шуъбаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Қосимбег Давлатзода таъкид намуд, ки озмуни “Луғатдони беҳтарин” бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, дарёфт намудани хонандагони болаёқат ва бой намудани таркиби луғавии хонандагон ташкил гардидааст. Озмуни мазкур ҳамасола миёни хонандагон гузаронида шуда, беҳтаринҳо мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд.
Муҳаммад РУСТАМЗОДА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00