Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Мусовии ҷавонони то 20-солаи тоҷик бо бошгоҳи ЛКС-и Полша


Мусовии ҷавонони то 20-солаи тоҷик бо бошгоҳи ЛКС-и Полша



Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Анталия бозии сеюми санҷиширо баргузор кард.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо пешсафи дивизиони якуми Полша бошгоҳи ЛКС-и шахри Лодзи рақобати дӯстона гузаронд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.


Мавриди зикр аст, ки барои дастаи Олег Кубарев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар Туркия буд. Қаблан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Ӯзбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрд.


"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода