Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Фарёди дил: «Очама назан, ота!»


Фарёди дил: «Очама назан, ота!»



Баробари тавлиди фарзанд ташвиши оилавӣ ҳам меафзояд. Рӯзгор, бо мурури вақт, ишқу муҳаббатро аз байн мебарад. Зану шавҳар ба баҳонае носоз мешаванд. Ҷанҷоли оилавӣ ҳам сар зада, мард бори нахуст ба сари завҷа даст мебардорад. Муштзӯрӣ ба мард одат шуда мемонад, оқибат оила ба вайронӣ мерасад...

Соҳибаю Фирдавс якдигарро дӯст дошта, оила барпо карданд. Орзу мекарданд, ки якумр хушбахт бошанд ва дар ин афсонаи ширин фароғат ёбанд. Аммо қисмат қонунҳои нонавишта дорад ва зиндагӣ яксон намемонад. 

Аҳли хонаводаи Фирдавс аз муносибати ӯ бо завҷааш рашк бурда, “занбӯр” барин ба “асал”-ат часпида гирифтаӣ. Занро эрка мекунию ба болои сарат баромада мемонад. Занкалон бошад, рӯзи сиёҳ дорад”,-писарро ҳушдор медод модар. Вале “занбӯр” аз асали худ ҳамоно дилкандагӣ надошт.

...Зан дар тахтапушти шавҳар пайи ҷароҳати калонеро дида, борҳо аз куҷо пайдо шудани онро фаҳмиданӣ мешуд. Боз, аз чӣ бошад, ба ин ҷуръат намекард. Баъди як соли оиладорӣ, боре сухан аз боби муносибати байни марду зан рафт ва ӯ таърихи пайдоиши ҷароҳаташро кушода
дод.

-Дар синфи якум мехондам. Рӯзе аз мактаб баргашта, бори аввал шоҳиди ҷанҷоли волидон шудам. Бо чашмони сар бовар намекардам, ки падари меҳрубонам боз номеҳрубониҳо ҳам доштааст. Падару модарам якдигарро дӯст медоштанд, себи дукафонро мемонданд. Аммо он рӯзи наҳс гӯё дунё чаппагардон шуда буд. Падарам бо қамчин зани дӯстдоштаашро бераҳмона мезад. Фиғони модар синаи фалакро шикофтаю аммо раҳми шавҳарро намеовард. Лаб зери дандон ин саҳнаи ҷонсӯзро медидам. Барои аз зери зарбаҳо раҳо намудани модар чорае надоштам.

Бо падар муқобилат карда наметавонистам. Зеро ҳукми падар боло меистод. Агар ҷоҳил шахси бегонае мебуд, шояд ба ӯ дарафтода, бо дандон қасос мегирифтам. Вале пеши падар дасткӯтоҳ будам.

Бо гузашти чанд лаҳза дигар тоқатам намонд. Нолаю зориҳои модари бечораам косаи сабрро лабрез намуд. Дасти падарро маҳкам дошта, ба зорӣ даромадам: “Очама назан, ота!”- гӯён фарёд задам. Аз гиряҳои зор-зорам ҷаҳли падар паст нашуд. Ӯ маро бо тамоми қувва як сӯ тела дод. Мисли тӯби футбол парвоз намудам.

Рӯйи ҳавлӣ санги калоне буд. Бо тахтапушт болои он афтида ҷароҳат бардоштам. Чанд муддат бистарӣ ҳам шудам. Ҷароҳат шифо ёфту нақши он боқӣ монд ва озори дил низ нарафт,-гӯён Фирдавс оҳи бодарде кашид.

-Дар ту ҳам хуни падар ҷорист, боз мисли ӯ нашавӣ?!-бо шӯхӣ гуфт Соҳиба.

-Не, не! Худо нишон надиҳад. Ба сари зан даст бардоштан гуноҳест нобахшиданӣ. Охир зан офарандаи насли одамизод аст, - гуфтани Фирдавс ӯро боз хушбахттар гардонд.

... Соҳиба ҳомила буд. Тарошаи аз бом афтода барин, ногаҳонӣ ба сараш бадбахтӣ омад.

Қайсингилаш хонавайрон шуда, ба хонаи модар баргашт. Дар бахтшикании ӯ гӯё келин гунаҳкор бошад, ки хушдоман ҳар рӯз бо баҳонае ба сараш чормағз мешикаст. Зеро аз рӯзи нахустини ба ҳавлӣ келин шуда омадан ба зиндагии ӯ рашк мебурд. Ба ҳомила буданаш нигоҳ накарда, ба ӯ корҳои вазнинро мефармуду боз аз зери нохун чирк меҷуст. Ба корҳои иҷрошуда бисёр эрод мегирифт. Келинро назди писар паст зада, беҳунару тайёрахӯр мегуфт. 

Модаршӯ ба мақсад намерасид. Ҳар дафъа тираш хок мехӯрд. Оқибат баҳонаи дигаре кашф кард. “Зана эрка кардӣ, рӯзе ба сарат ягон бало меорад. Духтари бахтшикастаамро чашми дидан надорад. Ӯро таъна мезанад, ки гӯё вай аз уҳдаи шавҳар набаромадаю дар хонаи модар паноҳ бурдааст. Имрӯз ё пагоҳ боз дарди сари дигареро таваллуд карда, оромиамро халалдор месозад. Ин заҳрзабона аз хонаам ба ҷойи дигар бубар, то чашмонам афташа набинад”,- гӯён модар Соҳибаро аз манзилаш ронд. Фирдавс дар маркази ноҳия дар идораи бонуфузе кор мекард, вале маошаш кам буд. Дар наздикиҳои ҷойи кораш хонаи якҳуҷрагиро ба иҷора гирифта, аз хонаи волидайн кӯч баст.

Зиндагӣ дубора маҷрояшро гирифт. Меҳрубониҳои шавҳар поён надошт. Ӯ барои зану фарзанди ҳанӯз ба дунёи ҳастӣ наомадааш мезист ва хушбахт буд. Бисёр мехост, ки сарпаноҳи худро дошта бошад. Фарзандонаш маҳз дар зери боми худаш ба дунё омада, ба камол бирасанд. Ба ҳамин ниятҳо корашро ба бизнеси хурд иваз намуд. Дар бозор ба савдогарӣ машғул шуд.

Тифлаки деринтизори онҳо ба дунё омад. Писарро Ҷаҳонгир ном гузоштанд. Паю қадами кӯдак нек омад. Бизнеси Фирдавс бобарор шуд. Хона харида, орзуи худро медиданд. Ҳоло Соҳиба дар тарбияи тифл таҷриба надошт, аз шавҳар хоҳиш кард, ки модарашро ба хона даъват намояд. Хушдоман ин хоҳиши онҳоро рад кард.

-Келинро барои хизматгорӣ гирифта будам, на барои он ки дар сари пирӣ хизматгори ӯ бошам,-гуфтааст хушдоман.

Фирдавс ноилоҷ модарарӯсро овард. Аз таваллуди Ҷаҳонгир се моҳ гузашт. Рӯзе модари Фирдавс ба хонаи онҳо ташриф овард. Сари Собира аз хурсандӣ ба осмон расид. Шукр мекард, ки ӯ ба дидани наберааш омадааст ва аз таваллуди меҳмони нав хурсанд мешавад. Вале ин тавр набуд. Хушдоманро ҳоҷати дигаре баромада будааст.

Набераи кампир дар кӯча бозӣ карда, тирезаи мошинеро бо санг зада шикастааст. Модар барои гирифтани пул ба суроғи писар омадааст. Хонаи ободу ашёҳои фаровони рӯзгор, солимии оила ва зиндагии беиллати писарро дида, хушдоман дар оташ даргирифт.

-Модару апа ва хоҳару додарон гуруснаю ташна ва зори як бурда нонанд. Ту бошӣ, шоҳона зиндагӣ дорӣ, зану модарарӯсата мехӯронию мепӯшонӣ. Бегонапараст шудаӣ, беномус! - гӯён ӯ заҳрашро ба сари писар чаконд ва аз хона баромада рафт.

Солҳо мегузаштанд, мисли оби дарё. Ҷавонон соҳиби се фарзанд шуданд. Кӯдакон ташвишҳои калонро пеш меоварданд. Соҳиба аз субҳи содиқ то поси шаб оромӣ надошт. Корҳои хона, гиру мони рӯзгор, тарбияи фарзандон ба уҳдаи зан афтода буд. Мард одами кӯча асту орӣ аз ҳама ташвишҳои хона. Занҳо бо ҳама корҳои беохири рӯзгор гӯё хонашину мард коргар аст.

Чӣ таззоде!

Тарбияи фарзандон ва корҳои хона ишқу муҳаббатро ноаён аз байн мебурдааст. Соҳиба овораи кӯдакон ба меҳрубонии шавҳар намерасид. Мард аз зан меҳру муҳаббат надида, ба кӯдакони худ рашк мебурд. Ба ақидаи ӯ, гӯё маҳз онҳо муҳаббати онҳоро коҳиш медодаанд. Баҳонае намеёфт барои амалҳои ҷамъшудаи дилашро баровардан. Баҳона наёфта, кӯдаконро ҷанг мекарду аламҳояшро мебаровард.

“Дар ноомадии кор атола дандон шиканад”, мегӯяд мақола мардумӣ. Вақте ки кор чап афтад, ба сари кас рӯзҳои сиёҳ меомадааст. Зан хӯроки нисфирӯзиро пухта, интизори шавҳар шуд. Ӯ ҳаял кард: Газ хомӯш гашт. Дар ҳамин ҳолат шавҳар ба таомхӯрӣ омад. Ҳамроҳаш ду рафиқашро ҳам овард. Биноҳои бисёрқабата ҳавлии худӣ нест, ки учоқ монда, хӯрокро гарм кунӣ. Аз тарафи дигар тифлаки кенҷагӣ ғаш менамуд. Зан сару калобаашро гум карда, ночор монд.

-Мардак, лаҳзае назди кӯдак истед, хӯрока гарм карда биёрам,-хоҳиш намуд зан аз шавҳар.  Хоҳиши зан ба сараш бало шуд. Хоҳиши зан ба шавҳар сахт расид ва меҳмононро гирифта рафт. Ними шаб сархуш ба хона баргашт. Қаҳраш ҳанӯз нафаромада буд. Бори нахуст ба сари зан мушт зад.

-Аз уҳдаи кӯдакон баромада наметавонӣ, пас чаро онҳоро таваллуд кардаӣ? Дар оиладорӣ ҳам пир шудаӣ. Тамом, фарзандбон шав. Аз дусар овораи онҳо ба ман вақт намеёбӣ, модарам рост мегуфтаанд, ки сарборӣ шуда мондаӣ. Зани дигар мегираму туро аз вазифаи ҳамхобагӣ озод мекунам,-гуфт Фирдавс.

Муносибати шавҳар бо зан рӯз ба рӯз сард мегашт. Ба фарзандон низ аҳамият намедодагӣ шуд. Ба болои Соҳиба зан гирифт. Ӯро ҳам ба ин хона овард. Зани дуюм ҳамроҳи Фирдавс мерафту бегоҳ дасти ба даст ба хона меомад. Ӯ ду кӯдак дошт. Онҳоро барои халал наёфтани муносибати якдигарӣ дар тарбияи модараш монда буд. Акнун ризқи кӯдакони худӣ ҷойи дигар мерафт ва бахти аввалро зани дуюм соҳиб шуд.

Шавҳар барои Соҳибаро лату кӯб кардан баҳонае пеш меовард. Соҳиба рӯзе барои тарсонидани шавҳар “кӯдаконро гирифта, ба хонаи модарам меравам”, гуфт -Равӣ рафтан гир, чор тарафат қибла, бо ҳамин аз ту халос мешавам,-ҳар маротиба бо заҳрханда посух медод Фирдавс.

Вале Соҳиба ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонист. Бо сару рӯйи варамидаю зери чашмонаш каб-кабудгашта ба куҷо ҳам мерафт. Бо се кӯдак дар хона волидон низ ҷой намеёбӣ. Ҳар кӣ аз хонаи худаш намонад.

Аз ҷанҷолҳои ҳаррӯза сабри зани дуюм лабрез шуд. Бо амри ӯ Фирдавс хонаи дигар хариду зани дуюмро он ҷо бурд. Акнун ба хона намеомадагӣ шуд. Соҳиба барои рӯзгузаронӣ пул пурсид, ба сари ӯ мешӯрид, ки гӯё вай зиндагиро ба ин ҳол расонида бошад. Баъди чанд муддати ғайб задан, рӯзе ба хонаи аввала омад.

Аз Соҳиба талаб кард, ки хонаро холӣ кунад.

Қарздор шудаю хонаро мефурӯшад.

-Ба хона ҳаққи мо низ ҳаст, ҷойи рафтан надорем,-гуфт Соҳиба.

Шавҳар якбора оташ гирифта, занро зери мушту лагад гирифт. Кӯдакон дар кунҷаки хона тарсону ларзон муштзӯрии падарро “тамошо” мекарданду оби дида мерехтанд. Ҷаҳонгир тозон назди падар омада дасти ӯро дошт ва ба зорӣ даромад:

-Очама назан, ота! Ӯ бемор аст. Очам маъюб шавад, моро кӣ мехӯронад?

Фирдавс ба рӯйи Ҷаҳонгир як шаппотии обдор зада, аз хона баромада рафт.

Ҳамин лаҳза Соҳиба ҳодисаи дар кӯдакии Фирдавс рухдодаро пеши назар овард. Чунин ҳодиса имрӯз дар шахсияти дигаре ба вуқӯъ пайваст. “Он чӣ дар хун аст, ҳеҷ гоҳ шуста намешавад ва аз насл ба насл мегузарад”,-андешид Соҳиба ва худро бо ҳамин таскин доданӣ шуд...

P.S. Соҳиба аз он пушаймон аст, ки дар шавҳаркунӣ шитоб кардааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро идома надод, касберо наомӯхт. Агар касбе медошт, муҳтоҷи дасти шавҳар намешуд, фарзандонро худ мехӯронду мепӯшонд. Ӯ ба ҳамин орзу ба бонуҳо чунин маслиҳат медиҳад: “Аввал ҳунар, баъд шавҳар!”

С. АТТО Р, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода