Н. Ҳамроқулов: «Барои унвони қаҳрамонӣ талош мекунем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 723
Ҳуҷумкори дастаи “Хатлон” Нуриддин Ҳамроқулов аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин футболбози моҳи май эътироф гардид. Ҳоло ӯ дар ҳайати тими миллии кишвар, дар шаҳри Дубай қарор дорад, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё - 2023 омодагӣ мегиранд. Мо бо Нуриддин суҳбати онлайнӣ доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандаи рӯзнома мегардонем.
-Салом, Нуриддин! Ташаккур, ки вақти худро барои суҳбат намудан бо мо ҷудо намудед. Ҳисси беҳтарин футболбози Тоҷикистон будан чӣ гуна аст?
-Рӯзатон ба хайр бошад. Сараввал, ба рӯзномаи “Хатлон” ҷиҳати таваҷҷуҳ намудан ба футболбозон миннатдории худро баён менамоям. Беҳтарин бозингари моҳ эътироф гардидан, албатта, фараҳбахш аст, ки ҳамвора моро барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав таҳрик медиҳад. Бояд гуфт, ки саҳми ҳамдастагони ман дар бадастории ин ҷоиза зиёд аст. Ин дастоварди ҳамаи мо маҳсуб меёбад. Футболбози “Хатлон” не, балки футболбозони “Хатлон” беҳтарин бозигарони моҳ ҳастанд.
-Дастаи “Хатлон” ҳоло дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад. Омили муваффақияти футболбозони “Хатлон” дар чӣ аст?
-Фикр мекунам, сабаби асосӣ ин аст, ки ҳамаи мо мисли бародарем, якдигарфаҳмиамон хуб аст ва барои нишон додани натиҷаи хуб “аз як гиребон сар баровардаем”. Мо – ҳайати даста якчанд сол аст, ки якҷо бозӣ карда истодаем. Бештарамон шогирдони мактаби овозадори “Хатлон” ҳастем. Саҳми сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев ҳам бисёр калон аст. Ӯ яке аз беҳтарин мураббиёни Тоҷикистон аст.
-Ҳамасола “Хатлон” чемпионатро муваффақона оғоз менамояд ва то анҷоми даври аввал зинаҳои болоиро касб мекунад. Вале дар ниҳоят, дар миёнаҳои ҷадвал қарор мегирад. Инро чи тавр шарҳ медиҳед?
Имсол нақшаи мо ҷиддӣ аст. Барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ талош мекунем.
Ҳадафи мо дар сегонаи аввал ҷамъбаст кардани чемпионат ва ҳимояи шарафи футболи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аст. Барои ин мо имкони хуб дорем. Ҳамдастагони ман дар ҳайати тими миллӣ ва дастаи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон баромад мекунанд ва таҷрибаву касбияти хуб доранд.
-Дар ҳайати тими миллӣ худро чӣ гуна ҳис мекунед ва омодагиҳо дар кадом сатҳ аст?
-Дар ҳайати тими миллӣ, албатта, масъулияти бештар мебояд. Чунки ба мо имконияти муаррифии кишвар дода мешавад ва тамоми мардуми Тоҷикистон аз мо натиҷаи мусбатро интизор мешаванд. Ман қаблан дар дастаи наврасону ҷавонон ва тими миллӣ бозӣ кардаам ва ин ҷоро ҳамчун хонаи дуюми худ медонам. Омодагиҳои мо барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё хуб ҷараён доранд. Дар як рӯз ду маротиба – пагоҳӣ дар толори варзишӣ ва бегоҳӣ дар майдони футбол тамрин мекунем.
-Фаъолияти сармураббии нави тими миллӣ Петр Сергт чӣ гуна вижагиҳо дорад ва принсипҳои кории ӯро футболбозон чӣ гуна қабул мекунанд?
-Бисёр хуб аст. Ҳамаи футболбозонро, ба қавле, бо як чашм нигоҳ мекунад. Дар вақти хӯрокхӯрӣ бо аҳли даста суҳбат мегузаронад.
-Ташаккур, Нуриддин, барои суҳбат. Бароятон дар бозиҳои минбаъда барору комёбӣ орзумандем.
-Сипосгузорам.
Барои хонандаи рӯзномаи “Хатлон” ва мардуми Тоҷикистони азиз сарбаландиву рӯзгори хуш таманно дорам.
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...